| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳам чун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарф ҳои зарин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.
Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифодабарем.
Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафо дидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакактоза истиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳаминуҳам он.
Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии кассе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудратомад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳаминхел ҳамшуд.
Дар охиртамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!
Ва аз забонишоирмегӯем:
Ҳаркасе бар қадриваҳдатмерасад,
Ӯ ба иқболусаодатмерасад.
Директори МТМУИ 47 Ёрмадов Д
silvenpsp.rusferurezki.ru