ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Оқибатҳои терроризм пешгирӣ аз он
Илова кард: adminn8-01-2020, 16:06---

Мо миллати хушбахтем, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ кору фаъолият менамоем. Зеро дар харитаи сиёсии олам ба таври ҷовидонӣ сабт шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ҷиҳати татбиқи орзуву ормонҳои нуҳуфтаи миллӣ имкониятҳои фаровон пешни­ҳод менамояд. Вале воқеаҳои ҳузнангезе, ки дар давлатҳои мутараққии олам ва як қатор кишварҳои дигар ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ҳеҷ як фарди худогоҳу худшиносро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин бесару­сомониҳо иддае аз мардуми пастфитрату бемаъри­фат дини мубини исломро ба худ сипар намуда, боиси вайронкориву бесарусомониҳо гаштаанд, зеро онҳо воқиф нестанд, ки бо ин рафтору амалиёти худ теша бар решаи ҳастиашон, давлату миллаташон мезананд.

Мутаассифона, ин гуна хиёнаткорону моҷароҷӯён дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба назар мерасанд, ки ба Модар-Ватани худ хиёнат намуда, берун аз хоки Тоҷикистон зери қаноти хоҷагони хориҷии худ нишаста, ба дасисаю иғвогарӣ роҳ дода истодаанд. Ҳайратовар аст, ки ин қабил афродро давлатҳои ҳамзабони мо пуштибонӣ мекунанд.

Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нобуд сохтани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану нобуд сохтани халқи мусулмон аст. <

Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳ иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азиз бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд…

Аз ин рӯ, пеш аз ҳама худи ҷавононро низ зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзида, бо мусоидат дар худогоҳии маънавии худро роҳеро дар масири бунёди фардои озоду обод ва орӣ аз ҳар гуна ифротгаройӣ ва асари номатлуби зуҳуроти дигар бунёд созанд.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ихтило­фоту зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстре­мизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту пади­даҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Бояд тазаккур дод, ки зимни шинохти фаъо­лия­ти ҲНИТ ба ҳайси пуштибон ва сарпараст эътироф шудани баъзе аз кишварҳову ташкилотҳо ба назар мерасад. Таҳлили фаъолияти ҲНИТ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар ирти­бот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамоянд.

Терроризм – силоҳи пурқуввате мебошад, ки дар муборизаи зидди давлат истифода мешавад. Терроризми муосир дар шакли терроризми байналмиллалӣ баромад менамояд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафкани дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Оқибатҳои вазнинтарини терроризм- ин зери хатар монда ниҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Дард, ғаму андӯҳ, бехонаву дар ва пушту паноҳ мондани мардуми заҳматкаш – ин ҳамаро танҳо бо сухан ифода намудан берун аз имконият мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид бар он медоранд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем».

 

Рауфова Ҷамила: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.