Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Бо шунидани хабари он, ки Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, вуҷудамро ҳиссиёти саршор аз хушбахтӣ фаро гирифт. Зеро Тоҷикистони азизи мо як ҷавони наврасидаеро мемонад, ки ба пешравӣ ва ҳамқадами замон будан эҳтиёҷ дорад. Барои бароварда шудани эҳтиёҷот ба Рустами Эмомалӣ барин ҷавони сиёсатмадору фидокор ниёз дорем, зеро ҷавонро фикрашҷавон, гуфтораш ҷавон, рафтору кирдору пиндораш ҷавон аст. Чун ба фаъолияти кории ин ҷавони созандаву бунёдкор назар андӯзем, дар ҳама ҳолат муваффақ будааст. Баъзан ашхоси палиди паст, ки пешравии давлату ҷомеаи моро намехоҳанд, бо шунидани ин хабар чӣ гуфтану чӣ кор карданашонро намедонанд. Таҳлили одӣ барои нотавонбинон: дар тули фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе буданаш пойтахти кишвар куллан симои зоҳирии худро тағйир дод. Тамоми кучаҳо ахтаристон, хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, боғу гулгаштҳои диданӣ, бедор намудани ҳисси баланди маърифати шаҳрдории шаҳрвандон, бунёди заводу фабрикаҳо ва муҳаё сохтани ҷои кор, умуман "Анушервони одил”и замони хеш гардидааст.
Тамоми ҷавонони созандаи ноҳияи Муъминобод бо Шумо дар тамоми ҷода ҳамроҳ аст. Муттаҳиду сарҷамъ шуда Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем.
Роҳбарии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ муборак! Пешсафу ташаббускор бошед! Тоҷикистон, Ба пеш! Ба пеш! Ба пеш!
Директори муассисаи таълимии № 30 У. Абдуллоев
silvenpsp.rusferurezki.ru