ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Хаторо бахшишҳ аст вале хиёнатро не
Илова кард: adminn29-07-2020, 16:45---

Мо худ хуб огоҳ ҳастем аз воқаҳои солҳои 90 – ум. Дигарбора намехоем ва намегузорем, ки қадами шуми хиёнаткорон ба сарзамини аҷдодиамон роҳ ёбад. Аз байни миллати тоҷик марди ҳақҷуй ва ғамхори миллат по ба арсаи сиёсат гузошт. Миллати дар хун оғуштаро аз вартаи ҳалокат берун овард. Бисёр ҷавонмардони бегўноҳ дар ин нооромиҳо, ки аз тарафи мухолифон ҳамонвақта ҳалок гардиданд ҷои тааҷуб аст.

Боз чунин сару садоҳо аз тарафи мухолифоне, ки имрўз фирор кардаанд баланд гаштааст. Чунин ҳангомаҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши мардуме, ки имрўз осўдаҳолонаумр ба сар мебаранд пешкаш менамоянд. Намедонанд, ки охир ин мардум аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштаанд. Ҳар як матлабе, ки пешкаш менамоянд асоси воқеӣ надоранд танҳо ғарази шахсии худро ба ин ё он роҳбари ҳукумат иброз медоранд. Ҳар нафаре, ки сухани ғаразнок пешниҳод мекунад бояд бидонанд, ки танҳо хиёнати нобахшиданӣ ба мардуми куҳанбунёди миллати тоҷик ҳасту бас. Аз таҷрибаи мардуми миллати Эрон ёдовар шудан ба маврид аст, ки 300 – 400 сол пеш хиёнаткоронро аз ҳудуди сарзамини Эрон пеш карда буданд то ҳол тариқи телевизионҳои мардуми аврупо ғаразҳои шуми худро мегўянд ва зараре ҳам ба давлату ҳукумати Эрон намерасад. Мо гуфтани ҳастем, ки набераю абераи хиёнаткорони миллати тоҷик дар оянда низ садо баланд менамоянд вале зараре ба Тоҷикистони азизи мо намерасад. Мо бо Пешвои миллати тоҷик мефахрем ва сиёсати ватанпарваронаиўро дастгирӣ менамоем. Зинда бош миллати тоҷик бо сарвараш.

 

Директори муассисаи таҳсилоти

асосии № 26 Гадоева Н

 

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.