ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Наҳзатиҳо ҷузъе аз ДИИШ-анд?
Илова кард: adminn22-10-2019, 21:57Асоси

Тавре маълум, аз 16 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава  ҳамоиши солонаи САҲА оид ба меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар доир гардид. Худи ҳамон рӯзи ҳамоиш бо ном чанде аз намояндаҳои оппозитсиюни тоҷик (дар асл онҳо оппозитсия нестанд), аз ҳузури хеш дар ҳамоиш худситоӣ карданд.

 

Фошгӯиҳои Абдулло Раҳнамо

Чун бо ёвагӯиҳои ин теъдод аз аслбохтаву худобехабару худфурӯш аз азал ошноам, аз сару садобаландкуниҳояшон зуд дарк кардам, ки чунин шеваи гуфтори хашинашон танҳо василаи ором карданиқалби пур аз кину сиёҳи онҳосту бас. Аз сӯи дигар, бояд назди хоҷагонашон ҳар сенту еврои хӯрдаашонро ҳисобот диҳанд ва барои фаъолияти ояндаву грантгирӣ роҳро ҳамвор созанд.

Як тан аз узви мухолифин Шоҳнаими Карим (Кузов) дар суҳбат бо як нафар аз собиқ наҳзатиҳои ба ватанбаргашта изҳор доштааст, ки "Онҳо неруи қавӣ доранд ва танҳо дар ҳолати зарурат метавонанд ҳукумати Тоҷикистонро водор ба музокирот кунанд.” Аз чунин тарзи гуфтори наҳзатии хуношом чун оина рӯшан мегардад, ки ин теъдод аз хуни инсонӣ сернашуда хоҳони дигарбора ба хоку хун кашидани Тоҷикистони биҳиштосоянд. Аммо ғофил аз як чизанд: бо ҳамон шеваи хуношомӣ дар хуни худашон ғалтон хоҳанд гашт. Зеро ҳар кӣ рӯи раҳи дигарон чоҳ мекобад, ногузир худ рӯзе не рӯзе ба чоҳи кандааш сарозер меафтад. Ин гуфтаҳо на пешбиниву пешгӯйӣ, балки аз таҷрибаи талхи гузашта ҳосил шудааст, ки бадхоҳи касон асло ба мақсад нарасад...

Шояд Шоҳнаиму дигар аз роҳбарони наҳзату ҷонибдоронашон, ки дар маҷмӯъ ҳамагӣ 10-12 нафаранд, ба гурӯҳҳои тахрибкори дар Афғонистонбуда – "Толибон”-у бо ном ҷангандаҳои Давлати исломӣ такя доранд?! Бале, дар ин гуфтаҳо ҳеҷ ҷойи шакку тардид нест, зеро ин теъдод аз худхӯрдаҳои худро опозитсияэълонкарда, ки зери домони хоҷагони ғарбиву шарқиашон панаҳ мебаранд, ҷузъе аз Давлати исломиву "Толибон”-анд. Дар маҷмӯъ, ҳар созмону ҳизбу ҳаракатҳои исломии тундраве, ки дар ҷаҳон арзи ҳастӣ доранд, хоҳунохоҳ аз ДОИШ пуштибонӣ мекунанд.

