ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ
Илова кард: admin13-06-2022, 10:00Асоси
ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ Рӯзи 25.05.2022с, ба воситаи шабакаи «Ҷаҳоннамо» симои иғвоангезони мардуми Бадахшонро дидаму ба болои нафрату ҳисси андешаҳои нохуш боз як фикри манфии дигаре ба сарам омад: Ношукрӣ: ин ношукрии Холбашу Улфатхоним, Шифо, Муҳаммадбоқир, Алим нисбат ба озодӣ, тинҷӣ, осоиштагии мардуми тоҷик аст. Ношукрии ин гуруҳи дасисабарангез ба ободиҳо, роҳҳои нав, нақбу биноҳои ранги баранг мебошад. Ношукрии ин тоифа ба серию пурии мардум.Ношукрии ин фитнагарон ба он шаҳидонест, ки мазҳабу миллатро аз нестшавӣ, парокандагӣ наҷот доданд. Барои зиндагии имрӯзаи пурсаодати аҳолӣ, барқарорсозии давлати конститутсионӣ ҷон бохтанд. Ношукрии ин ғуломони ҳалқабаргуши зархаридони хориҷ ба он мактаб, донишгоҳ, ки он ҷо соҳиби савод гаштанд, ба ин давлат, ки онҳоро кору вазифа, мансаб дод. Ба ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ карданд, ки онҳоро ҳамин давлату ҳукумат иҷозаю роҳхати фаъолият дода буд. Ношукрӣ ба шири модар, ба волидайн, ки ба ин ҳуқабозон роҳи рост, виҷдони пок, амали некро омӯхтаю васият карда буданд, на найранг, фиреб, иғвоангезӣ, дасиса, ҷангандозӣ, хиёнатпешагӣ, васвасаангезӣ. Яъне онҳо ба ин сарзамини обод, саводу дониш, рутбаҳои генералию майорӣ, устодони худ туф карданд. 20 сол муқаддам ҳамин гурӯҳҳои иғвоангезу мазҳабфурӯш мардуми оддиро ба майдонҳо даъват карданд, ба дасташон яроқ доданд. Аксар манотиқро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтанд. Бештари сокинон алафу кунҷора, хуроки мурғро (корма) тановул менамуданд. Он косалесони давр нисфи мардумро қатли ом карданӣ, мазҳаби ғайрро ҷорӣ карданӣ, ба ташкилотҳои террористию ифротии «Ансоруллоҳ» ДИИШ, Толибон, «Бародарони мусулмон» пайвастанӣ буданд. Тоҷикистонро шабеҳи Афғонистону Ироқ, Либия намуданӣ буданд. Аммо каҷдилон ба муроди дилашон нарасиданд. Ба ҷои сулҳу осоиши бар ивази ҷон ба дастомадаро чун гавҳараки чашм ҳифз кардан, якчанд вақт боз дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Куҳӣ Шерзамоновҳою Муҳаммадбоқирҳо ҷавонони ноогоҳ, мардумро ба майдони нишонию митингбозӣ, гаравгонгирию зуроварӣ таблиғу ташвиқ карданд. Оқибат ба оташкушоию инсонкушӣ, муташанниҷ сохтани вазъ корро бурда расонанд. Кабирию думраваконаш аз шодӣ дар курта намеғунҷиданд. Ҳол он, ки ӯ боре изҳорат дода буд, ки бо сабаби нооромии вазъи ҷаҳон дигар васвасабозию инқилобангезӣ намекунанд. Ин бори аввал нест, ки Кабирию Муҳаммадиқболҳо дуруғ болои дуруғ, фаҳш болои фаҳш мегӯянд, исломи покро дастаку нопок месозанд. Ки медонад шояд як илҳомдиҳандаю аловмонии бадахшониҳои роҳгумзада ҳамин наҳзатиҳои террорист бошанд? Мо намегӯем кулли бадахшониҳо хоҳони ҷангу ҷидол, пайвастан бо толибону ДИИШ- анд. Онҳо намехоҳанд, ки боз воқеаҳои солҳои 90 – ум такрор шаванд, номашон дар таърих ба бадӣ сабт гарданд. Охир, чаро онҳо шукри ин созандагиҳои даврони соҳибистиқлолӣ накунанд? Агар аз 30 соли истиқлолият 19 солаш ба ҷангу ҷидол, кашмакашиҳои дохилӣ, командирсолорӣ гузашта бошад, пас мо дар 11 сол худро ба Амрикову Олмон Швейтсарияву Финляндия,ки ба ободиҳою навовариҳо дар 200- 300 сол комёб шудаанд баробар созем? Хулосаи суханони мо ҳамин аст, ки хиёнат нобахшиданист ва ҳар фарди бадахшонӣ ва ҳар фарди бадаамал ба рафтору кирдораш ҳатман посух гӯяд. НУРУЛЛО ҲАСАНОВ, РӮЗНОМАНИГОР.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.