ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Худшиносӣ ва ватандӯстӣ.
Илова кард: admin15-12-2020, 14:03---

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар рисолаи «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дар бобби аҳду вафо ҳикояе овардаст:- «Подшоҳеро мушкиле пеш омад, аҳд кард, ки агар ин мушкил бо некӣ анҷом ёбад, хазинаро ба фуқаро ва дарвешон бидиҳам. Мушкилаш анҷом пазируфт ва хазинадорро гуфт, ки хазинаро ба дарвешон инъом кунад. Ҳукамо гуфтанд, ки ин маблаѓ аз ҳад зиёд аст, аз ин рӯ нашояд ҳамаро ба дарвешон дод. Подшоҳ хост аз аҳдаш бигардад. Ногоҳ девонаеро дид, ки меояд. Ба ӯ манзури кори рафтаашро баён дошт. Девона гуфт: «Эй малик, дар ҳангоми ваъда ва аҳдат киро аз хотират гузаронидӣ?» Подшоҳ гуфт, ки фуқаро ва дарвешонро. Девона гуфт: «Пас ба дарвешон бидеҳ!» ва боз гуфт: «Эй малик, ту дигар ба он кас, ки манзур ва аҳд ба ӯ кардаӣ кори дигаре дорӣ ё не? Агар дигар ба ӯ коре дошта бошӣ ба аҳдат вафо кун, вале агар дигар коре надорӣ ва мӯҳтоҷи ӯ нахоҳӣ шуд, ҳарчи хоҳӣ бикун.» (Мақсуди девона Худованд буд.) Подшоҳ аз ин сухан чандон бигристу фармуд, ки ҳама амволро бар гадоён қисмат карданд:

Чу мӯҳтоҷ хоҳӣ шуд охир ба ӯ.

Матоб аз вафодории хеш рӯ.

Касоне, ки фармонраво гаштаанд,

Мукаррам зи ҳусни вафо гаштаанд.

Вафодорӣ оини шоҳаншаҳист,

Ѓами худ хӯрдан на корогаҳист.

Подшоҳе аз ҳакиме пурсид, ки мардро кадом сифат азиз мегардонад? Гуфт: «Ба ваъда вафо кардан. Агар расми вафо биафтад, пояи давлат халалпазир гардад. Агар аҳду вафо набошад, тартибу низоми ҷаҳон маҳву нобуд гардад»:

Майли касе кун, ки вафоят кунад,

Ҷон ҳадафи тири балоят кунад.

Баҳри чунон дӯст ки ҷонӣ бувад,

Дӯстии ҷон зи гаронӣ бувад.

Ҷон, ки аз ӯ беҳ ба ҷаҳон ёр нест,

Ҳеҷ наярзад чу вафодор нест.

Сӯҳбати он кун, ки ба сидқу сафост,

Домани ӯ гир, к-аз аҳли вафост

Адабиётшинос, мунаққид ва олими асили шуълавар Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров мефармояд:

«Инсон дар ҳамон вақт соҳиби виқор ва эътибор мегардад, ки вазифаи ба дӯш будаашро бе гуфту амри дигаре иҷро намояд!»

«Бадтарини душманонам он касонеанд, ки мегӯянду намекунанд, яъне ба ваъдаашон вафо надоранд»

«Ваъда додан ин савганд хӯрдан аст ба Худованд, пас ваъда надиҳед!»

«Беҳтарин инсон он кас аст, ки ваъда намедиҳад, зеро намедонад, ки чӣ мешавад! Ё ин ки агар Худо хоҳад, бигӯяд»

«Инсоният ва миллат ҳамон вақт саодатманд мешаванд, ки ҳар кас вазифаи ба дӯш доштаашро сирф барои Ватану оилаашсодиқона иҷро намояд».

«Аз ман пурсиданд!- Аблаҳтарини аблаҳон кист, ки қадр надорад?

Гуфтам:- Он ки мегӯяд мекунад, намекунад».


Олимҷон Табаров – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобд

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.