ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ҶАВОНОН ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРӢ ҶОМЕАВУ ДАВЛАТАНД!
Илова кард: admin22-06-2022, 13:40Асоси
ҶАВОНОН ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРӢ ҶОМЕАВУ ДАВЛАТАНД! Таҳлилу ояндабинии равандҳои сиёсии ҷаҳон нишон медиҳанд, ки таҳдиду хатарҳои нав ба нав доранд, инсониятро гулӯгир мекунанд. Хусусан, созмону ҳаракатҳои экстремистии динӣ фаъолияту амалиётҳои худро бо замони муосир мутобиқ карда, тариқи дастгоҳу технолигияҳои иттилоотӣ ва интернет идеологияи ифротиро таблиғу ташвиқ менамоянд. Аслан, дар маркази ингуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистӣ кулли инсоният бо хатар рӯ ба рӯ мебошад, вале роҳбарияту мубаллиғони онҳо бештар ба қишри ҷавон таваҷҷуҳи хос доранд. Бояд хотиррасон кард, ки ифротгароӣ дар шуур, психология, ахлоқ ва идеологияи ҷавонон паҳн гардида, инчунин, ба муносибати байни ҷавонон бо ҷавонони дигар, ба нигоҳи онҳо дар муқобили фаъолияти ҷамъияту давлат ва ҳамватанони худ таъсири бештар манфӣ мерасонад. Ифротгароӣ гуногуншакл буда, дар байни ҷавонон бо роҳу воситаҳои мухталиф паҳн мегардад. Мароми асосии гурӯҳҳои ифротгароӣ: моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозию қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, идоракунии фаъолияти ҷавонон, эҳё кардани завқу ҳаваси ғайриахлоқии онҳо ва дар охир хатари хаёлпарастиву шаҳидкунии онҳо оварда мерасонанд. Коршиносон таъкид менамоянд, вазифаву ҳадафи мубаллиғони ифротгаро ин мағзшуии ҷавонон буда, то ба амалӣ кардани ҳодисаҳои террористӣ бурда мерасонанд. Маврид ба зикр аст, ки созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористии замони муосир коршиносону психологҳо ва донишмандону мутахассисони варзидаи зархаридро барои ҷалб кардани ҷавонон истифода мебаранд, ки то сафи аъзоёнашонро зиёд намоянд. Чунин зархаридони онҳо мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву эътиқодии давлатҳои мадди назари худро мавриди омӯзишу таҳлили амиқ қарор дода, барои ҷалбу гумроҳ кардани ҷавонон аз натиҷаи он истифодаи бузург менамоянд. Ҳамин аст, ки баъзан давлатҳои пешрафтаву қавӣ дар пешгириву ҳалли хатару таҳдидҳои ифротгароӣ оҷиз мемонанд. Фарз кардем, агар онҳо аз ҷиҳати сиёсиву иқтисоди давлатҳои қавӣ бошанд, вале аз назари арзишҳои фарҳангиву динӣ осебпазир мебошанд. Аз ин лиҳоз, дар аксарияти ҳолат чунин таҷриба нишон додааст, ки муборизаи низомиву ҳарбӣ роҳи ҳал барои пешгирии идеологияи ифротгароӣ шуда наметавонад. Ҳамчунин, ба андешаи коршиносон, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро тафаккури он ҷавононе, ки аз арзишҳои фарҳангиву динӣ огоҳ нестанд ва ҳадафу мақсади муайян надоранд, ифротгароии диниро зуд қабул намуда, барои пиёда сохтани ҳадафҳои абарқудратҳо ва доираҳои сиёсӣ «хизмат» менамоянд. Гуфта мешавад, ки маҳз дар зеҳни ҷавонон реша давонидани ифтротгароии динӣ сабаби он мегардад, ки ҷавонон ба ҷойи омӯхтани илм, навоварию ихтироъкорӣ, даст ба амалҳои ношоиста зада, ҳайёти хешро месӯзонанд. Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, имрӯзҳо роҳбарону аъзоёни созмону ташкилотҳои ифротгароёни динӣ ба паҳн намудани адабиёти динӣ, видеороликҳои ифротӣ ва мағзшӯии ҷавонон машғул мегарданд. Баъди пайдоиши шабакаи интернет ва махсусан сохта ба истифода додани шабакаи иҷтимоӣ дар ин торнома фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ тамоман шакли худро иваз намуда, ба марҳилаи сифатан нав баромадааст, ки дар аксар маврид пешбиннашаванда мебошанд. Тоҷикистон низ аз ин падидаву равандҳои манфии олам дар канор набуда, тайи 30 соли давлатдорӣ бо чунин таҳдиду хатарҳо муборизаи беамон бурда истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар умум тамоми онҳо мусулмон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишвари мо низ дар аксари ҳолат таҳти ташвиқу таблиғи ташкилоту созмонҳои ифротгарову террористӣ қарор мегиранд. Хусусан, баъди таҳдиду хатарҳои воқеии ДОИШ, ки айни замон худи мавҷудияти он аз байн рафт, вале идеологияву мубаллағони он вуҷуд доранд. Имрӯзҳо ҳатто аъзоёни шохаи Хуросони ДОИШ то ба марзҳои мо расида, ҳам ҳузури физикиву ҳам идеологӣ доранд. Ҳамзамон, баъди сари қудрат расидани ҳаракати Толибон дар Афғонистон, созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористии хусусияти динӣ дошта, фаъол гардида, дар ояндаи наздик ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиду хатарҳои навро хоҳанд офарид. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки эҳтимоли амалиётҳои террористии онҳо дар минтақаҳои мо кам мебошад, чун иқтидору зарфияти давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон бузург мебошад. Вале ба гумони ғолиб идеологияи ифротгароии динии онҳо ба муҳиту фазои давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид доранд. Давлати мо иқтидори бузурги низомиву амниятӣ ва идеологиву иттилоотии мубориза бо созмону ташкилотҳоро дорад. Инчунин, ёдовар мешавем, ки аъзоёни созмону ташкилотҳои экстремистиву террористии мустақар дар Афғонистон, хусусан, “Ҳизби наҳзат”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Хуросони ДОИШ” ва ғайраро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ҳамин буд, ки тайи моҳҳои охир роҳбарияти паймони зиддимиллӣ ва ё ҳамон ҳизби наҳсат аз ҳамкориҳои танготанги худ бо ташкилотҳои болозикрро дар зеҳн дошта, изҳор намуд, ки мо ҷиноҳи низомиро ташкил кардем. Аз ин изҳорот хулоса баровардан мумкин аст, ки наҳзатиҳои дар давлатҳои Аврупо қарор дошта, бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (асосгузораш наҳзатиҳо буданд) ва “Хуросони ДОИШ” ҳамкориҳои бисёр наздик доранд. Ин аст, ки чандин маротиба дар мақолаҳои худ бо факту далел иброз доштем, ки наҳсатиҳо дар ташкилу маблағгузории ҳодисаҳои охири Бадахшон даст доранд ва ҷинояткорон бо саркардагони онҳо машварату маслиҳат карда буданд. Инчунн, худи Пешвои миллат низ тасдиқ карданд, ки наҳзатиҳо 26 миллион сомонӣ саркардагону аъзоёни ҷиноятпешаи Бадахшонро маблағгузорӣ намуданд. Вале мисли ҳамеша саркардаи наҳсатиҳо алломаи даҳкитоба М.Кабирӣ худро фаришта эълон карда, маротибаи дигар дурӯғу туҳматҳоро дар муқобили кишвари мо паҳну пахш кард. Ҳамин тариқ, пас аз заҳролуд гардидани тафаккури ҷавонон, ҳадаф ва нақшаҳои таҳрезишудаи гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, аз байн бурдани давлатҳои миллӣ, аз ҷумла, аз байн бурдани оромии кишвари мо мебошад. Барои пешгирӣ ва зарар нарасонидани ифротиҳо ба давлати мо, пеш аз ҳама, ҳушёриву зиракӣ ва омодагии куллиро набояд аз даст дод. Воқеан ҳам, бо мақсади таъмини амнияти устувори ҷомеаиву давлат, ҷиҳати пешгирии таҳдиду хатарҳои зиёдшавии терроризм, ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуби замони муосир, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиру чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Суҳроби Рустам, сиёсатшинос.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.