Главная > Ичтимоиёт > БА ҚАДРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БОЯД РАСИД

БА ҚАДРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БОЯД РАСИД


18-07-2019, 14:51. Разместил: adminn

Сулҳу Ваҳдати тоҷикон барои тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон намунаи ибрат гаштааст. Орзўи ягонаи халқҳои мамлакатҳои ҷангзада ин аст , ки онҳо бо ҳам биёянд, ба сари як миз нишаста якдигарфаҳмӣ намоянд.

      Мисли мо барин як мамлакати ободу зебое бисозанд ва тинҷу ором зиндагиашонро ба сар бибаранд. Аммо амри тақдир ба онҳо даст намедињад. Чаро? аввал ин , ки Худованд аз фикру андешаву дили онҳо огоҳ мебошад инро яксу гўйем , дуюм ин аст, ки миллати бофарҳанг бо тамаддун, дурнамодор
лозим аст, ки сари ин мақсад биёянд. Миллати тоҷик 1000 солаҳо давлату давлатдориро паси сар кардааст. Ин халқ дар дилу майнааш аз қадимулайём ободкорию созандагӣ чарх мезад. Бинобар ин дар хуну устухон ҷой доштани онро Худову банда медонист.
Кинаву адоватро, якдигарбахшиданро оммаи ҳар халқ ба ҷой оварда наметавонад.

        Аз воситањои ахбори умум мо мебинем, ки яке аз мамлакати ҷангзада Афғонистон ҳеҷ неки сари як мақсад биёянд. Ҳатто мамлакатҳои абарқудрати дунё ба мисли Амрико, Руссия ва Чин тамоми талошро барои он карда истодааст, ки дар ин мамлакат тенҷиву оромӣ пойдор шавад. Аммо ҳеҷ не ки ин
миллат сари мақсад биёянд.  Бузургмеҳрро пурсиданд. Киро шахси бадавлаттарин меҳисобанд?  Ў дар ҷавоб гуфт. Онеро, ки панҷ қисмати бодавлатӣ насиби уст.
    1.Дар мамлакати тинҷу ором зиндаги ба сар барад.
     2. Ў озод аст. Яъне маҳбус нест.
      3. Тани сиҳату саломат дорад.
      4. Зану фарзанди солеҳу солеҳа дорад.
      5. Хонаи ободу молу ҳол дорад.
 
     Хонандаи азиз андаке ин қисматҳоро таҷлил намо. Мамлакат тенҷ, ором набошад дороии ту ҳеҷ аст. Яъне ту худ маҳбусӣ ба ҷое рафта наметавонї, хавфу хатар пайваста туро таҳдид мекунад. Аз фикру андешаи бисёро саломатиро аз даст дода лоғар мегардӣ. Нооромӣ ба одобу рафтор, таълиму тарбияи фарзанди ту таъсири манфӣ мерасонад. Ту худ кафолат дода наметавони, ки он молу ҳоле дорӣ аз они туст ё ҳар лаҳза дигаре онро соҳиб мегардад.
        Бинобар ин мо ҳеҷгоҳ ин панди бузургворро бояд фаромўш насозем. Мо дар давлати тенҷу ором зиндагӣ ба сар мебарем. Онҳое, ки озод ҳастем, тани сиҳат дорем, зану фарзанд дорем, бо давлаттарин инсонҳо ба ҳисоб меравем. Бояд шукургузор бошем. Аслаш ин аст, ки мамлакати мо тенҷу ором аст. Боқӣ қисматҳои бодавлатӣ аз худи мо вобастагӣ дорад.

Шамс Раҳмонов,

директори МТМУ №11.

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад