Главная > Таъминоти барк ва газ > Таъмини барқ ва газ

Таъмини барқ ва газ


8-05-2015, 15:46. Разместил: adminn
Таъмини барқ ва газ
Таъмини барқ ва газ


. Шабакаҳои барқи ноҳия барои бо барқ таъмин кардани аҳолӣ хизмат мерасонад, ки дар он 48 нафар кормандон фаъолият мекунанд. Ин шабака дар тавозуни худ 10 зеристгоҳи барқи 10/0.4 квт, зеристгоҳи шиддаташ 35 кВт бо иқтидори 8 ҳазор кВт, хатти барқи 10 кВт ба миқдори 28 км ва хати барқии 0.4 кв ба миқдори 580 км дорад. Лекин то имрӯз дар ноҳия 23 деҳаҳо аз барқ маҳрум мебошанд. Соли 2009-ум бо ёрии Сафорати Ҷопон 3 деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чилдухтарон бо хатти барқ таъмин карда шуданд.

Мушкилотҳои соҳа:

1.Мунтазам аз кор баромадани трансформаторҳо дар шабакаи барқӣ.
2.Хатҳои барқе, ки мӯҳлати хизматашон аз 30-35 сол зиёд шудааст.
3.Мавҷуд набудани хатти интиқоли барқ дар деҳаҳои Хонбегӣ, Шуғноншаҳр, Ғарабдараи чаппа, Оби наврӯша, Деғламон, Шаҳбача ва ғайраҳо.

Таъмини газ.


Дар самти таъминоти газ дар ноҳияи Мӯъминобод як нуқтаи гази моеъ аз соли 2012 фаъолият карда истодааст. Бо сабаби пурра таъмин накардани аҳолии ноҳия бо гази моеъ, гази моеъро аз шаҳри Кӯлоб ва Душанбе дастрас менамоянд. Тамоми аҳолии ноҳия ҳамчун алтернатива барои гарм кардани хонаҳо аз ангишт, хокаи ангишт, ҳезум ва нерӯи барқ истифода мебаранд. Ҳезум асосан аз ҳисоби буридани дарахтони бисёрсолаи талу теппа ва дигар буттаҳои саҳроӣ захира карда мешавад, ки ин ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, дар бисёр мавридо боиси рух додани офатҳои табиӣ мегардад.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад