ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

“ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАНИНИ ГУЛШУКУФТИ ТОҶИКИСТОН”
Илова кард: admin22-06-2022, 15:13Асоси
“ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАНИНИ ГУЛШУКУФТИ ТОҶИКИСТОН” Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ташаккули босуръату бемайлон, дунё гирифтори нооромиҳо ва баҳсу моҷароҳои гуногуне гардида истодааст, ки ин оромиву осоиштагӣ ва рафоқати миллатҳоро халалдор месозад. Дар ҷомеаи имрӯза кам давлатҳое, ҳастанд, ки аз калимаҳои“ Сулҳ”, “Ваҳдат”, “Дӯстӣ”, “Рафоқат” ва муродифи инҳо истифода баранду бар асоси ин калимаҳо ҳокимияти хешро бунёд созанд. Калимаи “ Ваҳдат” аслан вожаи арабӣ буда, ҳамрешаи калимаҳои “ воҳид”, “ тавҳид” , “ аҳд” ва ҳаммаънои калимаҳои “иттиҳод”,”муттаҳид” мебошад. Дар забони тоҷикӣ ин калима бо вожаҳои сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, ҳамдилӣ ва сарҷамъӣ муродиф ҳисобида мешавад. Ин калима ҳанӯз асрҳо муқаддам дар эҷодиёти бузургони классик ва муосири мардуми мо истифода карда шудааст, ки далолат аз сулҳпарвариву иттиҳодии халқи тоҷик мекунад. Барои исботи ин гуфтаҳо, мисраъҳои вологуҳари Шайх Саъдиро мисол меоварем, ки пештоқи Созмони Миллали Муттаҳидро оро медиҳад ва ҳамчун рамзи ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми давлатҳои ҷаҳон эътироф шудааст; Банӣ одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ё ин ки дар ҷойи дигаре Ҳофизи Шерозӣ дар мавзӯи дӯстиву якдилӣ чунин абёти зебоеро ба қалам додааст; Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Баъдан, дар нимаи дуюми асри 20 алакай моҳияти Ваҳдат рӯ ба таҳаввул ниҳода, маънои васеътареро дар худ ҷой намуд. Дар таърих солҳои 50-60-уми асри 20 ҳамчун солҳои рӯ ба тараққӣ ва сулҳгароии миллатҳо ёдоварӣ мешавад. Зеро маҳз дар давоми ин солҳо чандин мамлакатҳои Африка ба Истиқлолият расида, бо дигар кишварҳои ҷаҳон сулҳро барқарор карданд ва ин давраро Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки дар ин вақт чун намояндаи ИҶШС баҳри мардумонро ба сулҳу салоҳ даъват кардан, ба мамлакатҳои Осиёву Африқо сафар мекард, дар мисраъҳои шеърияш хеле зебо тасвир кардааст; Сулҳ бо имзои моҳо – мардумони офтоб, Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб. Ваҳдат занҷираеро мемонад, ки миёни қавмҳо, миллатҳо, давлатҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳамбастагӣ ва дӯстиеро пайваст месозад. Пойдории ҷаҳони имрӯза, бақои миллатҳо ва ҳамкориҳои босуботи давлатҳои ҷаҳон аз вуҷуди ваҳдату рафоқат дарак медиҳад. Ҳанӯз асрҳо муқаддам, инсоният кӯшиш ба харҷ медод, то мушкилоту норасоиҳои ҷойдоштаро бо роҳи сулҳ ва субот ҳал намояд. Ин раванд ҳарчанд дар шароити ҷаҳонишавӣ каме халалдор ва табдил ба таҳдиду зӯроварӣ шуда бошад ҳам, хушбахтона мазмуну моҳияти худро гум накардааст ва ҳанӯз миёни миллатҳо ва давлатҳо ҷой дорад. Азамати Ваҳдат дар он ҳувайдост, ки миллат, забон, фарҳанг, нажод ва давлат намепурсад ва ба он кор надорад. Ваҳдат як робитаи устувор аст, ки метавонад миёни дилхоҳ шахс, дилхоҳ ҷамъият, дилхоҳ халқу миллат ва давлатҳо ба воситаи қалбу ақл барқарор гардад. Доираи Ваҳдат маҳдуд нест ва ҳар он кас, ки ин ҷодаро пеша кунад, бешубҳа ба баҳористони сабзтарини ҳаёт мерасад. Муқаддасоти миллии мо ва ҳама арзишҳои волои ин сарзамин - забон, фарҳанг, Истиқлолият, озодӣ ва дигар муқаддасоти давлати мо он вақт маъно пайдо мекунанд, он вақт муқаддас ҳисобида мешаванд, ки дар сарзаминамон Ваҳдати миллӣ барқарор бошад. Ваҳдати миллӣ чист? Ваҳдати миллӣ эҳсоси ягонагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Барои ба вуҷуд омадану шакл гирифтан, пойдор ва хусусан бегазанд гардидани Ваҳдат як халқ ва миллат бояд ин ягонагиро дар ҷисму ҷони худ, аз кӯраи сӯзони асрҳо бигзаронад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд ва пеш аз ҳама таҳаммулпазиру содиқ бошад. Акнун назаре мефаканем ба таърихи ба даст оврадани Ваҳдати миллии халқи тоҷик. Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд. Агар ба таърих назар афканем, миллати тоҷик ҳарчанд пас аз парокандашавии давлати Сомониён соҳибистиқлолияташро аз даст дода буд, аммо Ваҳдати миллии худро тавонист нигоҳ дорад ва ин ваҳдатро кӯшиш мекард бо дигар қавму миллаҳо низ барқарор созад. Мо, аз азал миллати сулҳдӯстем ва ваҳдату ягонагӣ шиори мо буд. Мутаасифона, пас аз пошхӯрии ИҶШС ва қабули Эъломиияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон миллати мо гирифтори офати ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Мо тавонистем ормони ҳазорсолаи худ - Истиқлолиятро ба даст орем, аммо мутаасифона бо таъсири гуруҳҳо ва ҳар гуна равияҳои ифротиву зиддиҳукуматӣ оромиву осоиштагии миллати мо аз байн бурда шуд. Душманону бадхоҳони миллати тоҷик намехостанд, ки Тоҷикистони тоза ба мустқилият расида, дар фазои оромиву осоиштагӣ шаҳди истиқлоли хешро чашида, ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад. Мақсади онҳо нобудӣ ва парокандагии миллати қадимаи тоҷик буд. Мардуми мо ба гуруҳҳои мухталиф тақсим шуда, паси сангарҳои ба ҳам муқобил ҷой гирифтанд ва гӯё раҳму шавқат аз байн рафта бошад, қатли ом мекарданд. Дар он рӯзҳои пур аз даҳшат миллати мо дар зери таъсири омилҳои ифротӣ ваҳдату сарҷамъие, ки аз ниёгони худ ба мерос гирифта, асрҳову солҳо ҳифз карда буд, ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳод. Мамлакат дар марзи нобудӣ қарор дошт. Мардуми мо ба нури умеде эътиёҷ дошт, то торикиву зулматро аз сарашон бардорад ва дубора ба зиндагиашон нур пошад. Аммо дар он лаҳза на ҳар касе ҷуръат ба ин амалро дошт. Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз, ки сарнашвишти миллати тоҷик ҳал мешуд ва мо нақлашро аз бузургон шунидаву аз саҳифаҳои таърих хондаем, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифта, бо боварии том ва ҷасорати тоҷикона аз минбари баланд, садо зад; ” Ман ба шумо сулҳ меорам!”. Ин фарзанди содиқи халқу миллат, бо вуҷуди ҷавону дар арсаи сиёсат навқадам буданаш, ба сари нангу номуси ватандорӣ омада, амнияту сулҳу суботро ба Ватан бар гардонд - Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои халқи тоҷик мебошад, ки дар зулмати кинаву адоват ва муборизаҳои бесару сомон чун нури зулматкуш фурӯзон шуда, ба сарзамини аҷдодии худ сулҳ овард. Дар замоне, ки Ватан дар марзи нобудшавӣ ва миллати тоҷик дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт ва аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида, таҳдиду фишорҳо оварда мешуд, Президенти ҷавони Тоҷикистон хост кори худро аз сулҳ оғоз кунад ва бо ин мақсад Комиссияи оштии миллиро ташкил кард ва ба сарҷамъ кардану ба як мақсад овардани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа пардохт. Албатта ин коре буд басо мушкилу баҳсталаб. