Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Зи теғи душманон наояд садое,
Фитна аз мардумони хом хезад.
Имшаб ҳангоми тамошои оинаи нилгун суханронии фарзанди фарзонаи тоҷик Рустами Эмомалиро гуш кардам. Дар ҳақиқат Рустами Эмомалӣ он Рустаме аст, ки Фиравсии бузург ӯро васф када буд ва омаданашро ҳушдор сохта буд. Ман аз номи худам ва аз номи тамоми модарони ноҳияи баландкуҳи Муъминобод фарзанди азизамон Рустамҷонро барои интихоб гардидан ба ин вазифаи пурмасъулу ҷиддӣ барору мувафақият мехоҳем.
Мероси падар хоҳи, или падар омӯз… Мо аз неруву ҷавонмардӣ ва ободкориву созандагии Рустам дар рушду нумуи Тоҷикистони азизамон боварии калон дорем. Алакай мардуми Тоҷикистони азиз аз бунёдкориҳои ин ҷавони серғайрати соҳаи сиёсат воқифанд.Бадхоҳони миллати мо имрӯз ба рушду нумуи давлати мо чашми бад ало намуда, барои нияти нопоки худ фақат содои бузмонанд аз ҳар гушаву канори дунё бароварда, ба созандагиҳои миллати мо кур- курона нигоҳ доранд. Рустамҷон мо модарони тоҷик ба Шумо дар пешрафти корҳоятон бурдбориҳоро тамонно намуда, аз неруву қудрати Шумо бовар дорем, ки бо меҳнати поквтҷдонона ва содоқатмандона дар ободиву пешрафти давлати азизамон ҳиссагузор гардида, заҳматҳои падари бузургатро, ки майдони сиёсат бе мислу монанд аст идома медиҳед. Умеди мо мо модарони тоҷик ва умеди Пешвои муаззами миллат ба Шумо аст Рустамҷон . Ба Шумо Рустамҷон барори кор. Мо модарон шабу рӯз дар ҳақи Шумо дуогӯ ҳастем.
Директори МТМУ № 12 Г. Самадова
silvenpsp.rusferurezki.ru