Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз давраи кӯҳан урфу одат, анъанаи худро дорост. Ҳар қавму қабила либосҳои худро доранд, алалхусус мардуми Кулобзамин аз қадимулайён бо куртаи чакан дар дигар давлатҳо шинохта мешаванд. Чаканҳои нави либоси мавсимӣ, балки либоси дар муди давраҳои пеш дохил шуда мебошанд.
Имрӯзҳо, ки баъзе ҷавондухтарон як навъ либосҳои ғарбиро муди нав гуфта ба бар мекунанд, ки албатта ин як навъи либоси сиёҳи сатрдор мебошад, ки комилан ба урфу одати миллати тоҷик мансубият надорад.
Дар баъзе кишварҳои дигар ин навъи либоси сиёҳро танҳо дар рӯзҳои дафну аъзодорӣ мепушанду халос. Мутаассифона ин либосро баъзе аз духтарон ба бар мекунанд, ки ин либос моли мо нест! Барои баланд бардоштани этикаи ҷавондухтарону занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ қадами устувор монда истодааст, ки дар муассисаҳо либоси ягона ба бар мекунанд. Ба тарбияи фарзанд диққати аввалиндараҷа додани давлату Ҳукумати кишвар ифода намуда, доир ба нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ба бар намудани либосҳои оддии тоҷикона барои насли оянда нақши калидӣ мебозад.
Тавре ки шоирону навизандагони муътабари мо "Қобуснома” – и Унсурмаолии Кайковус, Ҳусайн Воизи Кошифӣ оиди мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллат ташаккули урфу одати ниёгонамон мебошад. Дар китоби "Ахлоқи муҳсинӣ” менависад: "Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод таҳсили адаб аст.”
Аммо набояд фаромӯш кард, ки таълиму тарбияи дар пайвастагии се ниҳоди иҷтимоӣ – оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Аммо ба ин се ниҳод фазои иттилоотӣ, ки дар даврони муосир музмуни он ҳамрадифи тафаккури ҷаҳонист, таъсири зиёд мерасонад. Бо назардошти ин мо тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар, натиқаи мусбат ба даст меорад. Мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувор мегардад. Наврасон, ки ҳоло ҳаракату рафтори худро дарк накарда, миёни сиёҳу сафед фарқ гузошта наметавонанд, ҳамеша дар мадди назар гузоштанашон лозим аст. Аз пушидани ҳар гуна либоҳои бегона онҳоро худдорӣ намеом.
Алишер Одинаев,
омӯзгори забон ва абадиёти МТМУ №23.