Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Мақсад аз баёни ин суханҳо он аст, ки андаке ҳам бошад ба ҳарзагўиҳои ҳаммиллатони беандешона ба меҳану миллату роҳбарияти давлати тоҷикон наҳзанандаро нафратнамуда, ин амали ношоёни ба миллати поку озода назебандаро зери интиқод қарор дода бошам.
Ҷойи бисёр таассуф аст, ки нафароне ба хотири ақидаву ғояҳои пой дар ҳавои бегонапарастии хеш ба ботлоқи бенангиву беномўсӣ ғуттазадаву шарифияти инсониро баҳри расидан ба иҷрои супоришҳои зархаридонаи хоҷагонашон , аз даст додаанд.
. Муҳаммадиқболи Садриддин биё аз фазои бегонапарастӣ ва ҳайюҳои бемаврид ба замин фаро ва ақли ноби одамиро кор фармо ва бидон, кинагун аст он лашкаре, ки дар пояи зулму истибдоди маънавию фарҳангии миллӣ ва позаниҳо ба арзишҳои миллӣ бунёд шудааст Имрўзҳо ҳаводиси ҷаҳонӣ сабақомўзи зиндагӣ буда, моро ҳушдор медиҳад , ки аз дастовардҳои хеш ба нафъи ҷомеаву миллату меҳан кору пайкор дошта бошем. Вагарна дар ботлоқи тарҳрезӣ намудаӣ аҷнабиён , ки «ҳаммиллатон» - и мо бо амалҳои хеш онро созмон дода истодаанд ба нестӣ ғуттавар мегардем .Аё , тоҷики тоҷдор! Ку ифтихори миллӣ? ! Куҷо шуд озодагиву покнажодӣ ? !Ононе, ки имрўз ба сарзамини аҷдодӣ сангандозӣ доред, андешаро пеша гирифта ,тафаккури инсониро роҳнамокарда амалҳои худро баҳогузорӣ намуда, баҳри ояндаи кишвар ақаллан бадгўӣ нанамоед. Тоҷикон имрўз аз ҳикмати ниёгони хеш» Пиндори нек гуфтори нек, рафтрори нек ва» бо риояи шиори ҷавонмардӣ «Қудрати некӣ надорӣ ,бад макун» амал намуда, ба шумо ва ҳаммаслаконатон ки балегўи ин амалҳои нохуб ҳастанд ,гуфтаниям : Ягон амали бад подоши некеро надорад.Бале, то ба кай гумроҳ мегашта бошед…
Обод кардани махрубаҳо кори мардон аст ва раҳонидани миллат аз нестшавӣ, давлат аз заволёбӣ ва расонидани қавм аз ҳолати яъсу навмедӣ ба рўзи нишоту шодӣ кори марди мардон, яъне пешвоён аст. Амале, ки Пешвои муаззами мо бо сиёсати пешгирифтаи хеш ба сомон расонидааст , нишонаи аслии ифтихори ватандорию миллатдўстист .
Ва медонам, ки ҳама ин комёбиҳои сиёсати роҳбарияти олии кишвар ҳамчу хор ба чашми бегонапарастон мехалад, бигузор чунин бошад.
Амали бегонапарастӣ хоситоҷики асил нест ва таъкидангуфтаниям , ки
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу барқ ,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Ҳ. Қурбонов
silvenpsp.rusferurezki.ru