Главная > Сохаи кишоварзи > Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари

Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


6-05-2015, 22:29. Разместил: adminn
Чорводорӣ.

Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари

Соҳаи чорводорӣ дар ноҳия низ соҳаи асосии кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, вазни қиёсии он дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 35 фоизро ташкил менамояд. Дар соли 2011 хоҷагиҳои кишоварзӣ 111 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2010,110 фоиз зиёд аст.
Аз рӯи маълумотҳои оморӣ то 1.11,.2012 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 32322 сар саршумори чорвои калони шохдор, аз ҷумла 18184 сар модагов, 106795 сар моли майда, 88706 сар парранда, 3239 сар асп ва 5200 оилаи занбури асал мавҷуд мебошад, вале афзоиши саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ нисбати талабот дар сатҳи паст қарор дорад.


Саршумори умумии ҳайвонот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ (сар)


Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


Аз ҷадвал бармеояд, ки зиёдшавии саршумори ҳайвонот сол аз сол на он қадар назарраст аст ва соли 2007 дар қиёс ба солҳои 2011-2012 мутаносибан чорвои калон 111-118 фоиз, бузу гӯсфанд 110-117 фоиз, парранда 119-129 фоиз, асп 103-104 фоиз ва занбури асал 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ноҳия 75 фоизи фурӯши ҳайвонот ва парранда тавассути хоҷагиҳои хонагӣ суръат мегирад. Аз рӯи натиҷаи тадқиқоти кормандони маркази Стратегияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисфи зиёди хоҷагиҳои хонагӣ ба сифати сарчашмаи даромад фурӯши чорвои калони шохдор 60 фоиз ва 40 фоиз фурӯши чорвои майдаро нишон доданд.
Таркиби даромад, ки аз ҳисоби фурӯши ҳайвонот дар ноҳия ба даст оварда мешавад чунин аст: Ҳайвони калон 45 фоиз, буз 20 фоиз, гӯсфанд 35 фоиз.
Ба баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ ва ташкил кардани базаи мустаҳками хӯроки он ва дар ин замина зиёд намудани маҳсулоти чорво имкониятҳо мавҷуд аст, зеро 78,9 фоизи масоҳати умумии заминҳои кишоварзиро чарогоҳҳо (50840 га) ташкил медиҳад. Сол то сол зиёд намудани саршумори чорво дар сектори хусусӣ метавонад боиси афзоиши сарчашмаи даромади буҷети оилавӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад.
Бинобар ин барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва бо соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 501 «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво» дар ноҳия қарор қабул карда шудааст ва мувофиқи Барномаи мазкур Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани чорвои хушзот, асбобу анҷом ва таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ, ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои зотпарварӣ ва сектори хусусии ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ бояд ҷудо намояд.
Шароити ноҳияи Мӯъминобод барои парвариши асп хеле муфид мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳия дар хоҷагии деҳқонии Рахш асп парвариш карда мешавад, ки то 1.01.2012 шумораи асп дар ин хоҷагӣ 137 сарро ташкил мекунад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1.01.2012 ҳамагӣ дар ноҳия 3218 сар асп парвариш карда мешавад. Барои парвариши асп ва қумис дар ноҳия шароит аст, лекин барои ташкил намудани корхона дарёфти 560 ҳазор сомонӣ зарур аст.
Барои бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта ва мусоидат намудан ба рушди минбадаи соҳа чораҳои зеринро фавран андешидан зарур аст:
- зиёд намудани замини кишти зироатҳои хӯроки чорво, махсусан растаниҳои равғандор дар хоҷагиҳо барои хӯроки чорво;
- барои хушзот намудани чорво ташкил намудани базаи наслҳои хуш-зот дар хоҷагиҳи махсусгардонидашуда;
- ташкил намудани чарогоҳҳои зимистонаю тобистона;
- зиёд намудани саршумори чорво дар хоҷагиҳое, ки саршуморро кам кардаанд;
- барқарор намудани саршумори чорво дар фермаҳое, ки хусуси гардонида шудаанд.