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин мушкил натарсида, шерона ба майдон қадам гузошт ва баҳри овардани сулҳ бо мухолифони давлату миллат сари мизи музокирот нишаст. Музокирот ва гуфтушунид баҳри ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз соли 1994 оғоз гардида, соли 1996 хотима ёфт ва дар 8 давра сурат гирифт. Давраи аввал дар шаҳри Масква (5-19 апрели соли 1994), гузаронида шуд, ки дар он ҳуҷҷати “Рӯзномаи гуфтушунидҳои миёни тоҷикон оид ба истиқрори сулҳ” қабул гардид. Давраи дуюм, дар шаҳри Теҳрон рӯзҳои 18-28 июни соли 1994 “Созишномаи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар замони гуфтушунид” ба тавсиб расид. Давраи 3-юм, ш. Исломобод (20.10.1994) буда, дар он Протоколи комиссияи муштарак баҳри пиёда сохтани “Созишномаи оташбаси муваққатӣ...” имзо кард шуд. Дар ин давра нахустин вохӯрии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ррщбари мухолифин Сайид абдулло Нурӣ дар таърихи 17 -19-уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул ба ҷуқуъ пайваст. Ин вохӯри бо ташаббус ва миёнаравии роҳбарони давлати Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ташкил кард шуд. Давраи чоруми музокирот аз 22-юми май то 1-уми июни соли 1995 идома кард, ки дар он изҳороти муштараки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мухолифини тоҷик аз рӯи ҷамъбасти даври чоруми гуфтушунидҳои байни тоҷикон баҳри Ваҳдати миллӣ қабул карда шуд. Давраи панҷум бетанаффус дар ш. Ашқобод баргузор гардид, ки аз се марҳила иборат буд. Давраи шашум, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдулло Нурӣ дар ш. Масква дар таърихи 23-юми декабри соли 1996 амалӣ шуд. Давраи ҳафтум аз 26- феврал то 8-уми марти соли 1997 дар шаҳри Масква гузаронида шуд, ки дар он Протокол “Оид ба масъалаҳои ҳарбӣ” ба имзо расид. Роҳбарон ва намояндагони махсуси Муншии аввали Созмони Миллали Муттаҳид - Герд Дитрих Меррем дар зери “ Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ” имзо гузоштанд. Давраи ҳаштум дар ш. Теҳрон, 21-28 майи соли 1997 баргузор гардид ва дар он “Протокол оид ба кафолати амалигардонии Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Имзои ин созишномаи таърихӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Масква, дар толори Георгий Кремл, дар ҳузури Президенти онвақтаи Федератсияи Россия Б,Н Елсин, Эмомалӣ Раҳмон, Сайид Абдулло Нурӣ ва Г.Д. Меррем баргузор шуд ва “ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва протокол дар бораи якдигарфаҳмӣ дар байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шарипович ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдулло Нурӣ ба имзо расид. Протокол ҳуҷҷати тақсимкунандаи даъвати ҷаласаи аввали комиссияи оштии миллиро дар бар мегирифт. Бо қабул ва имзо гардидани ин санади муҳиму басо таърихӣ хурсандиву нишоти мардуми тоҷикро ҳадду канор набуд ва ҳама оғӯши бародарона кушода, ҳамдигарро ба канор мегирифтанд.Ин лаҳзаҳоро ҳарчанд мо аз наздик надида бошем, аммо шаҳди онро аз мисраъҳои шеърии устод Лоиқ эҳсос мекунем, ки чӣ қадар гуворо аст; Раҳми Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бардиёри мо омад, Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт Сулҳи бунёдкори мо омад. Шурӯъ аз ин лаҳзаҳо дар кишварамон ҳамасола 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу тантана таҷлил карда мешавад.Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллати мо дар суханрониашон қайд кардаанд, ”Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Воқеан ҳам маҳз паймони Ваҳдати миллӣ буд, ки заминаи гулшукуфти миллати моро муҳайё кард ва Тоҷикистонро ба имрӯзи равшан овард. Имрӯз дар ҷомеи муосири Тоҷикистон Ваҳдат дар ду мафҳум таҷассум меёбад . Мафҳуми аввал, ҳамон Ваҳдате, ки 25 сол қабл миёни миллати тоҷик ва мухолифини он барқарор шуд ва дар асоси он имрӯз давлати мо ба радифи кишварҳои амн дар сайёра дохил шудааст. Маҳз аз баракати Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбеи