ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Мушти обдори амниятиҳо ба даҳони  ифротгарон
Илова кард: adminn9-11-2019, 20:29Асоси

Дар Фаронса воқеаи наҷиб рӯй дод. Кормандони  муҳофизи Пешвои миллат, ки ӯро дар ҳангоми сафар  ҳамроҳӣ мекарданд, ба авбошӣ ва ҷинояткори  аъзои гурӯҳи 24, ки мехостанд, тартиботро халалдор кунанд, мушти обдор заданд. Гуфта мешавад, ки мушти тоҷикӣ ба пешонии ифротгароҳо бисёр вазнинӣ кардааст, ки чанд нафари онҳоро мошини ёрии таъҷилӣ бо худ бурдааст. Аҳсант ва сипос ба ин гуна афсарони амниятӣ.  Ин ҳалқаҳои ҳеҷкораи ҳеҷмадон то ҳамин лаҳза аз касе ҷавобе ва подоше нагирифта буданд ва табиист, ки вақте мушти хуб обутобёфтаи деҳқонии тоҷикро ба пешониашон эҳсос карданд, фаҳмиданд кор то куҷо ҷиддист. Дарк карданд, ки бо ёвасароӣ ва жожгӯйӣ наметавон тамоми умри худро масраф кард. Донистанд, ки ҳар амали нораво подоше дорад ва ин подош дар ин муддати замонӣ бар пешонии онҳо ҳадаф гирифтааст.  Шармандагии аз ин беш намешавад, ки дар ғарибӣ боз аз дасти тоҷики худ бинобар беақливу бетарбиягӣ мушт хурӣ. Ин мушт – мушти холӣ ва танҳо набуд. Он мушти дастаҷамъии тамоми ватанхоҳон аст, ки беадабиро қабул надоранд. Он каҷравони уфтодахотир фаромӯш кардаанд, ки адаб тоҷи сари мардон аст. Ва меҳмон дар куҷое набошад, атои Худованд аст.Ҳадафи мушт беҳуда гурӯҳи 24 намебошад. Ин гурӯҳак, ки аз 3 нафар беш нест, вақтҳои охир ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, ба ном «ҳаракати ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон ва инкишоф» ва ғайра музахрафотро ба дили худ созмон додааст. Фалсафаи вуҷудии ин гурӯҳ мисли афроди онро ташкилнамуда, аз нишонаҳои ҷунунӣ иборат аст. Иштиёқмандон ангушти ҳайрат мезананд, ки то куҷо ҳар тоҷири аз панҷаи қонун фирорнамуда, барои хуморшикании худ, созмонаке ташкил медиҳад ва худро «муборизи роҳи озодӣ» медонад. Ҳоло он ки ҳамин Сӯҳроб Зафар чун иртиботи хонаводагӣ бо Ғаффори «Седой» дорад, аз мактаби хиёнатпешагӣ ва аз пушт ханҷарзаниро нағз омӯхтааст.

Ин нотавонбинон намедонад, ки садоқат ва шоистагӣ ду усулест, ки ҳар давлате бар ин пояҳо устувор ва собит, дурнамои неки худро таъмин мекунад. Ҳамчун пайомади ин каҷравиҳо, чун якеро меҳмони зиндони Тоҷикистону гардонида, дигаре ҳамчун мизбони ҳамешагии боздоштгоҳҳо буда, фаршҳои маҳбасҳои Туркияро фарсуда кардааст. Ин ҳама хиёнат аз орӣ будан аз  арзишҳои инсонӣ: 1) Шоистагӣ; 2) Садоқат мебошад, ки 24иҳо мубтало ба ин дарди бедаъво кардааст.

Аслан, шоҳидони воқеӣ аз гурӯҳи 24 чунин ҳикоя мекунанд. Мақсади аз ҳам пошидани ин гурӯҳ аз он иборат буд, ки Н.Ризоӣ, Ҳ.Ашуров ва Ш.Гадоев бо фиребу найранг ба сари С.Зафар об рехта, бо роҳҳои номашрӯъ худро ба Европа расониданд. Ба иборати дигар, С.Зафарро ҳамчун шахси номатлуб ва ғайриқобили эътимод дар Туркия партофта рафтанд.

Дигар хосияти гурӯҳи 24 дар таваҳумоти исломӣ ва дунявӣ қарор гирифтани ин ташкилот  аст.  Набуди дарки амиқ аз муборизаи сиёсӣ,масъулони ин гурӯҳро маҷбур месозад, ки аз як дар ба як дар ва аз як кишвар ба кишвари дигар дар гурез бошанд. Зеҳнҳои ларзон ва тарсонашон  дар ҳаракати ноҷо ва бемаврид қарор доранд.  Гурӯхи 24 аслан решаҳои амиқ дар тариқатҳои диние дорад, ки бо сиёсат ва муҳити солим душманӣ меварзанд. Рақсҳои ҷунуномез ва сӯфиёна, ки хоси иделогияи ин гурӯх аст, ин аъзои гурӯҳро мафтун кардааст, ки ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд ва яке худро дар Европа ва дигаре дар Туркия ёбанд. Ин аст ҳолати Г24 ва амсоли ӯ. Дар қишлоқи мо мегӯянд, ки  чун қиёмат қоим шуд,  дунё ба охир расид, к..(қофила) ба кӯдак мерасад».


Фирӯз Исломов, таҳлилгар 

                 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.