Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Дар замони муосир воситаҳои технологии иттилоот ҷавононро чунон ба зери тасарруф гирифтааст, ки имрӯз онҳо ин фазоро ба майдони ҳарбу зарб табдил доданианд.
Мақсадҳои онҳо нопок буда, ба ҳар восита мехоҳанд дар ин ё он кишварҳо тухми низоъро кишт намоянд. Яке аз ҳадафҳои нотавонбинонаи онҳо задани туҳмату нафрат ба давлати азизи мо Тоҷикистон мебошад. Онҳо гулгулшукуфоии давлати соҳибистиқлоли моро дидан намехоҳанд ва чашми дидан ҳам надоранд. Гуруҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои гуногун мутааъссил баромад карда, ба давлати Тоҷикистони азизи мо суханҳои касношунид мезананд. Чуноне, ки ба ҳамаи мо маълум аст дар ҳамаи аксари мамлакатҳои шарқ ин гуруҳҳо ба мисли "Толибон”,”Алқоида”, "Ҳизб-ут-таҳрир” вағайраҳо амал менамоянд ва мақсаду мароми онҳо барангехтани ҳаргуна низоъҳои сиёси, поймол кардани ҳуқуқҳои одамон мебошанд. Имрӯзҳо ин гуруҳҳои ифротгаро дар ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки ба мо ҳамсарҳад аст ҷамъ гардида ҳар рӯз ҷони садҳо ҷавононро аз байн мебаранд. Террорист на дин на мазҳаб на ватану зану фарзанд дорад. Барои онҳо дастовардҳои илму техника пешравиҳо ҳеҷ аст.
Ифротгаронро имрӯз мебояд ба ду гуруҳи асоси ҷудо намуд. Якум ифортгароёни сиёсӣ ва ифротгароёни динни. Ифротгароёни сиёси имрӯз мекушанд, ки бо ҳар роҳ дар дохили мамлакат иғвоҳои беасос ба бор оранд, дар дили шаҳрвандон нобовари ба ҳукумати имрӯзаро бедор созанд. Ифротгарони динни бошанд мекушанд дар дили одамон урфу одатҳои мазҳабиро ҷори карда, аз дили онҳо мазҳаби Абуҳанифа Эмоми Аъзамро паст зананд. Бояд зикр сохт , ки имрӯз халқи тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зич ҷойгир гашта, баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишварамон талош меварзанд. Мо халқи бо нангу баномус ҳастем, дар корҳои ободонию созандагии деҳаи худ, ноҳияи худ, ватани азизи худ бояд саҳми арзандаи худро гузорем. Ҷавононро дар руҳияи бузурги, ватандусти тарбият созем нагезорем, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гарданд ва ба сари халқи худ туҳматҳои беасосро бор намоянд. Солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ риёзи ва табиатшиноси эълон гардидааст. Кушиш ба харҷ диҳем, ки бештар ҷавононро дар руҳияи илмдусти, ихтироъкорӣ тарбият созем, ки то онҳо мутахассисони варзидаи талабот ба бозори меҳнат ҷавобгу ба воя расонем. Дар охир аз номи шоир гуфтаниам.
Тоҷикистон меҳанам, ба шуҳрату шонат дуруд,
Бар Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлонат Дуруд.
Хуррами бахшид ба рӯят меҳри гарми одамон,
Ба Кӯлоби бостону шермардонат дуруд.
***********
Тоҷикистон модари ҳар даҳ ҳарфат ватан аст,
Ҳам баҳору тирамоҳу боду барфат ватан аст.
Такяи ман кӯҳсору чашми ман ҳаст рӯи ту,
Ҳам ҷанубу ҳам шимолу шарқу ғарбат ватан аст.
Дирктори МТМУ-и №36 Баҳриев Саидбек
silvenpsp.rusferurezki.ru