ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Таҷлили ҷашни Рўзи Президент
Илова кард: adminn19-11-2019, 17:09---

16 ноябри соли 2016 ҳамчун як санаи муқаддас дар саҳифаи таърихи тоҷикон сабт хоҳад гардид. Чи тавре ки ҳамагон медонем 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва бидуни иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рўйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузарги сиёсӣ гардид. Ин гардиши бузург дар сарнавишти халқи тоҷик аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ва муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ ба даҳҳо қарни зиндагии ин мардум дар ҳошияву поварақи сиёсати давлату дарборҳои бегона баробар мебошад. Бо фаро расидани Истиқлол миллати деринатаърих пас аз он ҳама поймолсозиҳои манфиятҳои миллӣ парчами озодӣ ва истиқлолро дар қалби яке аз минтақахои пурҷўшу хурўшисиёсати ҷаҳонӣ барафрохта, ҷойгоҳи шоистаи хешро дар сиёсати иқтисод ва фарҳанги ин ҳавзаи азими тамаддунзо ба даст овард. Ин ҳақиқати таърихӣ ва ин орзуи дерина, ки афсона ба назар мерасид, ҷомаи амал пўшид ва дар китоби бузурги таърихи тоҷикон фасли наве бо номи даврони Истиқлол боз гардид.

Чуноне ки аз таърихи сиёсӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, марҳилаи гузариши ҳар давлату кишвари тобеъ ба сўйи истиқлол давраи басо душвор ва кори пурмасъулият барои миллат ва пешвоёни сиёсии он буда, дар ҳар кишвар шаклҳои худро дорад. Пешвои муаззами мо аз он бузургонест, ки барои Ваҳдату Истиқлолият офарида шудааст. Чуноне ки Тариқ Иқбол Сумро, сафири Покистон дар симои Пешвои муаззами мо гуфтааст: "Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон метавонанд фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфияти ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомали Раҳмон дар ҳақиқат марди нодир аст”. Мисли ҳамин гуфтаҳотоҷикон дар тули ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нуҳуфтаи сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид. Ниёгони хирадпешаамон ҳамвора дар орзуи расидан ба ин рўзи хўррамиву фирўзӣ ниёишҳои зиёдеро ба қалам овардаанд ва танҳо дар даҳсолаи охири асри ХХ мо ба ин саодати бузург шарафёб шудем.

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувийат ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсиидунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳуввият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливутаърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кўтоҳи замонӣ ба дасовардҳои назаррас ноил гардид ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувийати миллӣ ва шакл гирифтанитафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ѓурури миллӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар шаваем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чи бештар насли имрўзро огоҳ намоем.

Сабақҳои ибратомўзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорўямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.

Омўхтани рўйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргўзидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кўлоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон хушиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд.

Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷўҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст.

Рў овардан ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузургихудогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф, ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътимод ва эътиқод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.

Мо дар ҷаҳон имрўз фарҳанги беназир дорем ва вориситамаддуни беш аз ҳазорсола ҳастем. Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангиву таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавраиди эҳтироми хосу ом мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрўза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароѓи маърифатро партавфишон созем ва ба наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд.

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибуҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимиистиқлолияти давлатӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хешбо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шўҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замонбоиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургиву тавонмандии онҳо далели эҳтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихиву сиёсӣ ва фарҳангии халқи азизамон аст.

Яке аз ана ҳамин абармардони сиёсию таърихии халқи азизамон Асосгузори сулҳу Вахдаити миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мебошад, ки хизматҳои ў дар Истиқлолияту Ваҳдати миллии халқамон беназиранд. Имрўз айни муддао шуд, ки бо қадрдонӣ Рўзи 16 ноябри соли 2016-ро рўзи таҷлилӣ ҷишни Президент эълон доштанд ва минбаъд ин рўзро ҳамчун таҷлили Рўзи Президент қайд мекунанд.

Мардуми шарифи ноҳияи Муъминобод бо овози баланд ва ҳисси ифтихори миллӣ ин рўзро Рўзи сарнавиштсози миллат қабул намуданд. Рўзҳои 12-13-уми ноябр дар китобхонаи марказии ноҳия, китобхонаҳои рақамии деҳаҳо ва «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» намоиши китобҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба намоиш гузошта шуда, мардуми зиёди толибилм аз он баҳра бардоштанд. Рўзи 15 ноябр дар назди «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» муаррифии китобҳои тозанашри Президенти мамлакат «Забони миллат- ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» бо иштироки 127 нафар омўзгорону хонандагон ва зиёиёни ноҳия баргузор гардид.

Рўзи 16 ноябри соли 2019 бо иштироки тамоми мақомотҳои дар дар ноҳия буда, муаллимону зиёиён ва сокинони ноҳия роҳпаймоии умуминоҳиявӣ ва маҷлиси ботантана ба ифтихори таҷлили Рўзи Президент баргузор гардид, ки ифтихор аз ватандорӣ ва ватанпарварист.

Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, поянда бод Ваҳдати миллии мардуми тоҷик!

Шараф ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Рўзи Президенти кишвар ба ҳама мардуми шарафманду тамаддунсози халқи тоҷик муборак бошад!

Олимҷон Табаров- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.