| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Агар шахс мақолаи навбатии пур аз ғарази Ислоҳ нет «Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов»-и Ислоҳ нет-ро хонда бошад, бори дигар мутмаъин мегардад, ки то чӣ андоза ин лонаи чосӯсӣ аз хориҷиҳо химоят мекунад ва пойбанди онҳост. Ба навиштани чунин маводҳо онҳо соҳиби чанд пагон буданашонро ҳамнишон додаанд. Мавзуи сафари Чаноби Олӣ, Президенти кишварамонро баҳона намуда аз «Радиои озодӣ» пуштибонӣ доранд. Гуё, ки Президенти Радиои озодӣ язнаашон бошад ва ҳамзамон дар ин мавзуъ хоҷагони хориҷиашонро ҳам ифшо намудаанд, ки онҳо вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико ва Сафири ин кишвар дарТоҷикистон мебошанд.
Боиси зикр аст, ки вақто, ки мӯҳлати аккредитатсияи хабарнигори "Озодӣ” ба итмом мерасид, пеш аз ҳама наҳзатиҳо ба ташвиш афтода аз тамоми минбарҳо баромад намуда, аз озодии сухан ва ҳуқуку озодиҳои хабарнигорон ҷоғ мезаданд ва акнун, ки он хабарнигорон иҷозати идомаи фаъолиятро гирифта бошанд ҳам, наҳзатиҳо фолбиниҳои худро идома дода истодаанд.
Ислоҳ нет ба мисли он шағолак аз филми тасвирии «Маугли»-ро ба ёд меоварад, ки палангро ҳамроҳӣ намуда, доимо ибораи «мо ба шимол меравем, мо ба шимол меравем»-ро такрор менамояд. Ислоҳ нет бошад Тоҷикистонро аз вакилон ва конгресменҳои амрикоӣ тарсонида истодааст. Гуё Президенти кишварамонро, ки рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар дорад, мушкилиҳои зиёде интизор аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ наҳзатиҳо ба ин андоза бегонапарастанд? Барои чӣ онҳо дар ҳар маврид моро аз Амрикову Аврупо метарсонанд. Магар онҳо тоҷик нестанд ва Тоҷикистон Ватани онҳо нест. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки барои наҳзатиҳо азизтар аврупоиҳо ва амрикоиҳост.
Пеш аз ҷаласаи САҲА низ наҳзатиҳо доира мезаданд, ки акнун намояндагони Точикистон бо мо рубарӯ мешаванд ва бо мо як ба як мешинанду ба саволҳои мо ва САҲА ҷавоб мегӯянд ва ғайраву ҳоказо. Аммо дар натиҷаи ин ҷаласа наҳзатиҳо аз иштирокашон пушаймон шуданд. Кабиру сағири онҳо ба ғайр аз чор ҷумлаи тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон дигар гапе надоштанд. Шармандавор ҷаласаро тарк намуданд. Намояндагони Тоҷикистон бошад бо як сарбаланди ба Ватан баргаштанд.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки наҳзат айни замон як шиор дорад, ки он ҳам бадном сохтани давлату миллати тоҷик мебошад. Дигар ба ягон кор қодир нест ва ҳатто дар байни худ созиш надоранд, чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар онҳо аз ин шиорашон даст кашанд, аз куҷо дар Аврупо зиндагӣ карда метавонанд.
Абдукарим Рашидов