ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ: арзёбии даҳ дастоварди муҳим, ки аҳамияти ҳифзи ваҳдати миллиро бозгӯӣ менамоянд
Илова кард: admin22-06-2022, 13:35Асоси
Зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ: арзёбии даҳ дастоварди муҳим, ки аҳамияти ҳифзи ваҳдати миллиро бозгӯӣ менамоянд Олими барҷаста, мутафаккири машҳур Арасту ҳанӯз дар замони худ бар ин назар буд, ки “Хушбахтӣ маъно ва ҳадафи зиндагӣ ё худ мақсади асосии мавҷудияти инсон аст.” Арасту дар асари бузурги худ “Сиёсат” дар бораи давлат, нақш ва моҳияти мавҷудияти он андешаронӣ намуда чунин дидгоҳро баён доштааст, ки “давлат танҳо барои зиндагӣ карда офарида нашудааст, балки барои он бунёд карда шудааст, ки инсон хушбахтона зиндагӣ намояд.” Таҳлил раванди бунёд, ташаккул ва рушди давлат, таҳқиқи равандҳои сиёсии ҷаҳон ва воқеияти ҷамъиятӣ ҳамин нуктаро собит менамояд, ки маҳз ваҳдату ягона омили хушбахт гардидани халқу миллатҳо, василаи муҳимми ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар воқеъ мавҷудоти соҳибтафаккур яъне инсон дар ҳама давру замон кӯшиш намудааст ва менамояд то амнияту субот, мавҷудияту бақодории худро таъмин намуда, талаботу манфиатҳои хешро қонеъ гардонад. Барои давлат, ки аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеа арзёбӣ гардида ва он фарогири гурӯҳи муайяни инсонҳо аст, ваҳдати миллӣ ва ҳифзу нигоҳдории он барои мавҷудияти минбаъда ва таъмини хушбахтии инсон ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад. Ин воқеиятест, ки аксарияти ҷомеашиносон чунин назар доранд. Зеро дар шароити муосир соҳиб гардидан ба рушди устувори давлат дар ҳама соҳа ва рақобатпазир будан дар раванди бозиҳои сиёсӣ танҳо бо ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидии қишрҳои ҷомеа имконпазир аст. Воқеияти сиёсӣ ва ҳақиқатҳои рӯзгор бозгӯйи онанд, ки ба василаи ваҳдати миллӣ давлатҳо муҳимтарину бузургтарин ормону ҳадафҳои миллии худро амалӣ гардонидаанд. Чунин воқеиятро таҷриба ва таърихи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ собит намуда, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пешрафти шахс, ҷомеа ва давлат мебошад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд.” Вобаста ба ин даҳ нуктаи муҳимро баён менамоем, ки зарурати таҳким ва ҳифзи суботу ваҳдатро барои мо нишон медиҳад. 1. Давлати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон волотарин арзиш ва муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Зеро миллати тоҷик баъд аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид. Аз таърихи гузаштаи миллат ба мо маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани давлати бузурги Сомониён ин набудани ваҳдату ягонагӣ миёни ҷомеа буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар оғози соҳибихтиёрӣ бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Дар чунин шароити душвор ва маҳз барқарории ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намоем. Яъне дар марҳилаи аввали соҳибихтиёрӣ маҳз ба василаи ваҳдати миллӣ мавҷудияти физикии давлат ҳифз ва ҳимоя карда шуд. Имрӯз низ ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ воситаи муҳимми таъмини бақои давлати Тоҷикистон аст. 2. Ҳеҷ як давлат бидуни низоми сиёсӣ наметавонад рушд намояд. маҳз низоми сиёсии рушд карда боиси пешрафти давлат ва ризоияти ҷамъиятӣ мегардад. Бисёре аз давлатҳое мавҷуданд, ки дар Конститутсияҳои худ арзиш ва низоми муайянро ҷой додаанд вале, набудани ваҳдати миллӣ боиси татбиқ нагардидани арзишҳо ва низоми сиёсии устувор мегардад. Дар ин ҷо мисол овардани баъзе кишварҳои минтақа ба маврид аст, ки мо дар се соли охир шоҳиди шикасти чанд низоми сиёсӣ будем. Яъне ваҳдати миллӣ барои таҳким ва рушди сохтори сиёсии амалии давлат таъсири муҳим дорад. Имрӯз, ки дар кишвари мо низоми сиёсии демократии рушдкарда бо фарогири арзишҳои олии давлатдорӣ мавҷуд аст, маҳз самараи таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. 