Тири Бен Лодин хок хӯрд

<Чанд сол пеш ҷиҳати иштирок дар яке аз конфронсҳо, ки мавзӯи терроризми ҷаҳонӣ матраҳ буд, сафари Покистон доштам. Баъд аз анҷоми конфронс, як нафар аз таҳлилгари покистонӣ(бо дархости ӯ аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунам), ки аз масоили сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ хуб огаҳ буд, дар суҳбати хосса факти хеле аҷиберо бароям қисса кард: ба андешаи ӯ,нақшаи сохтори Давлати исломӣ ҳанӯз солҳои қаблӣ дар Покистон бо пешниҳоду тавсиаи Усома бинни Лодин тарҳрезӣ гашта буд ва мебоист маркази будубоши ин давлати сияҳкор на дар Сурия, балки дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистонрӯйи кор меомад ва кишварҳои Афғонистону Покистон ва чинҳои уйғурӣ бунёдгузорони Давлати исломиро кумаку дастгирӣ мекарданд. Вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз гашт, аксар хуб огаҳанд, ки дар минтақаи Вахшонзамин ҷангандаҳои Гулбиддини Ҳикматиёрҳамроҳ бо муздуронашон Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳир Юлдошев (шаҳрвандони Ӯзбекистон) роҳбаладу фармондеҳи мухолифин буданд, ки ҳамаро саросар аз дами теғ мегузарониданд. Ҳатто дар он замон нақшаи ҷой додани гурезаҳои тоҷик дар қаламрави Афғонистон ва ҳамчун сипари зинда мавриди истифода қарор додани онҳо миёни сарони наҳзати исломии Тоҷикистон ва Афғонистону намояндаи Усома тарҳрезӣ шуда буд. Воқеаҳои баъдӣ тибқи сенарияи қаблан омодагаштаи наҳзатиҳою хоҷагонашон амалӣ гашт: мардуми минтақаи Вахшонзамин дарёи Омуро убур карда, сарзамини Афғонистонро барои худ паноҳгоҳи бехавф қарор доданд. Собиқ гурезаҳо қисса мекунанд, ки роҳбарону фаъолони наҳзати исломии Тоҷикистонро намояндаҳои Ал-Қоида бо парчами ташкилоти террористӣ истиқбол гирифтанд. Баъдан машқу тамрини ҷангиёни тахрибкори ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар лагерҳои ҷангии Покистон оғоз гашт.

Дар анҷоми гуфтор таҳлилгари покистонӣ шукрона кард, ки бо ибтикор ва ташаббуси Роҳбари давлати тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расиду ҳадафҳои олуда бо ғарази ҲНИ ва хоҷагонашро барбод дод.

Бале, метавон ба ин гуфтаҳои таҳлилгари покистонӣ розӣ шуд. Зеро ҳарчанд мухолифин худро як ҷониби сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд, аммо пайваста аз хоҷагонашон, ки дар сар андешаву афкори таъсису ташкили Давлати исломиро доштанд, дастуру супоришу пулу мол мегирифтанд ва мақсад доштанд то базаву заминаи мустаҳками таъсиси Давлати исломиро дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ кунанд. Воқеан ҳам, мухолифони ношукру носипос замони барқарории сулҳу оштӣ ниқоби сулҳ бар рӯй доштанд ва аз ҳаракату рафтору гуфторашон яқин маълум буд, ки ин тоифа аз бадандеш хайрхоҳи миллату кишвар нестанд.

Мегӯянд, ки забони дузду ғар дароз аст. Кабириву чанд нафарак аз пайравонаш шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук ва сомонаҳои бадбуяшонро ба минбари иғвою дасиса ва таскини қалбҳояшон табдил дода, рӯз то бегоҳ амсоли сагҳои дайдую гургони гурусна фарёду уллос мекашанд. Бале, уллосу фарёди онҳо аз тарси ҷон асту бас!

Дар анҷоми гуфтор, дубора руҷӯъ мекунам ба гуфтаҳои таҳлилгари покистонӣ: Наҳзатиҳо ҷузъе аз қаноти ДИИШ-анд. Пас, агар чунин аст, метавон ба пешниҳоди Абдулло Раҳнамо роҷеъ ба таъсиси платформа ҷиҳати мубориза бо падидаи ифротгаройӣ розӣ шуд. Бовар дорам, ки садои муштараки ҳар шахси хайрхоҳу ватандӯст ҳар гуна мақсаду нияти нопоки бадхоҳонро ҳадафи хок хоҳад кард.

таҳлилгар

бознашр аз рӯзномаи "Тоҷикистон”

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.