Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Воқеан дар шароити кунунӣ дастгирии афроди ниёзманд ва саҳм гузоштан дар таҳкими пешрафти ҷомеа аз амалҳои башардустона ба ҳисоб меравад. Бинобар сабаби нооромиҳо дар давлатҳои ҷангзада ва хуруҷи бемории каранавирус covid -19 дар бештари давлатҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳалука овардааст. Аз ин мушкилотҳои глобалӣ душманони миллати тоҷик истифода бурда санги маломат бар сари сокинони аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтаи миллати куҳанбунёди тоҷик мезананд ва намегузоранд, ки Тоҷикистони азизи мо рушд ёбад.
Сокинони кишвари маҳбуби мо қомати хамгаштаи худро баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз нав рост карда ҳамеша паи ободию дастгирии ашхоси ниёзманданд. Миллати сарбаланди мо тоҷикон боре ҳам хиёнат ба худ ва давлатҳои ҳамсоя накардааст. Баъди филми Хиёнат, ки тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ пешкаш гардид нафароне, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ бо ғаразҳои нопок Тоҷикистонро ба хоку хун кашида буданд баъди ба даст овардани истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дуюмбора даст ба ноором гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон задаистодаанд. Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои нопоки хиёнаткорони миллати тоҷикикро маҳкум менамоям ва гуфтани ҳастам, ки ин хиёнаткорон ҳеҷгоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд ва газанде ба ин миллати тоҷ бар сар низ нахоҳад расид.
Дар даврае, ки ҳама шаҳрвандони миллати тоҷик даст ба дасти ҳамдигар дода баҳри ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳмгузоранд ва дасти кумаки хешро ба оилаҳои ниёзманд дароз менамоянд вале хиёнаткорон дар паи нооромиҳо буда талош меварзанд, ки ба суботи ҷомеаи мо тухми адоват бикоранд.
Неши каждум на аз паи кин аст
Муқтазои табиаташ ҳамин аст
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 43 Наимов
Мирзокарим