Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
(Ҳечгароии шарқӣ дар мисоли инқилоби рус)
РУҶУЪ БА ШАРҚ
Муҳаммад Мурсӣ ва ҳечгароии инқилобии Шарқ
Марги ногаҳонии Президенти собиқи Миср - Муҳаммад Мурсӣ дар пайи муомилаи зиддиинсонӣ ба ӯ дар зиндон рух дод. Куштори ҳар инсон, новобаста ба тааллуқият ва бовариаш, бахусус ҳангоме ки дар шароити мармуз ва зулму ситам воқеъ мегардад, бояд маҳкум шавад.
Бадбахтона, аз чунин ҳодисаҳои ҳассос низ неруҳои исломи сиёсии тоҷик мекӯшанд сӯду баҳраи сиёсӣ баранд. Тӯли ду рӯз аст, ки онҳо бо баҳонаи марги Мурсӣ ҳақиқатро таҳриф карда, ӯ ва ҳаракати Ихвон ул Муслиминро чун ҳомии ҳуқуқи башар ва адолати сиёсию иҷтимоӣ баҳогузорӣ доранд. Муҳлати раёсати ҷумҳурии Мурсӣ хеле кӯтоҳ буд, ки аз он дар мавриди ҳадафҳо ва натиҷаҳои фаъолияти ӯ қазоват кардан нокифоя ва номумкин аст. Бо вуҷуди ин, нахустин корҳояш нишон медод, ки ӯ ба самти худкомагӣ (авторитаризм), шариатмадорӣ ва саркӯбии мухолифону дигарандешон гом бардошта буд, ки ҳамин гуна рафтор боиси эътирози саросарии мардум ва билохира сарнагуниаш гардид.
Баъд аз он ки Муҳаммад Мурсӣ тобистони соли 2012 ба сари қудрат омад, яке аз нахустин иқдомҳояш Эъломияи конститутсионии муваққатӣ дар моҳи ноябри ҳамон сол буд. Ин бар хилофи ваъдаи интихоботияш буд, ки Конститутсияи мавҷудаи Мисрро эҳтиром гузошта, новобаста ба мавқеи исломияш ба он итоат мекунад. Эъломия дар ихтиёри ӯ қудрати номаҳдуд, аз он ҷумла қудрати қонунгузорӣ бе дахолату назорат аз тарафи шохаи додгустарӣ (судӣ) мегузошт. Муҳаммад Ал-Барадаӣ, ҳуқуқшиноси мисрӣ, ин гуна кӯшиши Мурсиро чун барқарор кардани ҳокимияти Фиръавн қаламдод кард. Ҳамчунин, Эъломия дар назар дошт, ки Шариат ба қонуни конститутсионӣ табдил ёбад. Ин тағйироти авторитарӣ ба хотири он буд, ки дигар шохаҳои ҳокимият пеши роҳи амру фармонҳояшро нагиранд ва ӯ ба як ҳокими мутлақи исломӣ табдил ёбад. Бо ҳамин мақсад, лоиҳаи Конститутсияи нав саросемавор аз тарафи парлумоне, ки аксарияти намояндагонаш исломгароён буданд, таҳия гардид ва аз тарафи Президент Мурсӣ ба ҳамапурсии мардуми Миср гузошта шуд. Онҳо ҳатто имкон надоданд, ки Додгоҳи олии конститутсионӣ баҳои ҳуқуқии худро ба ин лоиҳа диҳад, ки то чӣ андоза ҷавобгӯи аслҳои конститутсионӣ аст. Созмонҳои ҳуқуқи башар, чун Авфи байналмилал, Дидбони ҳуқуқи башар ва Хонаи озодӣ ин гуна кӯшиши таҳаввулоти зиддиконститутсионӣ аз тарафи Мурсиро маҳкум карданд. Расонаҳои мустақили Миср онро чун "табаддулоти давлатии исломгароён” ном ниҳоданд. Ин ва дигар ҳодисаҳо, бахусус таъқибу пайгирии рӯзноманигорон, ҳуҷум ва пахши гирдиҳамоиҳои сулҳомези мардум, ваъдаи озод кардани баъзе нафароне, ки дар амалҳои террористӣ, аз он ҷумла дар ҳуҷуми террористии 9/11 ба Амрико даст доштанд ва таъйини худсарона ва худхоҳонаи кадрҳо, боиси эътирозҳои густарда гардид. Гарчанде Мурсӣ аз фармонҳои авторитарии худ даст кашид, вале ҳамапурсӣ Конститутсияи навро қабул кард. Эътирозҳои густарда дар тобистони соли 2013 боиси ба поён расидани раёсати ҷумҳурии Мурсӣ дар натиҷаи табадуллоти ҳарбӣ ва қатли омми беш аз 800 нафар тарафдорони Мурсӣ аз тарафи низомиён гардид.
19 октябри соли 2012 Мурсӣ дар сафари худ дар Матруҳ дар байни намозгузорон баромад кард ва баъд аз он дар намози ҷамоа иштирок намуда, ба чунин даъвати имомхатиб "Омин” гуфт: "Чораи яҳудиён ва тарафдорони онҳоро биёб. Эй Оллоҳ, онҳоро парешон ва пора-пора бикун. Эй Оллоҳ, қудрату бузургии худро ба онҳо нишон бидеҳ. Ба мо тавононии фарогири худро бознамо.” Дар мавриди муносибаташ ба Исроил маълумоти пуртаззод зиёд аст.
15 июни соли 2013 Мурсӣ дар ҳамоиши исломгароён иштирок дошт, ки рӯҳониёни салафӣ ба ҷиҳод бар зидди "кофирон” дар Сурия даъват карданд. Худи Мурси сафорати Сурияро дар Қоҳира баст ва сафирро аз кишвар берун кард.
Баъди боздошт, Мурсӣ ба як қатор ҷиноятҳо гунаҳкор дониста шуд, аз он ҷумла ҷосусӣ ба нафъи ҳизбу ҳаракатҳои исломии хориҷӣ чун Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ҷосусӣ ба нафъи давлати Қатар ва ғайра.
Нозирони байналмилалӣ шароити будубоши Мурсиро дар зиндон ва ҷараёни муҳокимаи ӯро "бераҳмона, зиддиинсонӣ ва пастзанандаи шарафи инсонӣ” меномиданд. Чунин муносибат боиси марги ӯ ҳангоми мурофиа гардид.
https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/2652477611446811
silvenpsp.rusferurezki.ru