Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалҳои байни давлатӣ ки фарогири самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роҳандозӣ шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифта баъдан тавассути сафарҳои корӣ ва вохуриҳои сарони давлатҳо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд. Дар замони истиқлолият ки Тоҷикистон ба ҳайси субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва равобити муносибатҳои дипломатиро ба кишварҳои гуногцни ҷаҳон ба роҳ монд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварҳои дигари олам дар танҳоӣ масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии хешро анҷом диҳад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равобити мутақобилаи ҳамешагӣ байни субъектҳои он қарор дорад. Ҳатто абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳон дар робитаву муносибат аз лиҳози иқтисмоӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо кишварҳои дигари ҷаҳон қарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатҳо дар чорчубаи созишномаҳо ва меморандиумҳои ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷониба, ки зимни вохурии сарони давлатҳо ба тавсиб мерасад, амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ки имрӯз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонҳои минтақавӣ аз қабили ИДМ, СҲШ, СПАД, САҲА ба созмонҳои ҷаҳонӣ аз қабили СММ ва зери сохторҳои он дар робитаи ҳамешагӣ қарор дорад ва бо онҳо созишномаҳои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онҳо то ҳанӯз баҳрабардорӣ менамоянд. Сафарҳои Президенти кишвар ҷиҳатҳои муҳими иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дар бар мегирад. Аҳамияти ин сафарҳоро метавон ба тарзи зайл дастабандӣ намуд.
Вобаста ба куллиёти аҳамияти сафарҳои сарвари давлат ба хориҷи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориҷи кишвар ба сиёҳ кардани давлату миллат машғуланд ва дар тамоми фаолияти хеш ҳеҷ амали хуберо барои пешрафти кишвар анҷом надодаанд, аз рӯи ғаразу кина ин сафарҳоро як амалҳои беарзиш унвон мекунанд. Инҳо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиқлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварҳои минтақаву ҷаҳон доштем равобиту муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоиямон ба кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар чи поя буд ва имрӯз дар чи поя қарор дорад ва то чи андоза ин сафарҳо аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоҳад шуд. Танҳо зарур аст ғаразҳоро канор гузорем ва таҳлилҳоро холисона баррасӣ намоем, он гоҳ хоҳем дарк кард, ки ин сафарҳо воқеан барои миллат ва мардуми кишвар ниҳоятан сермаҳсул будаанд.
Эҳсони Илҳом
silvenpsp.rusferurezki.ru