| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
| 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
| 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
| 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
| 29 | 30 | 31 | ||||
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Устоде бармаҳал фармуда, ки фикри тангдасти дар фарохдастӣ, фикри зимистон дар баҳор…. Мақсад аз ин гуфтаҳои бузургон дар он аст, ки инсонҳо баъзан аз рафторҳову кирдорҳои худро дар хиҷолат ва дигаронро дар ғафлат мемонанд. Барои ба анҷом расонидани коре, ки ў ба нафъи мардум ва ҷомеъа мебошад, ҷурату мардонагии ниҳоят бузург, виҷдону қалби пок ва дониши баланди маънавию сиёсиро доро будан муҳим мебошад. Аммо барои ба анҷом расонидани коре, ки бар муқобили ў аст донишу маҳораи аз ин бузургтар доштан лозим аст. Ё ба қавле «Шикорчӣ аз сайд ҳушёртару зирактар мешавад». Дар ин мисол ба сифати шикорчӣ бо бовари мегуям, ки нафароне ҳастанд, ки ВАҲДАТИ моро қабул надоранд ва барои побарҷой намондани он ҳамагуна ҳилаву найранҳоро карда метавонанд. Аз ин рў момардуми тоҷик ин ваҳдату осоиштагиро, ки аксарияти мамалакатҳои саёраи замин орзўи онро доранд, бояд ба қадраш бирасем. Барои пойдориву абади мондани он мубориза барем. Нагузорем, найрангбозони соҳаи сиёсат хушбахтиву болидахотирии моро аз мо баранд. Ин ваҳдате, ки мисли модари меҳрубон лаҳза ба лаҳза барои мо биноҳову роҳравҳо, корхонаву фабрикаҳо, гулгашту хиёбонҳо, боғҳои фарғативу истироҳатӣ, пулу роҳҳо ва аз ҳама муҳим ГЕС-ҳоро тавлид менамояд, чашми бадбинонро кур месозад.
Директори МТ№ 35 Ғабров Ш.
silvenpsp.rusferurezki.ru