ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДА, ЯКПОРЧАГИИ ТОҶКИСТОНИ АЗИЗРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ
Бадахшон дар таърих ҳамчун «Боми Ҷаҳон», макони лаълу ёқут ва сангҳои қимматбаҳо ва мардуми он ҳамчун мардуми сарбаланду озодандеш, меҳмоннавозу осоишта машҳуру маъруф аст. Ҳар куҷо, ки сухан дар бораи Бадахшон оғоз шавад, ҳамоно лаъли Бадахшону, зебосанамони ин сарзамин ва мардони ғаюру равшанзамири он пеши назар меоянд.
Мутаассифона, аз рӯйи дасисабозиву тафриқаандозиҳои як гурӯҳ саркардагони велгард имрӯз Бадахшон дар сархати хабарҳо ҳамчун макони ноорому пурмоҷаро ба қалам дода шуда истодааст.
Мо тоҷикон сабақи талхи ҷанги шаҳрвандиро дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дидаем ва хуб медонем, ки дар ин кор аз дасти хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо маншаъ гирифта буд. Пас чаро дигарбора пушаймонӣ хӯрем аз он чизе, ки дигарон пушаймонӣ хурда бошанд? Чаро ҷойи зиндагии осоишта дар ҳалқаи азизону пайвандонро ба ҷангу ҷидол, садои хандаи самимонаи тифлакони хушбахтро дар фазои орому осоиштаи кишвар, танини сулҳу суботро ба садои тиру туфанг ва навҳаи модарони фарзандгумкарда тарҷеҳ диҳем?
Мо амалҳои хоинонаи ин гурӯҳҳои тафриқаандозро маҳкум намуда, мардуми сарбаланди Бадахшон, хусусан ҷавонони ғаюри шаҳри Хоруғро ба якдигарфаҳмию сулҳу суббот даъват менамоем.
Итминон дорем, ки мардуми Бадахшон низ амалҳои нопоки онҳоро маҳкум намуда, барои пойдории сулҳу суббот ва барқарор намудани зиндагии осоиштаи мардум даст ба дасти ҳам дода, якпорчагии Тоҷкистони азизро ҳифз менамоянд.
Салоҳиддин Мирзобаротзода,
раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru