ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР ЧИСТ? Ё ЧАРО МО БОЯД ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО ТАҲКИМ БАХШЕМ?
Илова кард: admin22-07-2022, 11:21Асоси
ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР ЧИСТ? Ё ЧАРО МО БОЯД ДАР ШАРОИТИ КУНУНӢ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО ТАҲКИМ БАХШЕМ? Ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ, рушди босуръати илм ва технологияҳои инноватсионӣ, зуҳури акторҳои нав дар системаи сиёсати байналмилалӣ, васеъ гардидани доираи манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар геополитика боис гардидаанд, ки равандҳои ҷаҳонӣ беш аз пеш вижагии сиёсӣ касб намоянд. Муҳаққиқон пайваста кӯшиш менамоянд, ки паҳлуҳои гуногуни ҳодисаву равандҳои бавуҷудояндаи ҷомеаи инсониро дар заминаи методҳои илмӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Табиист, ки бештари пажуҳишгарон дар раванди омӯзишу таҳқиқи падидаҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллии хеш ба он муносибат ва баҳогузорӣ менамояд. Дар ин ҳолат амри воқеист, ки манфиатҳои қисме аз давлату миллатҳо сарфи назар мешаванд. Новобаста аз он, олимоне ҳастанд, ки кӯшиши объективона таҳлилу баррасӣ намудани падидаву ҳодисаҳои ҷаҳониро менамоянд. Зикр кардан зарур аст, ки бо вуҷуди аз ҷониби олимону коршиносон мавриди таҳқиқу хулосабарорӣ қарор гирифтани хусусиятҳои равандҳои ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам онҳо мураккаб ва баҳсталаб боқӣ мондаанд. Яке аз чунин падидаҳои ҷолиб ва баҳсталаб глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ мебошад, ки он дар худ паҳлуҳои мусбат ва манфиро дорост. Аз ин хотир, нигоҳе ба баъзе вижагиҳои глобализатсия махсусан ҷиҳати сиёсии он, ки дар нисбати ҷанбаҳои дигараш хосияти муайянкунандагӣ дорад ва таъсири он ба истиқлоли давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир, махсусан, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ҳар гуна сурат мегирад, ба маврид ва сари вақтӣ аст. Глобализатсия раванди объективии инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таъсири раванди субъективӣ буда, он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтааст. Тавассути мафҳуми мазкур тамоюли инкишофи олами муосир ифода карда мешавад. Бояд гуфт, ки ин сухани нав нест. Онро аксари олимон чунин баён кардаанд. Глобализатсия раванди наздикшавӣ ва афзоиши ҳамбастагии миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки таҳияи меъёрҳои ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва арзиширо тақозо мекунад. Равандҳои глобализатсионӣ аслан дар маънои васеъ дар нимаи дуюми асри XX дар ҷаҳони Ғарб оғоз гардида, ба таври муташаккил суръати баланди рушдро дар солҳои 90–ум соҳиб гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар инкишофи равандҳои глобализатсионӣ нақши абзорҳои техникӣ хеле баланд мебошанд, зеро ба вуҷуд омадани технологияҳои нав дар соҳаи илм, пайдоиши интернет ва ба вуҷуд омадани фазои маҷозӣ, инқилобҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва коркарди иттилоот ба давлатҳои пешрафта имкон дод, ки мақсаду ҳадафҳои худро дар мамлакатҳои гуногун амалӣ намоянд. Инчунин дар раванди ҷаҳонишавии босуръат нақши омилҳои сиёсию идеологӣ низ хеле баланд аст. Бештари муҳаққиқон чунин мепиндоранд, ки доктиринаи «глобализм»-и ИМА боиси суръати баланди ҷаҳонишавӣ гардидааст. Ба вуҷуд омадани ду ҷанги ҷаҳонӣ, тақсим гардидани ҷаҳон ба ду қутб, аз як тараф, Ҷаҳони Ғарб, аз тарафи дигар, Иттиҳоди Шӯравӣ, рақобатҳои шадиди либерализм ва коммунизм, истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ сабаб гардиданд, ки давлатҳо дар масъалаи таъмини амнияту суботи хеш чораҳои муассир андешанд. Ин вазъият ҳолатеро ба вуҷуд овард, ки талош барои экспансияи фазои иттилоотӣ аз ҷониби абарқудратҳо сурат гирад. Умуман, омилҳои дигареро номбар кардан мумкин аст, ки онҳо ҷаҳонишавиро суръат бахшидаанд. Ҷаҳонишавӣ дар шароити кунунӣ ҳамчун раванд як қатор имконоти муҳимро ба вуҷуд овардааст. Дастрасӣ ба иттилоот дар фазо ва вақти ягона, истифода намудан аз ҳар гуна хизматрасониҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушди бозор, васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, интегратсияи давлатҳо ва минтақаҳо, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти сайёра, имкони васеъи интихоб намудан, рушди илм, сотсиализатсияи шахсият аз ҷумлаи имконоти хуби ҷаҳонишавӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, глобализатсия як қатор падидаҳои манфиро ба вуҷуд овардааст, ки боиси нигаронии давлатҳои миллӣ гардидааст. Дар робита ба ин, дар ин маврид саволҳое ба миён меоянд, ки оё ин имконот барои тамоми аҳолии ҷаҳон дастрас аст ё не? Агар дастрас бошад, пас чаро ҷаҳонро ба ҷаҳони якум, дуюм, сеюм инчунин, «Шимоли сарватманд» ва «Ҷануби бенаво» тақсим намудаанд? Пас ҷаҳонишавӣ ба манфиати кист ва дар ин раванд кадом давлатҳо зарар мебинанд? Посух ба ин саволҳо он қадар осон набуда, аз ҳар як муҳаққиқ воқеиятнигориро тақозо дорад. Истиқлоли сиёсӣ дар доираи илми сиёсӣ ва давлатшиносӣ яке аз мафҳумҳои асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Он мустақилӣ ва соҳибихтиёриро дар идораи давлат, қабули қарорҳо ва мустақилиятро дар сиёсати дохиливу муносибатҳои хориҷӣ ифода мекунад. Муҳаққиқон мафҳуми истиқлолро ҳамчун ҳокимияти мутлақ ва беҳудуди давлат эътироф кардаанд. Истиқлоли сиёсӣ тамоми муносибатҳои инсон ва давлатро фаро мегирад. Бояд қайд кард, ки истиқлоли сиёсӣ шароитест, ки ҳангоми мавҷудияти он давлат метавонад тамоми функсияҳои худро дар сарҳади муайян озодона амалӣ намуда, манфиатҳои сокинони хешро ҳимоя намояд. Истиқлоли сиёсӣ барои амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои бузурги миллӣ, барҳам додани қафомондагиҳои иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ҳимоя ва инкишофи тамаддуну арзишҳои волои миллӣ, умуман, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад. Истиқлоли сиёсӣ ба мамлакатҳо имкони иштирок дар сиёсати байналҳалқиро ба вуҷуд меорад, то онҳо тавонанд, талаботу манфиатҳои хешро ба хубӣ ҳимоя кунанд. Воқеияти ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҷаҳонишавӣ дар баробари имконоти хуби худ як қатор таҳдидҳоро ба истиқлоли сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ва субъекти мустақил қисме ҳуқуқҳои худро аз даст медиҳад ва наметавонад тамоми имконоти худро озодона иҷро намояд. Раванди ҷаҳонишавиро олимон баррасӣ намуда, ба хулосае омаданд, ки дигар давлатҳои миллӣ дар сиёсати кабир таъсире расонида наметавонанд. Олими англис Стренҷ қайд мекунад, ки ҳамаи давлатҳо новобаста аз ҳудуд ва мавқеи ҷойгиршавиашон дар сиёсати ҷаҳонӣ дар назми инкишофи босуръати раванди ҷаҳонишавӣ оҷиз мегарданд. Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, хатару таҳдидҳои ҷаҳонии экстремизму терроризм, офатҳои экологӣ, экспансияи фазои иттилоотӣ, бархурди тамаддунҳо, ҷанги сард, ки ҳама маҳсули глобализатсия мебошанд, доираи фаъолияти давлатро ҳамчун субъекти дорои суверенитети сиёсӣ маҳдуд намуда истодаанд. Ба ҷойи давлатҳо дар бештари ҳолат дар муносибатҳои байналмилалӣ созмонҳои фаромиллӣ қарор қабул менамоянд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ё сиёсӣ вобастагии давлат ба ин ё он ташкилот, ин омили манфӣ дар раванди назми худкифоии давлат мебошад. Ба вуҷуд омадани созмонҳои ҳарбиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои фаромиллӣ тасдиқи андешаҳои фавқанд. Мусаллам аст, ки инкишофи ҳар як давлат дар олами муосир ба вазъияти ҷаҳон сахт алоқамандӣ дорад. Аз ин хотир ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони имрӯза воситаи амалинамоии ҳадафҳои мушаххаси давлатҳои абарқудрат гардидааст. Давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд, ки ба ҳар восита зери шиорҳои ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои худро дар сарҳади давлатҳои дигар амалӣ намоянд. Дар ин ҳолат истиқлоли сиёсии бештари давлатҳои рӯ ба инкишоф халалдор гардида тобеъи давлатҳои абарқудрат мегарданд. Вазъияти кунунии ҷаҳон, махсусан ҳолати давлатҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон ва соири кишварҳои арабӣ мисоли гуфтаҳои болоянд. Аз таърихи ҷаҳон ба мо маълум аст, ки инсоният ҳануз аз ибтидои мавҷудияти худ барои беҳтар намудани рӯзгори хеш ҳамеша ба офаридани тамаддун машғул аст. Маҳз ҳамин тамаддунофарӣ буд, ки дар ҷаҳон давлату миллатҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Имрӯз ҳар як миллат дорои таърих, тамаддун, фарҳанг, иқтидори бузурги эҷодӣ, арзишҳои моддиву маънавӣ, адабиёт, санъат, меъморӣ ва кашфиётҳои бузурги илмӣ мебошад. Дар дохили тамаддуни миллатҳо арзишҳое мавҷуданд ё пайдо мешаванд, ки онҳо аҳамияти умумиинсониро касб намуда, ногузир марзи тамаддуни як миллатро убур карда, тамаддуни тамоми башарият мегарданд. Ин раванд барои кулли миллатҳо як омили муҳим дар самти ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ мебошад. Дастовардҳои бузурги як ҷомеа ба ҷомеаи дигар интиқол ёфта, ҳамчун унсури муҳими пешбарандаи ҳаёт муаррифӣ мегардад. Масалан, кашфи технологияҳои нави иттилоотию иртиботӣ, ки имрӯз ҳамчун як унсури ҳаёти ҳаррӯзаи мо гардидаанд, аз муҳимтарин дастоварди фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки тавассути раванди ҷаҳонишавӣ ба тамоми олам паҳн гардидааст. Аммо дар баробари ин як қатор омилҳои манфии ҷаҳонишавӣ мавҷуд аст, ки ба фарҳанги миллатҳои гуногун хатарҳо ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллии давлатҳои рӯ ба инкишоф зери таъсири фарҳанги бузургдавлатҳо монда, рӯ ба нестшавӣ меорад. Агар аз як тараф, ин раванд ба таври объективӣ сурат гирад, аз тарафи дигар, тавассути омилҳои субъективӣ низ раванди аз байн бурдани тамаддуни ҷомеаи муайян сурат мегирад. Дар алоқамандӣ ба ин кифоя аст, ки консепсияи «Бархӯрди тамаддунҳо»- и С.Хантингтон ва воқеияти ҷамъиятии даҳсолаи охирро пеши назар орем. Инчунин, дар раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллату халқиятҳои хурд ва заиф дар зери таъсири тамаддуни абарқудратҳо монда, фарҳанги хешро аз даст медиҳанд ва бо онҳо омехта гашта, дар чархи таърих нопадид мегарданд. Дар чунин ҳолат давлатҳои миллӣ танҳо бо роҳи модернизатсияи фарҳанг метавонанд тамаддуни худро аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ наҷот диҳанд. Ниҳоят, падидаи ҷаҳонишавӣ ҳанӯз мураккаб ва пурихтилоф боқӣ мемонад. Дар ин раванд бақои ҳар як давлати миллӣ аз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва фарҳанги миллӣ ногузир вобастааст. Давлати миллӣ ҳамчун ниҳоди мустақил ва кафили амнияти ҷомеаи муайян дар раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар вақта дида бештар вазифадор мегардад, ки барои мавҷудияти худ чораҳои судманд андешад.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.