Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Сулҳу Ваҳдатитоҷикон барои тамоми милллату халқиятҳои ҷаҳон намунаи ибрат гаштааст. Орзӯи ягонаи халқҳои мамлакатҳои ҷангзада ин аст, ки онҳо бо ҳам биёянд ба сари як миз нишаста якдигарфҳмӣ намоянд.
Мисли мо барин як мамлакати ободу зебое бисозанд ва тинҷию оромии зиндагияшонро ба сар бибаранд. Аммо амри тақдир ба онҳо даст нимедиҳад. Чаро? Аввал ин, ки Худованд аз фикру андешаву дили онҳо огоҳ мебошад инро як су гӯем, дуюм ин аст, ки миллати бофарҳангу бо тамаддун дурнамодор лозим аст, ки сари ин мақсад биёянд. Миллати тоҷик 1000 – солаҳо давлату давлатдориро паси сар кардааст. Ин халқ дар дилу майнааш аз қадимулайём ободкорию созандагӣ чарх мезад. Бинобар ин дар хуну устухон ҷой доштани онро Худову банда медонист. Кинаву адоватро якдигарбахшиданро оммаи ҳар халқ ба ҷой оварда наметавонад
Аз воситаҳои ахбори умум мо мебинем, ки яке аз мамлакати ҷангзада Афғонистон ҳеҷ не ки сари як мақсад биёянд. Ҳатто мамлаклатҳои абарқудрати дунё ба мисли Амрико, Русия ва Чин тамоми талошро барои он карда истодааст, ки дар мамлакат тенҷию оромӣ пойдор шавад. Аммо ҳеҷ не ки ин миллат сари мақсад биёяд.
Бузургмеҳрро пурсиданд. Киро шахси бадавлаттарин меҳисобанд? Ӯ дар ҷавоб гуфт. Онеро, ки панҷ қисмати бодавлатӣ насиби уст.
1.Дар мамлакати тинҷу ором зиндагӣ ба сар барад.
2.Ӯ озод аст. Яъне маҳбус нест.
3.Тани сиҳату саломат дорад.
4.Зану фазанди солеҳу солеҳа дорад.
5.Хонаи ободу молу ҳол дорад.
Хонандаи азиз андаке ин қисматҳоро таҳлил намо. Мамлакат тенҷ, ором набошад дороии ту ҳеҷ аст. Яъне ту худ маҳбусӣ ба ҷое рафта наметавони хавфу хатар пайваста туро таҳдид мекунад. Аз фикру андешаи бисёр саломатиро аз даст дода лоғар мегарди. Нооромӣ ба одобу рафтор, таълиму тарбияи фарзанди ту таъсири манфӣ мерасонад. Ту худ кафолат дода наметавони, ки он молу ҳоли дорӣ аз они туст ё ҳар лаҳза дигаре онро соҳиб мегардад.
Бинобар ин мо ҳеҷ гоҳ ин панди бузургворро бояд фаромӯш насозем. Мо дар давлати тинҷу ором зиндагӣ ба сар мебарем. Онҳое, ки озод ҳастем, тани сиҳат дорем, зану фарзанд дорем, бо давлат бошем. Аслаш ин аст, ки мамлакти мо тенҷу ором аст. Боқӣ қисматҳои бодавлатӣ аз худи мо вобастагӣ дорад.
Мирзоев Хайриддин, директори МТМУ №22
silvenpsp.rusferurezki.ru