Главная > --- > Хатару таҳдидҳои ҲНИ ба сулҳу суботи кишварамон
Хатару таҳдидҳои ҲНИ ба сулҳу суботи кишварамон11-03-2021, 14:02. Разместил: admin |
|
Аз ҷумлаи онҳо Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў ба ҳисоб мераванд, ки дидаю дониста корҳоеро бо дастгирии хоҷагони берунаи худ анҷом дода истодаанд, ки ба нафъи мардум нест. Онҳо манфиатҳои худашонро аз манфиатҳои давлату миллат болотар мегузоранд. Барои онҳо ҳодисаҳои солҳои 90-ум рухдодаи кишвар дарси ибрат нашудаанд, зеро худи онҳо ва наздиконашон дар ин ҷангу низоъҳо иштирок карданӣ нестанд. Онҳо наздикони худро аллакай ба хориҷи кишвар бурда, ба ҷою макон таъмин намудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ фарзандони дигаронро истифода баранд. Барои онҳо муҳим нест, ки чи қадар ҷавонон, модарону падарон, хоҳарону бародарони мо ҷони худро аз даст доданашон мумкин аст. Зеро онҳо як маротиба ин амали разилонаи худро алакай ба кор бурданд, ки дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худро ё наздиконашонро аз даст доданд. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва имрўзҳо аз хориҷи кишвар истода, барои амалӣ намудани нақшаҳои худ кўшиш доранд. Онҳо
бо ҳар роҳу восита шаҳрвандони кишварро гумроҳ намуда ба доми худ
афтониданиянд, токи дар амалӣ намудани нақшаҳои худ аз онҳо истифода
кунанд. Асос он ки дар ин бозиҳои худ онҳо фарзандони худро не
балки фарзандони дигаронро истифода карданиянд. Фарзандони худро ба
давлатҳои тинҷу амн бурда ҷо ба ҷо кардаанд. Инчунин худашон низ дар чунин
кишварҳо панаҳ бурда, мехоҳанд, ки фарзандону наздикони моро миёни худ ҷанг
андозанд ва бо ҳамин васила да Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба
мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ
медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд
ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин
шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири
мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.Кулли шаҳрвандони Тољикистон нағз дарк менамоянд, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.
Шарифхон Тиллоев-рӯзноманигор, собиқ сиёсатшиноси ҳарбии ИҶШС silvenpsp.rusferurezki.ruВернуться назад |