Таҳлили вазъи воқеъӣ тандурустӣ
Соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд. Сифат ва дастрас будани хадамоти тиббӣ дар тӯли 21 соли истиқлолияти Ҷуҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод хеле пешрафта бошад ҳам, лекин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, ки бевосита ба нигоҳдори тандурустӣ ва ҳолати саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар айни замон мутобиқи принсипҳои умумии қабулгардида дар СМР/СПКСК мақсади асосии соҳаи тандурустӣ дар давраи миёнамӯҳлат аз мунтазам паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак, кам кардани мушкилот вобаста ба бемориҳои сироятӣ, инчунин аз байн бурдани баъзе сироятҳои (инфексияҳои) бо ваксина идорашаванда иборат мебошад. Дар фасли мазкур самтҳои аввалиятноки сиёсатро дар бахши тандурустӣ ва талаботи молиявие, ки барои ба эътидол омадани асосҳои системаи ёрии тиббию беҳдоштии аввалия ногузиранд, равшан сохта, чунин зерсохторҳо миқдори дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ, ҳолати саломатии аҳолӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, мушкилии бахши тандурустӣ ва роҳҳои ноил шудан ба беҳдошти соҳаи марбутаро фаро мегирад. Дар бахши тандурустӣ равандҳои асосии дастёбӣ ба ҳалли масъалаҳои Ҳ.Р.Ҳ. аз инҳо иборат аст: -сохтану барқарор кардани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот, -бо таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳои асосии шифобахш таъмин намудани муассисаҳои ноҳия, -ба васоити пешгирикунандаи ҳамл таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, -зиёдкунии мутаносибии ДОТС, - дар сатҳи ноҳия пурқувват намудани чораҳои мубориза бо бемориҳои сирояткунанда, -ташкили чорабиниҳои самарабахш дар заминаи пешгирӣва мубориза ба ВНМБ дар байни аҳоли бахусус ҷавонон, -Ба роҳмондани маъракаи мубориза бо бегичагардонӣ(гелминтозҳо) дар байни кӯдакони то 14- сола, -таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳия (бахусус дар сатҳи деҳотҳо) бо мутахассисони маълумоти олидор ва миёна, Давомнокии миёнаи умр, ташаккули тарзи солими зиндагӣ яке аз омилҳои муҳимми беҳбуд ёфтани нишондиҳандаҳои марбут ба шеваи дурусти ҳаёт мебошад. Чорабиниҳои иттилоотию тавзеҳӣ дар миёни аҳолӣ, ки ба дарки мафҳумҳое чун танзими оила, талқини малакаҳои гигиенӣ ва тағйирёбии меъёрҳои ахлоқӣ мусоидат мекунад,унсурҳои асосии ташаккули тарзи солими зиндагӣ дар ноҳия аст. Мувофиқи арзёбиҳо ҳоло нишондиҳандаҳои миёнаи дарознокии умр 62-55 аст, аз ҷумла барои мардон 55-62 ва барои занон 65-71 сол мебошад. Бемориҳои паҳншуда. Бемориҳои аз ҳама бештар паҳншуда дар байни аҳолии ноҳия ин фишорбаландӣ, бемориҳои дил, диабети қанд, сил, зардпарвин, буғумдард, кирми руда (гелминтоз байни кӯдакон ва наврасони то 14-сола), ҷоғар, дарунравии шадид дар байни кӯда-кон, ғестозҳо, апендисит, санги талха, гурда, бемории меъда ва рӯдаи дувоздаҳ-ангушта ва латхурӣ (травма), аворизи баъди таваллуд дар байни навзодон мебошад. Сабаби паҳн шудани чунин бемориҳо дар байни аҳолӣ саривақт аз ташхис нагузаштан, сатҳи пасти иттилоотнокӣ, камбизоатӣ вадигар омилҳо мебошанд. Саломатии модар ва кӯдак, Саломатии ахолӣ самти муҳими соҳаи иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он дастрас намудани аҳолӣ ба хизматрасонии хушсифати тиббӣ аст.
Таввалуд дар муассисаҳои тиббӣ ва хона, сатҳи фавти модар
Дар беҳдошти солимии модарон татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба солимии репродуктивӣ, танзими оила ва ҳамзамон фаъолияти хуби муассисаҳои КАТС, хадамоти патронажӣ ва тибби оилавӣ роли калон мебозад.
Сатҳи фавти кӯдакон дар солҳои 2009- 2011.
Фавти кӯдакони то яксола ва мурдатаваллуд соли 2011 нисбати соли 2009, 10,7 % афзоиш ёфтааст Сабаби асосии он аз омилҳои зерин мебошад:
-Баланд будани нишондоди фавти перенаталӣ (0,6 рӯза) бинобар ғайриқаноатбахш будани солимии занҳои ҳомила, -Баланд будани бемориҳои роҳи нафас, дарунравӣ, варами шуш (гарчанде фаъолияти марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва эмкуни дуруст ба роҳ монда шудааст), паст будани маърифатнокии модарон ва шароити пасти иҷтимоии оилаҳои камбизоат. -Набудани таҷҳизоти тиббӣ (кювез, катҳои кӯдаконаи эҳёгарӣ) ва нарасидани мутахассисони соҳаи неонатологӣ ва эҳёгарӣ, -Баланд будани бемориҳои радифӣ, аз ҷумла камғизогӣ, нуқсонҳои модарзодӣ, камхунӣ ва ғайраҳо.
Тамоюли паҳншавии бемориҳо:
Мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи яке аз афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба Ҳадафхои Рушди Ҳазорсола аст. Зарфи даҳсолаи охир аз сабаби коҳиш ёфтани маблағгузорӣ ва кӯҳнаю фарсуда шудани таҷҳизотҳои озмоишгоҳи хадамоти санитарию эпидемиологии нохия имкониятҳои пешгирии намудани касалиҳои сирояткунанда кам шудааст. Сабаби инкишоф ёфтани касалиҳои сирояткунанда набудани оби тозаи нӯшиданӣ дар деҳотхои нохия аст. Таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ дар маркази шаҳр 67,3 фоиз ва дар деҳот 32,7 фоизро ташкил медиҳад, ки ин яке аз омилҳои сарзании бемориҳхои сироятӣ дар шаҳрку деҳотхои нохия гардидааст. Аз рӯи маълумотҳои расмии оморӣ сатҳи паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, ки инъикоскунандаи вазъи воқеи мебошад, нишон дода намешавад. Дар ҷадвали зерин динамикаи болоравии бемориҳои сироятӣ (шумораи мутлақ), аз рӯи маълумоти Хадамоти санитарию эпидемиологии нохия оварда шудааст.
Шумораи мутлақи бемориҳои сироятӣ дар солҳои 2009-2011 (нафар)
Нишондихандаи нахуст кафолати бемориҳои дар боло гуфта, ба 100 ҳазор нафар ахолӣ чунин аст: Коэффисиенти бемориҳои сироятӣ дар солҳои 2009-2011(промилле)
Маълумотҳои дар ҷадвал овардашуда нишон медиҳанд, ки соли 2011 шумораи бемориҳои сирояткунанда нисбати соли 2009 кам гардида бошад ҳам,лекин ҳолати ваъзи баъди бемори сирояти ташвишовар мебошад. Сабаби боқӣ мондани бемориҳои сироаткунанда дар шаҳраку деҳотхои нохия паст будани сатҳи зиндагии мардум, набудани назорати доимии тиббӣ дар ҳолати ғайри санитарӣ нигоҳ доштани оби чоҳҳо, истеъмоли обҳои ноҷӯшонида, истеъмоли сабзавот ва меваҳои ношуста ва нигоҳ надоштани гигиенаи шахсӣ мебошад. Ин касалиҳо бештар дар байни аҳолии аз синни 5 то 40 сола ба назар мерасад. Дар масъалаи пешгирии беморияҳои сирояткунанда, дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии бемориҳо оид ба гузаронидани корҳои профилактикӣ ва ташхисӣ бахусус гузаронидани ташхиси озмоиши бахши тандурустии нохия саҳмгузор бояд бошад. Мушкилотҳои аввалиндараҷа барои шаҳраку деҳотхои нохия сол то сол зиёдшавии шумораи гирифтори бемории ВИЧ/СПИД аст. Бахусус зиёд шудани шумораи беморони гирифтории ВИЧ/СПИД боиси нигаронист ва дар ҳолати пешгирию чораҷӯи накардани он метавонад дар оянда инкишоф ёфта, ба аҳли ҷомеъа зарари худро расонад. Воқеъан ҳам зиёд шудани бемории ВИЧ/СПИД дар дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботою ташфиқотӣ ва ошкорсозии он ҷиҳати сари вақт ба қайд ва зери назорати қатӣ нагирифтан мебошад. Дар ҳақиқат шумораи бемориҳои сироятӣ зиёд буда, ба сатҳи пасти маърифатнокӣ ва устувор будани расмиятҳои фарҳангӣ (масалан агар шахс гирифтори бемории сироятӣ бошад, дар аксар вақт ба духтур муроҷиат намекунад ба хотири ошкор нашудани сир мебошад, ҳол он ки дар натиҷаи ин бе ахамияти метавонад чанд нафари дигарро сироят кунад) вобаста аст. Сабаби асосии афзоиши бемориҳои сироятӣ чунинанд: а) саривақт ташхис нагардидани бемориҳо махсусан дар оилаҳое, ки ба хизматрасонии тиббӣ дастнорасанд (аз ҷумла дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ барои беморони мубталои сил ва СПИД); б) сатҳи пасти огоҳии аҳолӣ оид ба сабабҳои рух додани беморӣ ва муоинаи он; в) сатҳи баланди хароҷот барои муолиҷа, г) бо оби нӯшокии хушсифат таъмин набудани қисми зиёди аҳолӣ. silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|