Главная > Тандурусти > Шӯъбаи тандурустии нохия,Раванди ислоҳот дар соҳа.

Шӯъбаи тандурустии нохия,Раванди ислоҳот дар соҳа.


7-05-2015, 23:39. Разместил: adminn
Шӯъбаи тандурустии нохия,Раванди ислоҳот дар соҳа.

Шӯъбаи тандурустии нохия,Раванди ислоҳот дар соҳа.


Шӯъбаи тандурустии нохия бо 41 муассисаи зертобеъи худ ба80500 нафар аҳолӣ хизмати тибби мерасонад, ки маблағгузории муассисаҳои мазкур тавассути буҷаи давлатӣ амали гардида, дар доираи барномаҳои соҳави сурат мегирад. Айни ҳол бо мақсади пешгири ва бартараф намудани бемориҳо ва беҳдошти саломатии аҳолӣ дар нохия якчанд барномаҳои соҳави ва миллӣ мавриди амал қарор доранд: аз ҷумла «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Барномаи мубориза бар зидди бемориҳои сил», «Барномаи мубориз бар зидди бемории ВИЧ/СПИД», «Барномаи мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Барномаи солимии репродуктивӣ», «Барномаи дастгирии синамаконӣ», «Барнома оиди пешгирии бемории камхунӣ» ва ғайра.
Вазифаи асосии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ин беҳтар намудани шароити дастрасӣ ба системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), беҳдошт ва сифати он мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки номутаносибӣ дар тақсимоти заминаи моддӣ ва воситаҳои буҷети байни КАТС ва хадамоти бистарикунони дида мешавад. Умуман мушкилоти бахши тандурустии нохия набуданитаҷҳизоти муосир ва таъмин набудани муассисаҳои тиббӣ ба мутахассисон мебошад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ бо духтурон дар се соли охир 1,3 промилле ва бо кормандони миёнаи тиббӣ бошад 10,9 промилле зиёд шудааст. Яке аз мушкилотҳои асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад ин нарасидани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад. Омилҳои асосие, ки боиси сар задании ин мушкилот гардидааст ин пеш аз ҳама паст будани музди меҳнат, нокифоя будани имтиёзҳо ва дигар кӯмакҳои моддӣ мебошад, ки бисёрие аз кадрҳои ҷавон баъд аз хатми донишкада ба дигар корҳо машғул мешаванд. Ҳамзамон дар байни мутахассисони ҷавоне, ки дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранд, мутахассисоне ҳастанд, ки сатҳи донишашон коста аст. Синну соли миёнаи кормандони тиббии ноҳия ба 39 сол баробар аст.
Бо мақсади мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти ба миён омада бахши тандурустии нохия тасмим гирифтааст, ки дар тӯли солҳои 2013–2015, 7 нафар духтурони оилавӣ тайёр ва ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин намояд.
Дар асоси нақшаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ шумораи катҳо ихтисор карда шуда, бештар ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аҳамият дода мешавад. Барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифта беморхонаи нохия низ ихтисор намудани миқдори катҳоро ба роҳ монда ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аҳамияти бештар медиҳад.
Маҳдудии дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ва сифати пасти хизматрасониҳо дар бахши тандурустӣ, сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ ва кӯмаки хориҷӣ, ба назар мерасад. Бо вуҷуди он, ки фоизи хароҷоти бахши тандурустӣ дар солҳои охир зиёд шудааст, маблағҳои ҷудошуда барои фаъолияти устувор ва рушди тандурустӣ нокифоя мебошанд (Масалан бо мақсади беҳтар намудани пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар соли 2009–13.5 %, соли 2010–15, 2 % ва дар соли 2011 бошад 18,1 % -и умумии буҷети маҳаллӣ равона карда шудааст).
Ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки сади роҳи дуруст ба роҳ мондани корҳои профилактикию табобатӣ гардидаанд. Аз ҷумла, нарасидани мутахассисони тиббиӣ дорои маълумоти олидор, таъмирталаб будани ҳамаи муассисаҳои зертобеъи шӯъбаи тандурустӣ, кӯҳна ва фарсудашавии таҷҳизотҳои тиббию ғайритиббӣ, маҳдудияти дастраси ба табибон ва техникаҳои ҳозиразамон, набудани автомашинаҳои хизмати баҳри саривақт табобат намудани беморон (махсусан дар ҷойҳои дурдаст) ва нагузаронидани мониторинг ва арзёбӣ дар муассисаҳои тиббӣ.


Раванди ислоҳот дар соҳа.


Барои рушди соҳаи тандурустӣ дар қаламрави ноҳия дар давраи то соли 2015 бояд самтҳои зеринро дар бар гирад:
-аз тарафи давлат таъмин намудани ҳаҷми кафолатноки хизматрасонии ройгони тиббӣ барои аҳолӣ, махсусан ба табакаҳои камбизоат;
-гузариш ба таҷрибаи мабалғгузории сарикасӣ бо назардошти коэффисиентҳои махсуси сохторӣ, ташкили бозори хизматрасонии тиббӣ ва ҳавасмандсозии рушди бахши ғайри давлатии тандурустӣ.
Ба таври муфассал мушкилотҳои асосии соҳаи тандурустиро чунин шарҳ додан мумкин аст :

Шӯъбаи тандурустии нохия,Раванди ислоҳот дар соҳа.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад