ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Қ А Л Л О Б И Г У З А Р О
Илова кард: admin13-07-2021, 14:48---

Боздошти Иззат Амон аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Бархе аз гумроҳон, ҳаммаслакони Иззат Амон вайро ҷонибдорӣ карда, озодии ӯро талаб доранд. Ҳол он, ки дар асл симои манфури вай баръало ошкор шудааст. Ҳеҷ сире, макре, ҷинояте пӯшида нахоҳад монд. Дер ё зуд вай ошкор мегардад.

Ба қавли дигар Холов Иззат Амонович сокини ҷамоати деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 1996-1997 шаҳрвандии федератсияи Русияро соҳиб гашта, ҳамчун «гурги борондида» бо баҳонаи ёрӣ ва кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба боварии онҳо даромада аз аксарияти онҳо маблағи зиёди пулӣ гирифта онҳоро «кидать»ё фиреб карда аст.

Дар урфият як мақоле ҳаст, ки кӯза на ҳар вақт аз лаби об нав бармегардад. Ё фиреб, дуруғ, найранг зуд ошкор мешавад. Дар наворҳои иҷтимоӣ тариқи «Фейсбук», «Ютуб» гуфтаҳои боло далелу исботи худро ёфтаанд.

Сокини ноҳияи Рашт Шеҳрзод аз қаллобии Иззат Амон ошкоро сухан гуфта, чеҳраи аслии вайро нишон медиҳад.

Аксарияти ҷавонони зудбовар, гумроҳ, содда ба суханҳои найрангсозу «Ҳомиёна»-и Иззат Амон бовар карда ба доми фиреби вай афтидаанд. Ҳамаи ин гумроҳиҳо аз надонистани забонҳои хориҷӣ, дониши пасти сиёсӣ, ҳуқуқии муҳоҷирини тоҷик дарак медиҳанд. Охир дар Тоҷикистони азизамон магар ҷойи кору маблағкоркунӣ нест? Аксари ҷавонон фирефтаи пулу сарват шуда, аввалан саломатии худ, волидон, фарзандонро аз даст медиҳанд.

Ман низ зоддаи куҳистонам. Солҳои зиёд пешаи омӯзгорӣ намуда, як луқмаи нон ёфта зиндагиямро пеш бурда истодаам. Дар баробари ин ба чорводорӣ, зироатпарварӣ машғул шуда, фоидаи иловагӣ мегирам.

Ин қадар сахтмониҳои азиме, ки дар Тоҷикистон шуда истодаанд магар ҷойи кор нест?

Шукри обу хоки Ватани азизамон Тоҷикистонро карда, ними нон роҳати ҷон гуфта аз паи тарбияи фарзандон шавем беҳтар аст. Медонам як муҳоҷири меҳнатиро, ки солҳои зиёде азоби бефарзандиро мекашад. Ё бемориҳои сироятие, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба оилаҳои худ бор кардаанд.

Духтари таги тармаи куҳистон ҳангоми таваллуди фарзанд мефаҳмад, ки ба бемории СПИДё БНМО гирифтор шудааст. Тибқи санҷишҳо ин бемориро аз волидонаш гузаронда шавҳар ва тифлаки навзодашро мубталои ин вабо месозад.

Ё ҷавони фирефтаи найрангу макру ҳиллаи қаллобон бо баҳонаи таҳсил ё дарёфти пули калон аз Ватан бе Ватан гашта, дар сангарҳои давлатҳои дигар қарор доранд. Бас аст фитна, найранг, макр. Насли солими имрӯза хеле дақиқкор ва зираку ҳушёр гаштааст.

Сулҳи саросари кишварро ҳеҷ дасиса, найранг, эътирози баъзе «шағолони норизо» халалдор нахоҳад кард.

Ба тамоми ҷавонони кишвар рӯ оварда мегуям, ки « Ҳар, ки бе устод кард оғози кор, кору бори ӯ надорад эътибор»

Шукронаи дастовардҳои 30-соли бобаракати истиқлолият карда, дар донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар таҳсил карда соҳибкасб гардед.

Зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашида як марому яктану як рӯй бошем. Ба ин Ватан, сарзамин, миллат софдилона кору хизмат намоем ва фирефтаи Иззат Амон ва ҳаммаслакони ӯ нагардем.

 

 

Директори муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №1: Латифов Ҳ.И

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.