ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Худшиносӣ ва ватандӯстӣ омили муҳими инсонист.
Илова кард: admin9-12-2020, 13:01---

Ҳеҷ сифату фазилати ахлоқие нест, ки битавонад монади ватандорӣ ва ҳисси миллӣ доштан истиқрори ҷомеаро танзим кунад ва эътимоду бовариро дар байни афроди он барқарор созад. Вафодорӣ ба Модар-Ватан ва аҳд ба миллат яке аз сифатҳои некӯю боарзише ҳастанд, ки сазовор аст ҳар инсоне худро бо онҳо ороста кунад, чаро ки он омили асосии пешрафту пирӯзӣ дар зиндагӣ аст ва имрӯз ба унвони яке аз муҳимтарин сифоти боарзиши инсонҳои мутамаддин маҳсуб мегардад ва ҷомеаи мутамаддин шадидан худро мулзим ба риояи он медонанд.

Акнун фаҳмидед, ки аҳду вафо ба Ватан ва ҳисси баланди миллӣ доштан, ки ҳама хоси якдигаранд яке аз хислатҳои бисёр накӯи инсонианд. Инсони комил он касест, ки вафодор аст, нисбат ба Ватану миллати ҷоноҷони худ.

Нест бари мардуми соҳибназар,

Ҳиммате аз аҳд писандидатар.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар рисолаи «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дар бобби аҳду вафо ҳикояе овардаст:- «Подшоҳеро мушкиле пеш омад, аҳд кард, ки агар ин мушкил бо некӣ анҷом ёбад, хазинаро ба фуқаро ва дарвешон бидиҳам. Мушкилаш анҷом пазируфт ва хазинадорро гуфт, ки хазинаро ба дарвешон инъом кунад. Ҳукамо гуфтанд, ки ин маблаѓ аз ҳад зиёд аст, аз ин рӯ нашояд ҳамаро ба дарвешон дод. Подшоҳ хост аз аҳдаш бигардад. Ногоҳ девонаеро дид, ки меояд. Ба ӯ манзури кори рафтаашро баён дошт. Девона гуфт: «Эй малик, дар ҳангоми ваъда ва аҳдат киро аз хотират гузаронидӣ?» Подшоҳ гуфт, ки фуқаро ва дарвешонро. Девона гуфт: «Пас ба дарвешон бидеҳ!» ва боз гуфт: «Эй малик, ту дигар ба он кас, ки манзур ва аҳд ба ӯ кардаӣ кори дигаре дорӣ ё не? Агар дигар ба ӯ коре дошта бошӣ ба аҳдат вафо кун, вале агар дигар коре надорӣ ва мӯҳтоҷи ӯ нахоҳӣ шуд, ҳарчи хоҳӣ бикун.» (Мақсуди девона Худованд, раияту ватандории подшоҳ буд.) Подшоҳ аз ин сухан чандон бигристу фармуд, ки ҳама амволро бар гадоён қисмат карданд:

Чу мӯҳтоҷ хоҳӣ шуд охир ба ӯ.

Матоб аз вафодории хеш рӯ.

Касоне, ки фармонраво гаштаанд,

Мукаррам зи ҳусни вафо гаштаанд.

Вафодорӣ оини шоҳаншаҳист,

Ѓами худ хӯрдан на корогаҳист.

Подшоҳе аз ҳакиме пурсид, ки мардро кадом сифат азиз мегардонад? Гуфт: « Ба халқу Ватан хизмати содиқона кардан. Агар расми вафо,хидмат ба халқу Ватан биафтад, пояи давлат халалпазир гардад. Агар масъулият ва ҳуввияти миллӣ набошад, тартибу низоми ҷаҳон маҳву нобуд гардад»:

Майли касе кун, ки вафоят кунад,

Ҷон ҳадафи тири балоят кунад.

Сӯҳбати он кун, ки ба сидқу сафост,

Домани ӯ гир, к-аз аҳли вафост

Адабиётшинос, мунаққид ва олими асили шуълавар Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров мефармояд:

«Инсон дар ҳамон вақт соҳиби виқор ва эътибор мегардад, ки вазифаи ба дӯш будаашро бе гуфту амри дигаре иҷро намояд!»

«Бадтарини мардумон касонеанд, ки ба халқу Ватани худ хиёнат мекунанд»

«Инсоният ва миллат ҳамон вақт саодатманд мешаванд, ки ҳар кас вазифаи ба дӯш доштаашро сирф барои Ватану миллаташ содиқона иҷро намояд.»

Ҳамин аст, ки ҳуввияти миллӣ доштан ин ватандор ва ватандӯст будан аст, ки бояд ҳар як инсон имрӯза дорои чунин хислат бошад.

Олимҷон Табаров сокини ноҳияи Муъминобод

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.