ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Солҳои наваддум як дарси бузурги таърихист
Илова кард: admin21-06-2021, 14:59---

Вақте ки ба таърихи мавҷудияти давлати соҳибис­тиқ­лолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем аз назари ҳимояи амният ва нигаҳдории сулҳу салоҳ дар қаламрави кишвар халқи тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Убури мушкилот ва паси сар кардани садду душвориҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо фарзанди шоистаи ин хоку замини аҷдодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки шахсияти эшон намунаи олии иродаи қавӣ, далериву нотарсӣ ва заковатмандиву дурбинии сиёсӣ мебошад. Имрӯзҳо назар кардан аз фосилаи начандон дури таърихӣ ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар кадом вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ худро чун кишвари мустақил муаррифӣ намуд ва ба қавли баъзе аз коршиносону сиёсатшиносон, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани хешро паси сар кард. Имрӯз руҷӯъ ба таърихи даврони ҷанги шаҳрвандӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба имрӯзу фардои худ бо чашми ибрат назар андозем, фаромӯш насозем, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нобасомониҳо нуқтаи таммат гузошт ва марҳалаи нави зиндагии мардум оғоз гардид. Аз ҳамон лаҳзаи интихоб Пешвои миллат ба масъалаи амнияти кишвар эътибори махсус зоҳир намуда, тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуданд. Ин нуктаи назари Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 дар саҳифаҳои заррини таърихи кишвар сабт ёфтааст: «...тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Ҳадафи Пешвои миллат оид ба андешидани чораҳои таъхирнопазир ба хотири аз хоки Афғонистон ба ватан баргардонидани гурезагон, баробари барқарор кардани сулҳу салоҳ дар кишвар ва бахшидани зиндагии осуда ба мардум ҳамзамон таъмини амнияти фардои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро аз назари Сарвари давлат дар хоки Афғонистони ҳамсоя мондани фирориёни тоҷик барои ҷумҳурии мо хатари ҷиддӣ дошт, зеро дар он тарафи сарҳад қувваҳое, низ буданд, ки метавонистанд ин фирориёнро дар оянда ба муқобили давлати Тоҷикистон истифода намоянд. Ин буд, ки ба Ватан баргаштани фиро­риён, пеши роҳи чандин хатарҳои минбаъдаи амнияти кишварро гирифт. Ният ва амали Сарвари давлат дар он рӯзҳо ифодагари дурандешии он кас дар мавриди эҳтиёти кишвар аз қувваҳои аҳримании беруна низ буд,ки бо гузашти замон онҳо бо номи " тероризми байналмилалӣ” дар қаламрави олам ном бароварданд. Гузашта аз ин воқеаҳои солҳои наваддум як дарси бузурги таърихист,ки донистани ҳақиқати воқеии он даврон имкон медиҳад,ки имрӯз худро аз зиёну зарари қувваҳои аҳриманӣ эҳтиёт намоем.

 

 

Директори муассисаи таълимии № 32 Муродов Абдулло

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.