3. Айни ҳол дар ҷаҳон раванди босуръати ҷаҳонишавӣ идома дорад ва дар дохили ин раванд ҳар гуна зуҳуротҳои сиёсӣ (экстремизму терроризм, радикализми динӣ, ҷанги қудратҳо, тақсими манфиатҳо ва ғ.) аз худ дарак дода, қувваҳои гуногун дар пайи амалӣ гардонидани ҳадафҳои мушаххас мешаванд. Албатта дар саромади ҳама гуна зуҳуроти сиёсие, ки дар саҳнаи сиёсати ҷаҳон ба вуҷуд меояд, субъекти муайяне меистад, ки онро идора менамояд ва он ҳодисаи падидомада ва ё дар оянда падидмеомада таъсири манфии худро ба давлатҳо мерасонад. Ваҳдати миллӣ дар чунин ҳолат омили муҳимми пешгирӣ, бартарафсозандаи дилхоҳ хатару таҳдид мегардад. Аз ҷумла дар самти таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат мавҷудияти ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин ҷост, дар раванди таъмини амнияти миллӣ нақши шарвандон ва ҷомеаро муҳим арзёбӣ менамоянд. Бояд як нуктаи муҳимро қайд кард, ки дар шароити имрӯза, ки ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа аз пайдоиши худ дарак медиҳанд, мавҷудият ва нақши ваҳдати миллӣ ба маротиб меафзояд. Зеро, эмин мондан аз хатарҳои ҷомеаи муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ба василаи ваҳдати миллӣ имконпазир аст. 4. Ваҳдати миллӣ воситаи муҳимми ташаккулдиҳандаи андешаи миллӣ аст. Андешаи миллӣ ҳолатеро дар фазои дохилии субъектони миллатҳо ташаккул медиҳад, ки арзишҳои олӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо намуда, ҳама гуна ҳадафҳо баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои умумимиллӣ равона карда мешавад. Ин нукта дар афкори илмии Пешвои миллат ба таври зайл баён гардидааст: “Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад”. Дар мамлакат маҳз андешаи миллӣ таҳммулпазирро инкишоф дода, ҳамзистии осоишта ва ҳамгироии ҳамаи аҳолиро таъмин намудааст. 5. Дар раванди давлатдории миллӣ ҳифзи сарҳади давлат яке аз масъалаҳои муҳим арзёӣ карда мешавад. Хатарҳое, ки дар сарҳади як давлат ба вуҷуд меоянд пешгирӣ нагардидани онҳо боиси халалдор гардидани субот мегардад. Дар ин раванд танҳо ваҳдати миллӣ омиле мегардад, ки таъсири манфии ҳар гуна хатару таҳдид тавассути он бартараф карда шавад. Вобаста ба ин як руйдоди муҳимро аз ҳаёти сиёсии Тоҷикистон баён менамоем, ки арзишмандии ваҳдати миллиро бозгӯӣ менамояд. Охири моҳи апрели соли 2021 байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сарҳади Ворӯх даргирӣ ва муноқиша ба вуҷуд омада буд. Дар он ҳолат мо ҳама шоҳиди мавҷ-мавҷ ҳаркати сокинон аз Бадахшон, Хатлон, Зарафшон ва Ҳисору Рашту Кулоб ба Исфара баҳри ҳифзи марзи муқаддаси Тоҷикистон будем. Маҳз ваҳдату ягонагии миллӣ омиле гардид, ки марзу буми кишвар аз хатари беруна ҳимоя гардад. 6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли буҳронҳои глобалӣ ва нигоҳдории амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон эътироф гардидааст. Оғози ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба давраи барқарории сулҳу ваҳдат ва таъмини суботи сартосарӣ рост меояд. Яъне, ки фазои ваҳдатофари мамлакат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо ташаббусгузории байналмилалӣ нақши худро дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷаҳонӣ гузорад ва имиҷи мусбатро касб намояд. 