гулгунқабо дар рӯзномаи “ Глобал фейс” ҳамчун амнтарин шаҳр дар шабонгаҳ эътироф шудааст. Маҳз аз баракати Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо дар Созмони Милли Муттаҳид дорои як овоз аст. Маҳз аз нумӯи Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз садҳо варзишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштрок намуда, парчами Ватани маҳбуби хешро баланд мебардоранд. Маҳз вуҷуди Ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатӣ ҳаст, ки имрӯз пиру барнои кишвар дар ҳама самт фаъолият намуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд. Мафҳуми дигари Ваҳдат ин, иттиҳодии ҳама мардуми ҷаҳон новобаста аз нажод, миллат, давлат ва фарҳангу забон аст. Ин ҳамон Ваҳдате ҳаст, ки бар асосӣ якдилӣ бунёд меёбад. Пирӯзӣ ва муваффақият, пешрафти ҳар миллату давлат ба ягонагиву муттаҳидӣ ва якдилии шаҳрвандони он сахт алоқа дорад. Дар ин мавзӯъ Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ хеле хуб гуфтааст; Парокандагӣ аз нифоқ хезад, Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад. Яъне, алакай ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳонишавӣ бо тарафҳои манфии худ ҳар гуна хатарҳоро эҷод карда истодааст ва аҳли ҷаҳонро зарур аст, ки бар алайҳи ҳама гуна зуҳурот якдилона ва сарҷамъона баромад намуда, чун мушти пурқудрате шикастнопазир бошанд ва дар ин ҷо низ нақши калидиро Ваҳдат мебозад. Имрӯз дар фазои сулҳу салоҳ миллати тоҷик бо дастгирии ҳамаҷонибаи бародаронаш, ки дар маҷмӯъ халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бо сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлоли миллӣ, давлату давлатдории миллианд ва бо иродаи матин ба таври доимӣ ин муқаддасоти миллиро ҳифз ва рушду такмил медиҳанд. Дар бораи Ваҳдати миллӣ мо агар ҷилд- ҷилд китоб нашр кунем, камӣ мекунад, зеро вуҷуди Ваҳдат ва ба даст овардани он барои миллати мо арзишмандтарини ҳодисаи таърихие ҳаст, ки бо ҳуруфи заррин сабт шудааст. Инҷо, якчанд иқтибосҳоро аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони барӯманди кишвар, ки дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу Истиқлолият бевосита саҳмгузор будаанд, чун рамзи ҳифозату арзишмандии Ваҳдати миллӣ мисол меорем; “ Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистаанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомӯш сохта, бо сулҳу созиш, Ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян намоянд, ҳамеша сипогузорем!”.( Аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ). “ Истиқрори сулҳ заминаи ваҳдати миллиро фароҳам овард. Вале барои он ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таври воқеӣ устувор гардад, зарур аст, ки омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хуб корбаст шавад. Дар ин раванд пеш аз ҳама омили иқтисодӣ басе муассир аст”.(М.Убайдуллоев собиқ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ). "Созишнома маҳсули гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва мураккаб байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои мухолифини тоҷик буд, ки аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта бо муваффақият анҷомид. Тӯли он Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароитҳои ниҳоят вазнин ва вазъиятҳои хеле мураккаб бо мухолифини муттаҳидаи тоҷик дар мамолики хориҷа панҷ маротиба мулоқот намуданд ва ин сӯҳбатҳо душвортарин масъалаҳои муносибати тарафайнро тадриҷан баррасӣ кард”. “ Паст рафтани сатҳи маънавиёт ва бурҳонӣ фарҳангӣ моро ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба маҳалгароӣ, фанатизми динӣ, радикализми сиёсӣ, ҷудоихоҳӣ, бегонапарастӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа оварда расонид. Аз ин рӯ ваҳдатофаринӣ вазифаи на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гардид. Мавҷи ҳаракати миллӣ он қадар пурқувват буд, ки ҳамаро чӣ ҷавону чӣ пирро ба оғӯши хеш кашид ва аз онҳо дарёи пурталотуме ба вуҷуд овард, ки он моро ба сӯи мақсади аслии миллат – Ваҳдати миллӣ роҳнамун сохт”.