« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Аз ҷумлаи онҳо Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў ба ҳисоб мераванд, ки дидаю дониста корҳоеро бо дастгирии хоҷагони берунаи худ анҷом дода истодаанд, ки ба нафъи мардум нест. Онҳо манфиатҳои худашонро аз манфиатҳои давлату миллат болотар мегузоранд. Барои онҳо ҳодисаҳои солҳои 90-ум рухдодаи кишвар дарси ибрат нашудаанд, зеро худи онҳо ва наздиконашон дар ин ҷангу низоъҳо иштирок карданӣ нестанд. Онҳо наздикони худро аллакай ба хориҷи кишвар бурда, ба ҷою макон таъмин намудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ фарзандони дигаронро истифода баранд. Барои онҳо муҳим нест, ки чи қадар ҷавонон, модарону падарон, хоҳарону бародарони мо ҷони худро аз даст доданашон мумкин аст. Зеро онҳо як маротиба ин амали разилонаи худро алакай ба кор бурданд, ки дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худро ё наздиконашонро аз даст доданд. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва имрўзҳо аз хориҷи кишвар истода, барои амалӣ намудани нақшаҳои худ кўшиш доранд.
Онҳо
бо ҳар роҳу восита шаҳрвандони кишварро гумроҳ намуда ба доми худ
афтониданиянд, токи дар амалӣ намудани нақшаҳои худ аз онҳо истифода
кунанд. Асос он ки дар ин бозиҳои худ онҳо фарзандони худро не
балки фарзандони дигаронро истифода карданиянд. Фарзандони худро ба
давлатҳои тинҷу амн бурда ҷо ба ҷо кардаанд. Инчунин худашон низ дар чунин
кишварҳо панаҳ бурда, мехоҳанд, ки фарзандону наздикони моро миёни худ ҷанг
андозанд ва бо ҳамин васила да Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба
мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ
медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд
ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин
шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири
мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Имрӯз дар ҷаҳон садҳо
ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати
сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан нерӯҳои имониро дар ҳамин самт сӯйистифода
мекунанд. Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур
будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон
дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои
фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ
гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд. Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни
каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида,
қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди
кишвар ва хусусан ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки
бозичаи дасти дигарон бошанд, нагузоранд, ки дигарон бо ҳаёти онҳо ва
наздиконашон бози карда, дар нақшаҳою амалҳои нохалафи худ онҳоро истифода ва
қурбон кунанд.Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як
сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳуввияти миллӣ ва суботи кишвар
мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани
азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин
гаштааст.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.Кулли шаҳрвандони Тољикистон нағз дарк менамоянд, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.
Шарифхон Тиллоев-рӯзноманигор,
собиқ сиёсатшиноси ҳарбии ИҶШС
silvenpsp.rusferurezki.ru