ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, фалокати башарӣ ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишвар
Илова кард: admin8-09-2021, 14:44Асоси

«Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад», — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон илова намуданд: «Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуданд: «Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.