Идомаи корҳои сохтмони дар пули деҳаи Шаҳринав
Рӯзи 27-июли соли 2018 раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур аз рафти корҳои сохтмони дар пули деҳаи Шаҳринав, ки Ҷамоати деҳоти Деҳибаланро бо Ҷамоати шаҳраки Муъминобод мепайвандад, дидан намуд. Корҳои сохтмони дар пули номбурда бо суръат идома дошта, раиси ноҳия ба сохтмончиён барори кор хоста, дастур дод, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмони ва васлгариро дар ин пул ба анҷом расонанд. Ба истифодадиҳии пули номбурда туҳфаи хубест ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
иттилоъ аз шуъбаи ташкили дастгоҳи раиси ноҳия
silvenpsp.rusferurezki.ru