ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҳамкориҳои М.Кабирӣ бо хоҷагони хориҷиаш
Илова кард: admin4-05-2021, 15:53---

Баста шудани ҲНИ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад. Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ғайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудаанд. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерӯҳои шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афғонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рӯҳониён ва гурӯҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрӯза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гӯшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рӯй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрӯз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад. Он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар мамлакат ба амал омаданд, бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ба сиёсат омехта кардани дин натиҷаҳои зараровар ва манфӣ ба бор меоранд. Гуфтан мумкин ба ҷойи пешрафти ҷомеаро таъмин намудан, баръакс ҷомеаи мусулмониро чун дигар кишварҳои олами ислом ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон даҳсолаҳо ба қафо мепартояд.

Бино ба таъкиди ВАО, Муҳиддин Кабирӣ пешво ва раиси ҳизби наҳзати террористӣ соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри раёсат замони давлатдории «Ихвон-ул-муслимин» мулоқот кардааст. Гарчанде мулоқоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад ҳам, Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашташ ба Тоҷикистон хабари мазкурро аз тариқи нашрияҳо паҳн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти таоҳудоти байни ҷонибҳо, ин нишонаи ошкорои умқи алоқамандии ҳизби наҳзати террористӣ ва ҷамоати ихвониҳоро дар Миср нишон медиҳад

ҲНИ-и террористӣ фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод, ҳамчун«Ҷиҳод дар роҳи Худо»рӯйпӯш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Сарфи назар аз лофҳое, ки «раис»-и имрӯзаи «ҳизб» мегӯяд, «мо барои тағйири низом аз хушунат истифода намебарем ва роҳи мо тағйири сиёсии ботадриҷ мебошад»,ин гуфтаҳо худ далолат ба ҳамфикр будани ӯро бо Ихвониҳо мекунад.

Ҳамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки ҳизби террористии Наҳзат бо гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» ҳамфикру ҳамҳадаф буда, яке аз шохаҳои хориҷии «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» низ дар Миср баъд аз шуриши 30 июн, дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дарҷ гардид.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.