Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Номаи саркушода ба Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломи.
Муҳиддин Кабирӣ! Шояд огаҳи дорӣ, агар не бори дигар ҳамчун як шаҳрванди ин давлати тозаистиқлол огаҳат месозам, ки «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онробевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.»
Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъипурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Аксари мардуми Тоҷикистон аз ҳадафҳои худхоҳонаи Шумо дар ниқоби Ҳизби наҳзати исломи (ҲНИ) ба хусус ислом ба ибораи ислом аҷр мегузорам огоҳанд, медонанд. Медонанд, ки чун ягон ҷашну маросим ва воқеаҳои муҳимтарини сол барои давлату миллат ва халқи тоҷику сокинони ин кишвари офтобӣ новобаста аз қавмияту нажод пеш ояд Шумо ва ҳаммаслакони Шумо аз Паша Фил месозеду сафедро сиёҳ гуфта, худро «ҳомӣ»-и миллату «цамхори»-и Тоҷикистон нишон медиҳед. Хоҳиш як боракак айнакҳои сиёҳбини худро дур монеду бо чашми ҷаҳонбин ба имрӯзи Тоҷикистон нигоҳ кунед. Наранҷ софдилона бину гуфтаи хешро дар тарозуи хиради худ баркашида бин. Ба ёдат меорам. Замни суҳбат дар расонаи хабарӣ «Мафҳуми давлат ва принсипҳои давлатдории муосирро наҳ зада илова дошти, ки нақши ҳукумат ва мақомот дар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳануз дар кишвари мо то охир дарк нашудааст. Шинохти аксари масъулини мо аз давлатдори ҳануз ноқис аст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.»
Ҳай, ҳай чӣ сухани ноҷову чӣ дарбеҳи ночаспон.
Ноқисии заковати худро бори дигар ба мардум нишон додӣ. Имрӯз Тоҷикистон дар рӯӣ дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, соҳиби муқаддасотӣ хеш аст. Дар сари сукони давлатдорӣ шахсиятҳои озмудашуда нишаста, сиёсати сулҳҷуёнаи ин сарзамини мардони тамадунофарро пеш мебаранд. Чи ноқисиро ту дидаӣ? ва аз кадом ноқисӣ шикоят дорӣ?
Бори дигар огаҳат мекунам, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.» Кабирӣ ту ҳам аз ин ҳақу ҳуқуқ бархурдорӣ. Оё фаромуш кардаи,ки аз тариқи рӯйхат вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон насибат гашта, чаро ноқисии донишу бехирадии худро ба дӯши дигарон бор кардан мехоҳӣ.
Гӯшзад намудаи, ки «Интихоботи оянда одди нахоҳад буд, шароити ҷаҳон ва минтақа дигар аст (медонам имрӯзи ҳамсоядавлати мо – Ҷумҳурии Исломии Афцонистонро дар назар дорӣ) бедориву огоҳии мардум дигар шудааст. » Чӣ таъкид дорӣ, ки чун интихоботҳои пешин наҳзат метавонад мардумро ба вартаи гумроҳӣ барад? Мардуми Тоҷикистон сад шукри Худо оламу одамро мешиносанд. Ба қавле «нобинову кур асои хешро як бор гум мекунад.» Мо як бор ин фанди шакарвори Шуморо чашида дидем ва садсолаҳо фаромуш нахоҳад шуд.
Шумо ҳамон санги бадгавҳаред,ки косаи заррин шикастед, вале қиммати санг наафзуду зар кам нашуд. Кушиш доред, ки худро хуб нишон диҳед вале бефоида, ба гирдоби обанбори бо дасти хеш сохта царқ хоҳед шуд.
Холиқназари Карим
Ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон.
silvenpsp.rusferurezki.ru