7. Дар заминаи мавҷудияти ваҳдати миллӣ фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаи ниёгон, ки дар тули чанд соли таърих низоми муайяни муҳофизаро бархурдор набуд, эҳё, муаррифӣ ва аз ҳимояи соҳибони аслии хеш бархурдор гардид. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ, мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва фаъолияти тамаддунофарии Роҳбари давлат таърих ва арзишҳои фарҳанги миллиро ҳифз ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи миллат аз ҷумла ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, эҳёи таърихи қадимаи шаҳрҳои Саразм, Ҳисор, Кулоб, Хуҷанд ва ғайра намунаи бузурги ҳифз ва эҳёи таърихи миллат аст. Ҳамчунин ба рӯйхати махсуси Юнеско ворид намудани ҳунарҳои мардумӣ намунаи дигари эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ аст, ки имрӯз мо дар сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида менамоем. 8. Фазои муосиди босубот, ягонагии миллӣ ва дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифтани андешаи миллӣ имкон фароҳам овард, ки дар баробари ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, хотираи бузургони ниёгон гиромӣ дошта шавад ва онҳо ба таври шоиста муаррифӣ гарданд. Таҷлил намудани солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ҳамзамон ба Устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва аллома Бобоҷон Ғафуров додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон намунаи олии гиромӣ доштан ва муаррифӣ намудани шахсиятҳои бузурги миллат аст. 9. Ҳалли бештари масъалаҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва татбиқи барномаҳои бузурги давлатӣ. Масалан, бунёди роҳу нақбҳо ва сохтмонҳои азими саноатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, сохтмони иншоотҳои аҳамияти умумимиллӣ дошта ба монанди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ҳама дастовардҳое мебошанл, ки дар шароити мавҷудити ваҳдати фарогир ба даст омадаанд. Дигар ин, ки дар аввали солҳои 2000 мувофиқи оморҳо тақрибан 80%-и аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошт. Дар натиҷаи чунин иқдомҳо имрӯз сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 26% поён фароварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2000 дастоварди хеле бузург ба шумор меравад. 10. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ – марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардидааст. Дар робита ба ин ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии босуръат элон гардида, дар ҳоли татбиқ шудан аст. Бояд қайд намуд, амалӣ гардидани ҳадаф, нақша ва мақсадҳои марҳилаи рушди устувори давлат ба мавҷудияти ваҳдати миллӣ алоқамандии бевосита доранд. Маҳз ваҳдати фарогир имкон медиҳад, ки ҳадафҳои муҳимми марҳилаи рушди устувори давлатро амалӣ намоем. Ҳамин тавр, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва зуҳури таҳдидҳои нав ба нав нақши ваҳдати миллӣ дар нигоҳдории суботи ҷомеа афзоиш ёфтааст. Дар асоси мушоҳида, таҳлил ва хулосаи равандҳои сиёсии ҷаҳон, бозиҳои геосиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ гуфтан мумкин аст, ки барои давлатҳои миллӣ дар оянда масъалаи ҳифз ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ аҳамияти бештарро касб менамояд. Агар бо андешаи мутафаккири бузург Арасту хулоса намоем, хушбахтӣ ва саодати ҳар яки мо пайваста ба ваҳдати миллӣ аст. Ва моро лозим аст, ки барои ҳифзи сарчашмаи хушбахтиву саодатмандии худ – ваҳдати миллӣ пайваста талош намоем. Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.