САРФАКОРИИ ОБ – АМАЛИ ИНСОНИВУ ИСЛОМӢ
Афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ,биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар ба офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад.
Ҳаёти мавҷудоти зиндаро бе об тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, мардум дар ҳар давру замон шаҳрҳоро маҳз дар соҳили дарёҳо ё баҳрҳо месохтанд. Аз қадим мардум баъзе аз рӯду чашмаҳоро муқаддас медонанд.
Чунончи мусалмонон чашмаи «Зам-зам»-ро шифобахшу табаррук медонанд. Ҳиндуҳо бошанд, дарёи Гангаро муқаддас медонанд. Насрониҳо бошанд дарёе, ки дар Иордан ҳаст, онро муқаддас медонанд.
Аз чаҳор унсури ҳаётбахши табиат об, бешак асоситарин ва қиматарин неъмати Худовандист. Об натанҳо асоси мавҷудияти сайёраи Замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Фарзандони Одаму Ҳавво маҳз аз оби ҳаётбахш аз пушти падар дар раҳми модар ҳаст шудаанд.
Инсон бояд қадру қимати обро бидонад. Барои ин бояд муқаддас будани обро дарк кунем ва бидонем,ки онро кӣ ба мо ато кардааст.
Паёмбар (с) фармуданд: Покизагӣ нисфи имон аст.
Ниҳоят дар лаҳзаҳои охирини умри инсон ба ҳалқи ӯ об мечаконанд ва пеш аз супоридан ба хок ӯро ғусл медиҳанд.
Муаллиф исбот намуд, ки дар вуҷуди об ҳудуди 44000 лавҳачаҳои қабули ахбор мавҷуд аст, ки онҳо монанди тори аъсоби махсус ба таъсирҳои гуногуни муҳит таваҷҷуҳ намуда, дар навбати худ онҳоро дарк карда, инчунин вокуниш низ нишон медиҳанд. Олими ҷопонӣ ба се қадаҳ об гирифта, якеро танқиду таҳдид ва дашном медиҳад, дигареро ситоишу васф мекунад ва ба сеюмӣ таваҷҷуҳ намекунад. Дар натиҷа, авалӣ мегандад, дувумӣ мусаффо мешавад ва савумӣ тира мешавад.
«Бихуред ва биошомед вале исроф накунед» (Аъроф: 31)
Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки агар аз ҷумаки об дар як сония як қатра об бичакад, пас дар зарфи як сол ин рақам 10000 литрро ташкил медиҳад. Маънои "қатра-қатра чамъ шавад, дарё шавад” ин аст. Ё ин ки аз лӯлаи оби сурохиаш баробари нуги сузан дар як шабонарӯз 840 литр об беҳуда ҷорӣ мешавад.
Мавлоно Шарофуддини Бухорӣ фармуданд:
Макун исроф мои маҷҷонӣ,
Чун «ва ло тусрифу!» ҳамехони.
Шахсе, ки аз ҷӯй об нушида, бо оби он зироатҳоро обёрӣ намуда, сару либос шӯяду боз хокрубаву хокистарро ба об резад, у носипос аст. Асадии Тӯсӣ дар ин бора мегӯяд:
Зи ҷӯе,ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фиканд дар у сангу хок.
Ниёгонамон дар бораи об шеърҳои зиёде навиштаанд. Чунончи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст: