ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Маркази обтақсимкунии “Головной” ва амалҳои иғвоангезонаи Ҳамсоя
Илова кард: admin31-05-2021, 14:22---

Мо тоҷикон аз рӯи одат ҳамавақт ба ҳамсояи худ эҳтироми хосса мегузорем, чунки моро аз хурди меомӯзанд, ки "Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур”. Вале ин эҳтиром ба ҳамсояе гузошта мешавад, ки бадгумон ва дилу нияти нопок надошта бошад. Агар имрӯз ба рафтори ҳамсояи худ Ҷумҳурии Қирғизистон назар кунем дар амалҳои онҳо на онқадар рафторҳои некбинонаро нисбати кишвари худ мебинем.Амалҳои онҳо чунон иғвоангезона ва бефикрона ҳастанд, ки ба таври кушоду равшан сатҳи ҳукуматдории онҳоро нишон медиҳанд. Масалан Қамчибек Тошиев раҳбари кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон ба Қирғизистон таалуқ доштани ноҳияҳоиЛахш, Мурғоб, Ҷиргатол ва аксари дигар заминҳои Тоҷикистонро гуфта буд ва ба гуфтаи ӯ ба ин тарих гувоҳ будааст.Ин таърихро ӯ дар куҷо хондааст ба ҳеҷ кас то ҳол маълум нест. Ҳамчунин ин мақомдори қирғиз бешармона гуфта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сохта дар ҳудуди заминҳои Узбекистон ва Қирғизистон будааст.Ин бе ягон муҳобот исботи он аст, ки ин шахс аз таърихи Тоҷикистон, Узбекистон ва ҳатто аз таърихи ватани худаш бехабар аст вагарна бо ин суханҳо худашро дар арсаи байналмилали чунин паст намезад, чунки мо ва тамаддуни чандин ҳазорсолаи моро тамоми кишварҳои олам алакай хуб медонад.Ӯро мебоист ҳадди ақал пеш аз ин суханҳоро гуфтан дар бораи шаҳрҳои таърихии тоҷикон Самарқанду Бухоро каме маълумот мегирифт, ҳамчунин дар бораи мадуми кучманчии худ ва шаҳру ноҳияҳои худ ки аслан номҳои тоҷики дошта ба тоҷикон таалуқ доштанд.Худи қирғизҳо ки ба таври иҷора заминҳои тоҷиконро гирифта то ҳол истифода мебаранд,бояд ба мо бармегардонданд вале аз рафтори онҳо фаҳмида мешавад, ки онҳо кушиш ба он доранд, ки боз ягон фитнаи дигареро барои барнагардонидани заминҳои мо ва баръакс гирифтани заминҳои дигар барангезанд.Ба ҳамин монанд Калкаш Батирканов вазири хоҷагии об ва милеоратсияи Қирғизистон баъд аз якчанд суханҳои дигар мегӯяд "Сохтмони маркази обтақсимкунии Головной соли 1963 рӯзҳои 5-ум ва 10-уми январ оғоз ёфта буд. Дар он вақт чунин баҳсҳо набуд. Ин объект дар ҳудуди Қирғизистон сохта шудааст. Баҳс набояд бошад”. Ин суханҳоро мардуми Қирғиз аз даҳони чунин шахсони баландмақоми худ шунида натанҳо заминҳои моро баргардонидани нахостанд балки бо роҳи муноқиша, зуроварӣ, ҷангу ҷидол хостанд боз заминҳои дигари моро соҳиб шаванд. Вале онҳо надонистанд, ки мардуми тоҷик дар ҳар гуна шароит китф бар китфи якдигар ниҳода барои як порча замини кишвар лозим шавад ҷон медиҳанд. Аз рӯи гуфтаҳои муовини директори департаменти хоҷагии об ва милеоратсияи Қиғизистон бошад ҳар сол аз буҷети давлатии ин кишвар барои таъмир ва барқароркунии ин объект маблағ ҷудо мешудааст.Агар гуфтаҳои ин шахс дуруст ҳам бошад охир обе, ки аз ҳудуди мо барои заминҳои худатон мегиред боз мо бояд таъмир кунем! Охир дилатон ба маблағатон нашавад пас шуморо ки маҷбур кардааст, ки дар ҳудуди мо объект сохта як минтақаро азони худ кунед дар ҳоле, ки онро шумоҳам насохтаед!. Ин кори қирғизҳо мақоли "дузди зур соҳиби говро бастааст”-ро мемонад. Онҳо дар тамоми шабакаҳои худ гуфтаанд, ки гуё шаҳрвандон ва сарбозони Тоҷик ҷангро оғоз кардаанд, чунки онҳо ба ҳудди Қирғизистон ба тарафи маркази обтақсимкуни рафтанд ва сарбозони қирғиз ба ҳаво тири огоҳкунанда заданд ва аз ҷониби сарбозони мо бо миномиёт ва бо мошинаҳои ҷангии пиёданизом ҳуҷум шуда будааст. Охир эй нофаҳмҳо наход, ки шахс дар хонаи худ гардад ва ту ба тарафи ӯ тири огоҳкунанда кушои. Ба гуфтаи худи онҳо ин объектеро зиёда аз 6 соат ҳимоят карданд.Худ фикр кунед объекте, ки дар минтақаи дигар давлат ҳаст ва аз оби он истифода мебари бо артиш зиёда аз 6 соат ҷангу хунрези барои аз худ карданаш куни. Шабакаҳои иттилоотии қирғизи бисёртар ба ин монанд суханҳоро ба забон меоварданд: "Тоҷикистон ҷуръат карда мегӯяд, ки ин маркази обтақсимкуни аз они мост”. Дар ин ҷомо ба онҳо гуфтанием, ки мо дар ҳақиқат бо ҷуръатона ва бо дили пур мегуем, ки ин нуқтаи обтақсимкунии"Головной” дар болои дарёи Исфара ва дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир аст ва исботи ин чандин харитаҳои солҳои гузашта аст. Он амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар байнашон хизматчиёни воҳиди таъиноти махсусро бо либоси шаҳрванди мегузоранд боис намешавад, ки мо аз заминҳои худ даст кашем.

Ҳаммаи ин фитна, дуруғбофи, бесаводи ба он оварда расонид, ки мардуми ин кишвар кур-курона амал карда ҳоло ба гаравгонгири ва бадбинии мардуми тоҷик шуруъ карданд. Ин фитнаҳо ба дараҷае оварданд, ки ду мардуми дустро ба ҳам қариб, ки душмани хунин сохтаанд. Сабаби асосии инро дар ҳукумати заиф ва тасодуфи будани раҳбарони онҳо гуфтан мумкин аст, чунки чаро ҳукумат мошинҳои моро иҷозати убур медодаасту кадом як гуруҳҳои алоҳида онҳоро боздошт карда аз сарҳад гузаштани намегузоштаанд. Дар ин ҳолат ҳукумати Қирғизистон куҷоро нигоҳ мекунад?

Директори МТМУ-и №36 Баҳриев Саидбек.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.