Бойторӣ.
Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


Дар шароити имрӯза рушди соҳаи чорводори ва паррандапарвариро бе пешниҳоди хизматрасонии бо сифати баланди бойтори ҷиҳати сари вақт пешгири намудани касалиҳои сирояткунанда тасаввур намудан гайри имкон аст.
Дар ноҳия ҳолатҳои алоҳидаи касалиҳои карасон (эмкор), зардкасал (лентоспироз), хори (бешенства) ва касалиҳои хуни (гемосипоридозҳо) дар байни чорвои калон, гул, варами шуши моли майдаи шохдор ва вабои мурғҳои хонагӣ (чума) ба мушоҳида мерасад. Маводҳои биологии пешгирии касалиҳои сирояткунанда: сӯхтани 100 %, вабои сумдард 18-20 %, гули моли майда 10,0 %, барои ташхиси касалии сил туберкулёз ППД-10,0 % ваксинаи пешгирии буғумдарди чорвои калони шохдор 5,0 % аз хисоби маблағҳои эпизоотии ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд.
Ҳоло, дар ноҳия 7 нуқтаи клиникаҳои бойтори ва 1 нуқтаи бордоркунии сунъӣ вуҷуд дорад, ки айни ҳол 6-тои он бо сабабҳои набудани бордор кунии сунъӣ ва набудани нутфа ва азот (азот барои дар ҳолати ях нигоҳ доштани нутфа) фаъолият намекунанд.
Мушкилоти асосие, ки дар ин самт ба мушоҳида мерасад ин пеш аз ҳама набудани таҷҳизот ва техникаҳои замонавӣ, мутахассисони баландихтисос, баланд будани нархи доруворӣ, мушкил будани дастраснамоии доруворӣ ва ғайра мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Ташкилоти Ф.А.О. ваксинаҳо ва дигар доруҳо барои пешгирии касалии буғумдарди моли майдаи шохдор, барои пешгирии касалиҳои касали чорвои калони шохдор лозим гардида ба мутахассисони бойтор тибқи шартномаҳои тарафайн дастрас карда мешавад. Ҳамзамон бо кӯмаки ин ташкилот дар соли 1999 Ассотсиатсияи бойторҳо ташкил карда шудааст, ки ҳоло дар он 15 нафар кадрҳои баландихтисос ба кор ҷалб карда шудаанд. Мутаассифона, дар ноҳия ва гирду атрофии он нуқтаи безараргардонии чорво (барои сӯзонидан ва шустушӯи чорво бахусус барои касалиҳои сироятӣ) вуҷуд надорад. Аз набудани чунин нуқтаҳо бартарафсозии мушкилотҳои ба миён омадаи хоҷагиҳои чорводор сари вақт таъмин карда намешаванд.
Айни ҳол ташкил намудани клиникаҳои бойторӣ (дар сатҳи ҷамоатҳо) бо дарназардошти меъёрҳои стандартӣ ва муҷаҳаз гардонидани онҳо бо техника ва технологияҳои замонавӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бойторӣ, роҳ надодан ба талафшавии чорво ва парранда аз ҳисоби касалиҳои гузаранда, инфексионӣ, паразитӣ ва хуни дар байни чорвои чамъияти ва шахсӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст. Аз ҷумла ташкил намудани нуқтаҳои махсус барои куштани чорвои гӯшти ҷиҳати нест кардани хуну дигар партовҳои нолозим ва дар ин замина нигоҳ доштани тозагии муҳити атроф.
Имрӯз мутахассисони соҳаи бойтори ба мушкилоти ифлосшавии муҳити атрофии ноҳия рӯ ба рӯ шуда истодаанд, ки яке аз сабабҳои асосии он ин дар партовгоҳҳо гузоштани ҷасадҳои чорво ба ҳисоб меравад. Зеро дар ноҳия ҷойҳои махсус барои гуронидан ва сӯзонидани чорво вуҷуд надорад ва ҷасадҳо дар ҷойҳои ахлотпартоӣ партофта мешаванд, ки муҳити атрофро ифлос менамоянд. Бо мақсади баратараф намудани ин мушкилот ташкил намудани нуқтаи сӯзонидани чорво ва муҷҷаҳазонидани он бо таҷҳизотҳои замонавӣ (дорои алобмонак (криматория)) айни мудаост.
Ҳамзамон ин метавонад барои сӯзонидани маҳсулотҳои бесифати чорвою парранда ва хӯроквориҳо, ки ҳангоми рейдҳои муштараки ташкилотҳои назоратӣ аз фӯруш гирифта мешаванд, мусоидат намояд.
Албатта, номукаммалии маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур имконият намедиҳад, ки мушкилотҳои ба миён омада вобаста ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар байни чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ, беҳтарсозии насли чорво, ташфиқу тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмии соҳаи бойторӣ чораҳои сари вақти андешида шавад.

