Сохтмон.
Дар ноҳияи Мӯъминобод 7 ташкилоти сохтмонӣ амал мекунад, ки аз 89 нафар кормандон ва коргарон иборат мебошанд. Миқдори умумии техникаҳои мавҷуда 10 ададро ташкил мекунад. Дар ноҳия асосан фаъолияти соҳаи сохтмон барои ба анҷом расонидани сохтмони мактабҳо, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру барқарорсозии кӯпрукҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва ғайраҳо нигаронида шудааст.
Таҳлил нишон медиҳад, ки тамоми корҳои сохтмониро дар ноҳия ташкилотҳои номбурда амалӣ менамоянд. Дар соли 2012 тавассути ин ташкилотҳо 1006.6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ ба сомон расонида шуд, ки нисбати соли 2011 98,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ташкилоти сохтмони ҶДММ «Гулдаст» дар даҳ моҳи соли 2012 ба маблағи 318,9 ҳазор сомонӣ, Ҷ.Д.М.М «Хуҷаи Нӯр» ба маблағи 236,8 ҳазор сомонӣ, Ҷ.Д.М.М «Ҳунарманд» ба маблағи 251,8 ва Ҷ.Д.М.М «Азам» ба маблағи 199,1 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд. Мушкилотҳои асосии соҳаи сохтмонӣ ноҳияи Мӯъминобод: -набудани биноҳои зебову замонавӣ ва кӯҳнаю фарсуда гардидани иншоотҳои асосии хоҷагии халқ; -маҳдуд будани буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои маблағгузорӣ намудани объктҳои сохташаванда; -баланд будани нархҳои масолеҳи сохтмонӣ;
Ҳадафи асосии соҳа - ин бунёди иншоотҳои маъмурии ба талаботи муосири сохтмони ҷавобгӯй мебошад.
Вазифаҳо ва стратегияи рушди соҳа: • Таъмин намудани ташкилотҳои сохтмонӣ бо техникаи ҳозирзамон; • Таъсис додани корхонаҳои хурд оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|