ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГТАРИНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Илова кард: admin22-06-2022, 13:43Асоси
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГТАРИНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи нав оғоз гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз назари воқеӣ ба оламиён нишон дод, ки бо роҳи сулҳу ваҳдат омадан мактаби ибратомӯз буда, барои ҳама халқу миллате, ки гирифтори ҷанг ва бесомониҳо мебошад, намунаи ибрат хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро метавон ҳамчун таҷрибаи нави сулҳи тамоми халқҳо ишора кард. Мо имрӯз метавонем ба ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали сардори давлати тоҷикон интихоб шуданашон, чунин сухани воло гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам». Дар кӯтоҳтарин фурсат хомуш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дастоварди таърихии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷањонӣ барҳақ чун таҷрибаи нодири сулҳфаринӣ эътироф гардид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид. Тоҷикистон кишварест, ки бо шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат ба сӯи қуллаи музаффариятҳо қадам мегузорад. Вањдат ҳамчун муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибатҳои некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Сайрамбӣ Ҷалилова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.