ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ТТЭ ҲНИ дар нооромии Бадахшон гунаҳкор аст
Илова кард: admin22-06-2022, 15:26Асоси
ТТЭ ҲНИ дар нооромии Бадахшон гунаҳкор аст Чанде пештар саркардаи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар бораи силоҳ гирифтану зарурати муборизаи мусаллаҳона эълом дошта буд. Инчунин чанд расонаи хабарӣ дар хусуси қаноти ҷангии наҳзатиҳо хабар пахш карда буданд. Акнун маълум мегардад, ки инҳо барои як ҷанги нав, барои ғасби ҳокимият ва ба хунрезӣ кашондани кишвар омода мешудаанд. Барои татбиқи ин нақша аз вазъи ВМКБ истифода карданӣ будаанд. Тавре, ки дар филми мустанади «Шикасти фитна» ва Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ садо дод, гунаҳкори нооромиҳо дар Хоруғу Рушон неруи бадхоҳи хориҷӣ ва терористони наҳзатӣ будаанд, ки бо маблағгузорӣ кардани гурӯҳҳои ҷиноятӣ мехостанд вазъро ноором кунанду дастаҳои ҷангиашонро вориди кишвар созанд. Аммо баъд аз он ки дар ташкили нооромиҳо ва ҷинояткориҳои Хоруғу Рушон айбдор будани ТТЭ ҲНИ фош шуд ва ҳатто ошкор гардид, ки 26 миллион пулро ин ташкилоти террористӣ ба гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ фиристодааст, мебоист, ки М.Кабирӣ дигар хомуш мемонду лаб фуру мебаст. Лекин бешармиаш то ҳаддест, ки боз баромад мекунаду худро сафед мекунад. Сомонаҳои ифротии наҳзатӣ ва лагандбардори мисли «Бомдодком» ҳам гуфтаҳои уро таблиғ мекунанд ва дуруғашро рост карданӣ мешаванд. Дар асл, сохторҳои қудратӣ буданд, ки пеши роҳи ин ҳама фитнаро гирифтанд. Дар рафти доир шудани амалиётҳои дақиқкоронаи неруҳои амниятию ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳои хавфноки ҷиноятӣ-террористӣ, ки аз суи наҳзатиҳо ва сарпарастони хориҷиашон маблағгузорию роҳнамоӣ мегардиданд, маҳв карда шуданд. Дар натиҷа фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар Хоруғу атрофи он қатъ гардид.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.