ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

НАҚШИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ НБО-И «РОҒУН» ВА АҲАММИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИН
Илова кард: admin22-07-2022, 11:26Асоси
НАҚШИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ НБО-И «РОҒУН» ВА АҲАММИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИН ИНШООТИ АСР. Андешаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ба таври пурра ба истифода додани НБО-и «Роғун» нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад шуд». Ин матлабро 13 июли соли 2022 Пешвои миллат зимни мулоқот бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» вобаста ба истифодаи мақсадноки об- ин неъмати бузург бо назардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори доштанд. Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, ки дар зер оварда мешавадд, ба нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳаммияти байналмилалии ин иншооти аср бахшида шудааст. Яке аз муҳимтарин захираҳои табиии сайёраи замин об ба шумор рафта, маҳаки асосии ҳастии ҳаёти ҳама мавҷудот мебошад. Об ҳамчун унсури муқаддас дар ҳама давру замон барои зиндагии инсоният нақши ҳалкунанда дорад, зеро ин сарвати табииро барои пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода намудан имконпазир аст. Мояи сарафрозии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки мамлакати мо дар саргаҳи дарёҳо ва пиряхҳои бузурги ҷаҳон қарор дошта, аз ҷиҳати иқтидори захираҳои обӣ яке аз кишварҳои намоён дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ин миқдор зарфияти обӣ имконияти хеле зиёдро дар самти таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд». Дар баробари он ки захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд, ҳамчунин муаррифи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро тибқи таҳлилҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб аст. Аз ин рӯ, захираҳои обӣ бояд оқилона ва самаранок истифода гардида, барои пешгирӣ аз камшавии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Муфидтарин роҳи пешгирӣ аз камшавии захираҳои обӣ бунёди неругоҳҳои обии барқӣ ба шумор меравад, ки ин сармояи ватаниро чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ дар хориҷ аз он афзун менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин 16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат дар суханронии худ дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ишора ба ин масъалаи муҳим зикр карданд, ки «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид». Дарвоқеъ, шароити мусоиди экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дорои имконияти фаровон мебошад. Ба ин хотир, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Тибқи таҳлили коршиносон, сатҳи истифодаи захираҳои обӣ бо мақсадҳои энергетикӣ ҳоло дар Тоҷикистон 7%-ро ташкил дода, баъди ба кор даровардани НБО-и «Роғун» соли 2024 ба 10,9 % ва соли 2030 ба 13,1% мерасад. Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои дигари истеҳсоли энергия, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ истифода мегарданд, аз қабили нафту газ хеле маҳдуданд, аз ин рӯ сарчашмаи асосии неруи барқ захираҳои обии мамлакат ба шумор мераванд. Ёдовар бояд шуд, ки соҳаи энергетикаи обии кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад ва дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқиву институтсионалӣ, таъмиқи ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш хоҳад ёфт. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-и «Роғун» – иншооти бузурги стратегӣ шурӯъ гардид. 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбарак нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҳамин замина, 16 ноябри соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки васеи коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ агрегати якуми НБО-и Роғун ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки НБО-и «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Бинобар муҳиммияти хоссаи худ дар ҳаёти мамлакат НБО-и «Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди бузургу сарнавиштсози давлатдории навини тоҷикон аст ва дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, ба инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамчунин Пешвои миллат дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО-и «Роғун» 9 сентябри соли 2019 зикр намуданд, ки «давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони НБО-и «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, амалӣ кардани ҳадафҳои нек ва таъмини зиндагии шоистаи мардум талошҳои хастагинопазир менамояд». Мавриди зикр аст, ки барои миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон НБО-и «Роғун» дорои якчанд афзалият дар сатҳи байналмилалӣ мебошад: — якум, энергияи истеҳсолкардаи он, пеш аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза буда, ба муҳити зист ва аҳолии ҳам мамлакати мо ва ҳам кишварҳои ҳамсоя таъсири зарарнок надорад; — дуюм, ба фарқ аз неругоҳҳои ғайрианъанавӣ партовҳои хатарноки газҳои гулхонаиро ба атмосфера, ки боиси оқибатҳои ҳузнангез ба муҳити зист мегарданд, хориҷ намекунад; — сеюм, сохтану ба истифода додани ин иншооти азим имконияти интиқоли қувваи барқро ба давлатҳои дигар, ки ба он эҳтиёҷ доранд, ба амал меорад. Сохтмони пурраи он барои баромадан ба бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд; — чорум, маҳз сохта ба истифода додани НБО-и «Роғун» сабаби он мегардад, ки хушкшавӣ ва хушксолӣ дар минтақа, аз ҷумла, дар кишварҳои поёноб аз байн равад; — панҷум, сохта ба истифода додани ин иншооти бузурги аср сабаби зиёд гардидани нуфузу эътибори мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ мешавад. Дар иртибот ба ин мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ба кор даровардани агрегати якум ва дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки ин аз мақому мартабаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад; — шашум, баробари ба истифода додани НБО-и «Роғун» Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расида, дар навбати худ иқтидори таъмини кишварҳои ҳамсояро ба неруи барқ пайдо мекунад, ки ин метавонад ба робитаи ҳасанаи ҳамсоякишварҳо мусоидат намояд; — ҳафтум, сарбанд ва обанбори НБО-и «Роғун» шароити мусоидро барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ фароҳам меорад ва кишвари моро ба макони сайёҳии байналмилалӣ табдил медиҳад; — ҳаштум, сохтмони НБО-и «Роғун» мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд, ки ин ба манфиати ҳар шаҳрванди мамлакат аст; — нуҳум, оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» густариши ҳамкориро бо ташкилот ва давлатҳои хориҷӣ вусъат дод, ки минбаъд ба идома ёфтани муносибатҳои дӯстона шароити мусоид фароҳам меорад; — даҳум, ба василаи сохтмону ба истифода додани НБО-и «Роғун» Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аъзои Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар баръало нишон медиҳад, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд: — ёздаҳум, лоиҳаи дигаре, ки барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва ҳамчунин ба рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа мусоидати амалӣ менамояд, «CASA- 1000» мебошад, ки ба истифода додани НБО-и «Роғун» сабаби ба таври пурра роҳандозӣ кардани ин лоиҳа мешавад; — дувоздаҳум, НБО-и «Роғун» сабаби пешниҳоди ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об, аз ҷумла, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи захираҳои обии минтақа мегардад; — сездаҳум, маҳз НБО-и «Роғун» ба амалишавии ҳадафи чоруми стратегии Ҷуиҳурии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат карда, боиси сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ гардида, Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ табдил дода, барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад; — чордаҳум, НБО-и «Роғун» сабаби густариши муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла бастани созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи обу энергетика миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мегардад; — понздаҳум, бо дарназардошти аҳаммияти умумимиллии НБО-и «Роғун» чун намунаи бунёдкориҳои азими Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон дар роҳи тарбияи меҳнатдӯстӣ, тарғиби ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар адабиёту фарҳанги муосири мо он бояд ба таври васеъ инъикоси худро ёбад. Ҳамин тавр, ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ, ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназир ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд. Сиёсатмадори Ватандӯстдор, Ба ҳарфи забону дилаш устувор. Ба ободкорӣ сароғоз шуд, Ки миллат ба азмаш ҳамовоз шуд. Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.