Рӯзи 18 феврали соли 2018 бо супориши Протоколии ҷаласаи назди раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур таҳти шиори "Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро" дар деҳаи Фурӯзобаи Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ҳашари ниҳолшинонии умуминоҳиявӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, зиёда аз 350 нафар дар майдони 2 гектар ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинониданд.
Аз ҷониби раиси ноҳия ба масъулин дастур дода шуд, ки чунин ҳашарҳои ниҳолшинонӣ дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот баргузор карда шаванд...