ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ҲАМҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Илова кард: adminn6-05-2020, 15:15---

Дар ҷаласаи назди раиси ноҳияи муҳтарам Раҳматзода Рустам, ки санаи 04-05-2020 баргузор гардид, масъалаҳои рузмарра баррасӣ шуд. Хусусан мушкилоте, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ин мубориза бар зиди бемории коронавирус COVID-19 мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии ин беморӣ маоши якмоҳаи худро бахшид. Аҳли роҳбарияти ноҳияи Фархор ҳам чунин тасмим гирифтанд, ки тамоми кормандони буҷетии ноҳия маоши панҷрӯзаи худро низ барои пешгирии ин бемории сироятшаванда пардохт менамоянд.

Айни ҳол дар ҷумҳуриамон чунин иқдоми пешвоим миллат идома дорад. Бисёр вазорату корхонаҳои маошҳои чандрӯзаи худро барои пешгирии ин вабо ирсол намуда истодаанд.

Хотиррасон менамоем, ки ин бемори аллакай дар кишварамон вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мавриди гирифторӣ ба коронавирусро 29 апрел эълон карда буд. Тибқи нишондоҳои омории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар кишварамон то 5 май ба 293 нафар расидааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта 63 ҳолат афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин 2 нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд, ки дар умум теъдоди ҷондодагон ба панҷ нафар мерасад.

Рӯзи аввали эълон шуданаш дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Аммо ба ин нигоҳ накарда хоинони ба мисли Шарофиддин Гадоев барин доимо дар пайи туҳмати пешвои муазам мебошанд. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин хоини миллат таваҷҷуҳе зоир намекунанд.


Вадудов Т, омӯзгор

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.