ҲАР КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОНАСТ ЧУ БАРҚ…
Ҳодисаҳои чанд рӯзи охир дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ҳар як шаҳванди солимфикри кишварро ба андеша водор месозад.
Мардуме, ки сабақи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро то ҳол фаромӯш накардааст, чӣ тавр метавонад ба сар задании чунин як нооромӣ роҳ диҳад? Ин ҳақиқат бебаҳс аст, ки низоъ андохтан дар байни мардуми осоишта, ба гирдиҳамоӣ даъват намудани ҷавонони гумроҳ, халалдор намудани вазъи ороми минтақа кори дасти хоинони миллат ва ҷудоихоҳон буда, ин барнома борҳо дар гушаву канори гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ тарҳрезӣ шудааст.
Имрӯз барои ҳар як сокини сайёра маълум аст, ки терроризм ва экстремизм хатарҳое мебошанд, ки ба амнияти ҳар як давлату миллат таъсири ҷиддӣ расонида ба масъалаҳои геополитикӣ сахт тавъам мебошанд.
Замоне фаро расидааст, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳама гуна хатарро ба амнияти кишвар бо бархурди ҷиддӣ қабул намуда, барои пойдории сулҳу суббот ва пешрафту тараққиёти кишвар амалан саҳмгузор бошад.
Ба вуқуъ пайвастани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеҷ як шаҳрванди кишвар, махсусан сокинони сарбаланди Бадахшонро бетараф намегузорад. Он нафарон ва гурӯҳҳое, ки амнияти кишварро халалдор намуда, боиси ба таҳлука андохтани мардуми осоишта мегарданд, халқ ҳеҷ гоҳ онҳоро намебахшад.
Мо боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланд, ҷавонони ғаюру худогоҳи Бадахшон ба фитнаву дасисабозиҳои ин хоинон дода нашуда, даст ба дасти ҳам барои пойдории сулҳу суббот саҳмгузор мегарданд.
Сайрамбӣ Ҷалилова,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод
silvenpsp.rusferurezki.ru