Занбӯри асалпарварӣ.

Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


Солҳои охир дар ноҳия ба соҳаи занбурпарварӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Чунки занбури асалпарварӣ яке аз соҳаҳои фоиданоки хоҷагии халқ ба шумор рафта, асосӣ кори он парвариш, нигоҳдори, истифода барои гардолуд кардани набототи энгимофилтӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо ба даст овардани масулотҳои занбурпарвари мебошад. Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбурпарвари шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин корхонаю ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳо ва хоҷагии ҷангал ба парвариши занбури асал машғул мебошанд. Марҳилаи гузориш ба иқтисодӣ бозорӣ, бозсозии сохтор дар иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба парвариши занбури асалпарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва фоидаовари иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб меравад бетаъсир намонд. Дар натиҷа шумора оилаи занбури асал дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидори сол то сол афзоиш ёфт

Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


Солҳои пешин ба фурӯш баровардани маҳсулотҳои занбури асад (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модазанбур, заҳри занбур ва ғайраҳо) дар дохил ва беруни ноҳия, боиси даромади зиёд, ворид гардидани маблағҳои калон ва беҳтар шудани сатҳи зиндагонии шаҳрвандони ноҳия мегардид. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тараққии ёфтани соҳаи занбури асалпарварӣ як қатор тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбурпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.09.2005) қабул гардидааст. Тибқи Барномаи мазкуро корхонаи воҳиди занбурпарварӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати барқарор ва рушди соҳа таъсиси сехҳои тайёр кардани қуттии занбури асал, чорчӯба, курпача ва дигар асбобу анҷомҳо ба роҳ монда шавад. Дар ноҳия барои амалисозии Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбурпарварӣ пурра шароиту имкониятҳо мавҷуд аст. Захираи мавҷудбудаи табиӣ, растаниҳои шаҳддиҳандаи ноҳия, ки дар 120 ҳазор гектар қарор дорад имконият медихад, ки дар ҳудуди нохия зиёда аз 10000 оилаи занбури асал парвариш карда шавад ва соле 80-100 тонна асал ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шаванд.
Айни ҳол дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия 5200 оилаи занбури асал парвариш меёбад, ки аз он 1516 оила дар бахши аҳолӣ. 3684 оила дар бахши сектори ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Инчунин ҳар сол ноҳия имконият дорад аз 15 то 25 фоиз саршумори оилаи занбури асалро дар хама бахшҳои хоҷагидори зиёд намуда, қисми зиёди онро ба фурӯш барорад. Бинобар ин дар асоси барнома ташкил кардани кори соҳаи занбурпарварӣ мувофиқи матлаб мебошад ва занбурпарварони ноҳия бо пуррагӣ аз ӯҳдаи иҷроиши барнома баромада метавонанд. Инчунин барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дастгирӣ намудани хоҷагиҳои асалпарвар ва ба онҳо додани қарзҳои камфоиз ва дарозмӯҳлат мувофиқи матлаб мебошад.


Паррандапарварӣ.

Чорводорӣ,бойтори,занбурпарвари,парандапарвари


Рушди соҳаи паррандапарварӣ барои ноҳия хело муфид аст, зеро шароити ноҳия ба ин мақсад имкон медиҳад, боду ҳавои ноҳия мӯътадил буда барои парвариши он мусоид аст. То барҳам хӯрдани иттифоқи Шӯравӣ дар ноҳия фабрикаи паррандапарварӣ хеле равнақ ёфта буд ва на танҳо ноҳия балки ноҳияҳои ҳудуди вилоятро бо тухм ва гӯшти арзони парранда таъмин менамуд. Баъди пошхӯри иттифоқи Шӯравӣ дар ноҳия фабрикаи парранда парвари солҳои тӯлони аз фаъолият боз монд. Фақат бо дастгирии Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилоят ва ноҳия аз соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2012-ум фабрикаи парранда парвари ҶСП Якарча 85 тонна гӯшти мурғ итеҳсол намуда ба аҳолии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурии пешниҳод намудааст
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда соли 2012 дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳо 88706 сар парранда мавҷуд аст, ки ин нишондод нисбати соли 2007, 19861 сар зиёд мебошад. Рушди соҳаи паррандапарварӣ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи аҳолӣ аз паҳнвии бемориҳои сирояткунанда ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати парранда аз хориҷӣ кишвар мусоидат менамояд.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад