ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Хатарҳо ва сабақҳои замони муосир
Илова кард: adminn16-12-2019, 15:13---

Дунёи имрӯза ба бузургтарин дардҳову фоҷеаҳо, фасодҳои ахлоқию иҷтимоӣ мушкилоти гушношуниди сиёсӣ, аз қабили ифротгароӣ, радикализм, экстремизм, тафриқаандозӣ, зулму ситезаандозӣ ва ғайра гирифтор шудааст, ки ин ҳама аз зиёдахоҳии инсону дурр шудан аз асли хеш ва маданияту маънавиёт сарчашма гирифта, сади роҳи саодат ва зиндагии шоистаи инсоният гардида истодааст.

Дар нимаи дуюми асри 20 ва ибтидои асри 21 дар қатори масоили экологии ҷаҳон вазиёдшавии (ҷаҳон) аҳолии кураи замин, ташкилоти ҷаддиде бо номи тераризму экстремизм ва радикализм рӯи кор омада, ба праблемаи глобалии олам табдил ёфт. Терроризм, экстремизм, радикализм аз рӯи хусусиятҳояшон гуногун буда, бадбахтона фаҳмишҳои нодурусти динӣ ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаи ҷомеаи имрӯзаро истифодабарӣ менамоянд.

Вайрону валангор намудани объектҳои махсусан муҳим, оташ задании манзилгоҳҳо, мактабҳо, иншоотҳои таърихӣ, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии одамон, рабудани инсонҳо, гаравгонон, таҳдиди куштан, ташвиқоти тераристӣ ва ғараҳо аз зумраи шаклунамудҳои ин падидаи номатлуб ва хатарзои ҷомеа маҳсуб мешавад.

Ҷаҳони муосир дар раванди якшавии тамадунҳо ба таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ шудаистодааст, ки он хавфи зиёдеро ба амнияти воқеии давлатҳо меовард. Абарқудратҳо ҷаҳонро ба хатари омезиши дину мазҳабҳо рӯ ба рӯ нашудаанд. Аз ҷумлаи он шомилшавии бархе аз ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои хусусиятҳои ифротгароӣ дошта монанди «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳизб –ут таҳрир», «Таблиғ» созмонҳои «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷиндуллоҳ», «Ансоруллоҳ» ҷараёни дини «Салафия» ва ғайра мебошад.

Бо назардошти хатарҳои реалӣ доштани ташкилотҳои байналмилалии ифротгаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳҳоро дар қаламрави кишвар манъ эълон доштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш дар мулоқот аҳли зиё ва ҷавонон пайдо шудани равияҳои динии ғайрисунатӣ, ҳизбҳои сиёсии хусусияти тероиристидошта ва ба онҳо шомил гардидани ҷавононро яке аз мушкилоти душвори ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа ва тамоми мардуми боору номуси кишвар донистаанд.

Барои ҳаллу фасли вазифаҳои дар наздамон истода пеш аз ҳама мо маорифчиён, устодон ва омӯзгорон, аҳли зиё, ҷавонон, кормандони васоити ахбори умум инчунин матбуотро зарур аст, ки баҳри тарбияи насли наврас ва ҷавонони худогоҳӯ хештаншинос, ватанпарвару маърифатхоҳ тамоми донишу маҳорат ва қобиляту таҷрибаи худро равона намоем.

 

Директори муассисаи

таҳсилоти асосии № 43: Наимов М

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.