(С. Сафаров, профессор). Аз таҳлилу баррасӣ ва мутолиаи ин иқтибосҳо метавонем бо ифтихор ва сарбаландӣ бигӯем, ки Ваҳдати миллӣ барои халқи мо арзишмандтарин, волотарин, зеботарин ва муҳимтарин дастоварде ҳаст, ки на ҳар халқу миллате ба ин ганҷ соҳиб мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик тавонист пас аз солҳои тӯлонии парокандагӣ ва номустақилӣ бо ташаббус ва ҷонфишониҳои фарзонафарзандони худ, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатеро бунёд кунад, ки ҳар хишти он аз дӯстиву рафоқат ва сулҳу салоҳ бунёд ёфтааст. Пас аз қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Президенти кишвари мо кори худро бо баргузор кардани маросими ҷашнии "оши оштӣ" оғоз кард ва ҳама буғзу ҳасадҳоро аз дили миллат ба дар овард, ки ин нишон аз ҳиммати волои ин марди хирад мебошад. Мо ҷавонон, имрӯз дар мамлакати ободу зебо, амн, осоишта ва сарсабзу маҳбуби дилҳо умр ба сар бурда истодаем, ки ифтихори бузург аст. Мо бояд шукргузор бошем, шукрона аз ободии ин меҳани аҷдодӣ, аз фазои осоиштаи давлат, аз шароитҳои мусоид ва замонавӣ кунем ва пеш аз ҳама пайрави асили Пешвои муаззами миллат буданро рисолати азаливу абадии хеш қарор диҳем. Мо ҷавонон, нерӯи озанда ва таҳкимбахшанда ҳастем. Ояндаи давлат дар дасти мост. Фарзандони ғаюр ва фарзонаи миллати мо дар ҳама давру замонҳо тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳуввияти миллиро бо ҷасору матонат, зиракиву фаросат ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд. Пас мо низ бояд идомадиҳандаи ин роҳ бошем. Ман ҳамчун фарзанди ин сарзамин, ҳамчун пайрави Пешвои муаззами миллат, пешниҳод бар он дорам, ки барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас чунин озмунҳо зиёд карда шавад ва баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ тақвият бахшида шавад. Зеро ин иқдомҳо боис мешаванд дӯстиву иттифоқии ҷавонон мустаҳкам шавад ва онҳо якдилу якмаром бошанд. Чун таҷрибаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, “ Илм фурӯғи маърифат” ва “ Тоҷикистон - Ватани азизи ман” исботу далели равшани гуфтаҳои болост. Инчунин пахши бештари филму роликҳои тарбиявӣ на танҳо дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ, балки ҳамарӯза низ ба рӯҳияи ҷавонон таъсиргузор хоҳад буд. Вақте шахс Ватанро самимона дӯст медорад, ҳар як ҳарфи эҷодкардааш аз жарфи дил берун меояд ва имрӯз мо ҷавонон сарбаландем, ки дилномаҳои худро нисбати Ватан, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва дигар арзишҳои миллӣ озодона баён мекунем. Дар интиҳои гуфтаҳо, бо чанд мисраъ шеъри шоири зиндаёд, муаллифи Суруди миллӣ, Гулназар Келдӣ азамати Ваҳдатро хулосабарорӣ менамоем. Сарсабзу гулфишон шуд, то навбаҳори Ваҳдат, Овозаи ҷаҳон шуд ному диёри Ваҳдат, Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по гузоранд, Рашту Хуҷанду Кӯлоб, Вахшу Ҳисори Ваҳдат. Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ, Аз ифтихори Ваҳдат, аз эътибори Ваҳдат. То шеъри Рӯдакӣ ҳаст Наврузии дили мо Чашми хазон наафтад дар навбаҳори Ваҳдат. ПОЯНДА БОД ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН!silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.