ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ваҳдат–муқаддастарин ҷашни миллат аст.
Илова кард: adminn15-01-2020, 15:52---

Дар китоби давлатдории миллати тоҷик ҷашнҳои зиёде ҳастанд , ки ҳар кадоми онҳо аз аҳамият ва вижагиҳои хосе бархӯрдор мебошанд.

Бо вуҷуди ин , кулли донишмандону сиёсатшиносон дар ин масъала иттифоқи назар доранд , ки агар Ваҳдати миллӣ ба даст намеомад , тамоми нақшаҳо барои эъмори давлати соҳибистиқлолу воҳид рӯи об мемонданд. Бо назардошти ҳамин қимати фавқулодаи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои муаззами миллат , Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш фармуда буданд , ки созишнома оид ба Ваҳдати миллӣ аз лиҳози аҳамияти худ бо эъломияи истиқлолияти кишвар дар радиф қарор дорад.

Ваҳдат калимаест, ки фарогири мазмуни сулҳу амният, орзуву ормон , рушди давлат, эътибори миллат ва шукуфоиву созандагӣ мебошад.Ин дастоварди тоҷикон як воқеяи ғайриинтизор барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд ва ҳамин аст , ки имрӯзҳо таҷрибаи мо дар самти ба даст овардани сулҳ мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Туфайли ба даст овардани ваҳдат мо ба ҷаҳониён собит намудем , ки тинати миллати мо саршор аз меҳру муҳаббат васадоқат ба ватан аст ва ҳеҷ гуна низои дохиливу берунӣ пайванди моро наметавонад халалдор намояд.

Аз баракати Ваҳдати миллӣ ноҳияи мо рӯз аз рӯз шукуфонтар мегардад , роҳҳо , пулҳо , муассисаҳо , беморхонаҳо , меҳмонхонаҳо, сехҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар иншоотҳоро ба истифода дода шудаанд.

Мо хушҳол аз онем , ки аҳли мардуми баландкӯҳи Чилдухтарон бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Президенти кишвар ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо ғояи Ваҳдати миллиро миёни мардум ва насли наврас тарғибу ташвиқ менамоянд.Бо далелҳои устувору қаноатбахш ҷавононро ба гиромидошти аҳамияти сарҷамъии миллат ва якпорчагии ватан итминон мебахшанд ва онҳо дар сатҳе , ки боис ба ифтихор ва рӯҳбаландӣ бошад ин ҷашнро таҷлил менамоянд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ноҳияи Муъминобод Муҳиддинов Зуриддин.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.