| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Сулҳу Ваҳдати тоҷикон барои тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон намунаи ибрат гаштааст. Орзўи ягонаи халқҳои мамлакатҳои ҷангзада ин аст , ки онҳо бо ҳам биёянд, ба сари як миз нишаста якдигарфаҳмӣ намоянд.
Мисли мо барин як мамлакати ободу зебое бисозанд ва тинҷу ором зиндагиашонро ба сар бибаранд. Аммо амри тақдир ба онҳо даст намедињад. Чаро? аввал ин , ки Худованд аз фикру андешаву дили онҳо огоҳ мебошад инро яксу гўйем , дуюм ин аст, ки миллати бофарҳанг бо тамаддун, дурнамодор
лозим аст, ки сари ин мақсад биёянд. Миллати тоҷик 1000 солаҳо давлату давлатдориро паси сар кардааст. Ин халқ дар дилу майнааш аз қадимулайём ободкорию созандагӣ чарх мезад. Бинобар ин дар хуну устухон ҷой доштани онро Худову банда медонист.
Кинаву адоватро, якдигарбахшиданро оммаи ҳар халқ ба ҷой оварда наметавонад.
Шамс Раҳмонов,
директори МТМУ №11.